23
Ноябр, 2024
Шанбе
23
Ноябр, 2024
Шанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
ОҒОЗИ ФАЪОЛИЯТ БАЪД АЗ 20 СОЛ
–Мо аз Роҳбари давлату раиси ноҳия миннатдорем, зеро фабрикаи паррандапарварии ноҳияро, ки солҳо бекор хобида буд дубора ба кор дароварданд. Мо духтаракони деҳаи Ҳанатароши ноҳияи Мӯъминобод соҳиби ҷойи кор гаштем. Аксарияти коргарони фабрика бонувонанд, –гуфт Фирӯзаи Маҳмадшоҳ, ки ба назар хеле болидаву қаноатманд мерасид. Дуруст аст охир, ҳамагӣ чанд моҳ пеш ӯ ва духтаракони деҳа бе кор буданд. Баробари ба кор оғоз намудани фабрика бошад, духтарони зиёде соҳиби ҷои кори доимӣ гардиданд.
Мо ба саҳни корхона ворид шудему коргарон иҳотаамон карданд.
Бонуе бо одобу тамкини хоса ба сухан даромада, худро Анорбӣ Наботова муаррифӣ кард.
–Дар оила ҳашт нафарем. Шавҳарам дар муҳоҷират аст. Ӯ на ҳамеша имкон дорад, ки бароямон пул фиристад. Хурсандам, ки дар фабрикаи паррандапарварӣ ба кор қабулам карданд. Моҳе 500 сомонӣ маош мегирам. Дигар дар ҳолати зарурӣ ба касе мӯҳтоҷ намешавам. Моҳонаи мо ба маҳсулнокии корамон вобастагӣ дорад, чӣ қадаре, ки маҳсулот истеҳсол кунему он ба фурӯш биравад, ҳамон қадар моҳонаамон зиёд мешавад, -–гуфт холаи Анорбӣ.
Холаи Суманбӣ, 53 сол дораду ба қавли худаш, то ба фабрикаи паррандапарварӣ ба кор омадани ӯ дар оилаашон касе кор намекардааст. Ӯ имрӯз изҳори қаноатмандӣ аз он мекунад, ки бо соҳиби ҷои кор шуданаш мушкилии молии оилашон каме бароварда шудааст.
– Кош чунин фабрикаву корхонаҳои истеҳсолӣ дар кишвар зиёдтар мешуданду занҳои монанди мо бекор, бо ин баҳона соҳиби ҷойи кор мегаштанд, – мегӯяд Суманбӣ Холова.
ҶСП «Якарча» - и ноҳияи Мӯъминобод 20 сол аз фаъолият боз монда буд. Ҳини сафари корӣ ба ин ноҳия, Сарвари давлат ба масъулину роҳбарияти фабрикаи паррандапарварӣ барои аз нобушавӣ нигоҳ доштани корхона изҳори миннатдорӣ намуда, барои ҷудо шудани ду миллион сомонӣ қарзи дарозмуддат, ба хотири таъмиру барқароркунии он дастуру супоришҳо дод. Ҳамон сол ҳашт сехи фабрика пурра таъмир карда шуд.
Солҳои пеш фабрикаи паррандапарварӣ асосан ба истеҳсоли ҷӯҷа ва тухм сару кор дошт. Имрӯз бошад, корхона самти фаъолияти худро аз рӯйи барномаи Ҳукумати Ҷумҳурӣ ва мувофиқи қарордод бо ҳамкорони эронӣ дигар кард. Корхона пурра ба парваришу истеҳсоли гӯшти парҳезӣ гузашт. Як миқдор тухм аз вилояти Мозандарони Ҷумҳурии ислоии Эрон овардаву парвариш карда шуд.
Муддате бо сабаби манъи воридоти тухми Эрон корхонае, ки нав ба фаъолият шурӯъ карда буд, аз фаъолият боз монд. Роҳбарияти ноҳияву корхона ба андешаи роҳи ҳалли ин мушкилот афтоданд. Масъулин бо мақсади аз кор намондани фабрика аз Ҷумҳурии Қазоқистон тухми мурғи гӯштиро ворид намуданд. Аммо маҳсулнокии ин тухмҳо ба тухми мурғи гӯштии Эрон баробар шуда натавонист.
Корхона бо кӯмаку маслиҳати мутахассисони эронӣ фаъолият мекунад. Дастгоҳу техникаҳои корхона ҳама замонавӣ буда, ҷавобгӯйи талаботи муосиранд. Хушбахтона, воридоти тухми Эрон имконпазир гашту боз тухмҳои Эрон, барои истеҳсоли мурғу гӯшт ба корхона ворид шуд.
Роҳбари ҶСП «Якарча» Давлат Юсупов гуфт, ки корхона имрӯз фаъолият дорад, лекин на бо иқтидори пурра.
– Имрӯз, танҳо ду сехи мо фаъолият мекунанд. Панҷ ҳазор чӯҷа оварда, баъди парвариш ҳамчун гӯшт ба фурӯш баровардем. Аз моҳи август, то моҳи октябр, яъне дар давоми ду моҳ, корхона 33 тонна гӯшти хушсифати перҳезии мурғ истеҳсол намуд. Маҳсулоти корхона дар бозорҳои ноҳияҳои Мӯъминободу Восеъ, шаҳрҳои Душанбеву Кӯлоб ба фурӯш бароварда мешаванд. Дар фабрика зиёда аз 60 нафар кор мекунад, ки 45 нафари онҳоро бонувон ташкил медиҳанд. Дар ҳолати пурра ба кор даромадани корхона имкон ҳаст, ки 100 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ шавад. Барои нигоҳдорӣ ва коркарди гӯшт яхдонҳои муосири олмонӣ харидорӣ намудем.
Барои баровардани чӯҷаи худӣ, барои парвариш кардани модармурғи тухмӣ, мурғи гӯштӣ бо коршиносони эронӣ ҳамкорӣ дорем. Аз эрон 4000 тухми модармурғи гӯштӣ харидорӣ кардаем, ки рӯзҳои наздик онҳо ба фабрика ворид мешаванд ва дигар ба павариши онҳо, то чӯҷаву мурғ шуданашон мушғул мешавем. Ин мурғҳо фақат тухми мурғи гӯштӣ мезоянд, ки корхонаро баъди чанде, пурра аз вобастагии беруна озод месозанд. Ҳар як дона тухми модармурғи гуштӣ имрӯз бо арзиши 30 сомонӣ харидорӣ шудааст. Бо амалӣ шудани иқдоми пешгирифта, корхона метавонад, ба буҷаи ноҳияе, ки 80 фоиз дар дотатсияи давлат қарор дорад, соле наздики ду миллион сомонӣ пул ворид намояд.Арзиши ҳар як мурғи истеҳсоли корхона, ки 2 кг ва гоҳо зиёдтар вазн дорад, 17 сомонӣ муқаррар шудааст. Мушкилоти асосии мо имрӯз таъминоти хӯрокаи парранда мебошад. Корхона ҷуворимаккаро аз бозорҳои шаҳри Қӯрғонтеппа харидорӣ мекунад, ки арзишаш хеле гарон аст. Мо маҳсулотро асосан аз дасти нафарони дуюму сеюм харидорӣ мекунем. Маҳсулоти дигари хӯрокаи мурғи гӯштӣ, ки сов ном дорад, аз хориҷи кишвар оварда мешавад. Дар ҳолати бо тамоми иқтидор кор кардан, корхона метавонад дар як сол 2000 тонна гӯшти мурғ истеҳсол карда, онро ба мардуми ҷумҳурӣ бо нархҳои дастрас пешкаш кунад. Корхона аз бонк ду миллион сомонӣ қарздор аст. Имкон дорад, ки дар рӯзҳои наздик онро пардохт карда, аз ин ба баъд барои фоида кор кунем», –мегӯяд Давлат Юсупов.
Бошад, ки чунин корхонаҳои истеҳсоли худӣ ақаллан дар ҳар ноҳияе яктогӣ фаъол бишаванд. Мо дуогӯем.
Билоли ШАМС
н. Мӯъминобод
:.
Иқтисод
18.01.2012 04:48
2680
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz