Аз шумули бонувон мутахассиси кишоварзист, 45 сол чун агроном дар пешрафти соҳаи хоҷагии қишлоқи вилояти Хатлон нақши шоиста гузоштааст.
- Солиёни зиёд ва шояд тамоми умр дар ину он ҷодаҳои корзор ранҷу заҳмат бояд кашид, то аз худ номи неку корномаи ибратомӯзе барои наслҳои оянда боқӣ гузошта бошем, - аз лаҳзаҳои хотирмони зиндагӣ қисса мекунад Марзия Муродова. - Соли 2006 як қатор хизматчиёни касбу кори гуногун ба хотири қадрдонӣ бо медалу ифтихорномаҳои давлатӣ ба ҳузури роҳбарияти олии кишвар даъват шудем. Баъди он лаҳзаи таконбахше, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як эҳсоси хушнудӣ: «Апаи Марзия, ин шумоед?»- гуфта маро истиқбол гирифтанд, солҳои нахустини фаъолияти меҳнатиам пеши назар омаданд.
Ҳанӯз аз овони таҳсил дар Институти хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон ба хотири ходими илмӣ шудан, устодон хоҳони идомаи таҳсилам дар аспирантура буданд. Аммо дар ман андешаву пешниҳоди падарам ғолиб омад, ки ба хотири фаҳми асрору назокати парвариши зироат ва дигар бахшҳои соҳаи агрономӣ, бояд фаъолиятамро аз хоҷагиҳои кишоварзӣ оғоз намоям.
Соли 1969 баъди хатми донишгоҳ бо роҳхат маро ба ноҳияи Данғара фиристоданд. Фаъолияти меҳнатиро ба ҳайси иқтисодчӣ ва баъдан, агрономи хоҷагии ба номи Ленин оғоз намудам. Давоми ду соли кору пайкор, мани ба қавле духтари мусофир, аз лутфу меҳрубониҳои зодмандони муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар хоҷагии мазкур кор мекарданд, ғами танҳоиву дурӣ аз аҳли хонаводаамонро эҳсос намекардам. Рӯзе он марди Худо дар миёнбандаш бароям нони гарм меовард, рӯзи дигар, бонуи паричеҳрааш бо косаи чакаву ҷурғот ва ё ғизои хушбӯи миллӣ ба суроғам меомад. Маҳз одамияти баланд, хоксорию самимияти дилсӯзонаи ин мардумони дилсоф, дар замири мо – ҷавонон меҳру муҳаббат ба замин ва обу хоки ин диёри биҳиштосоро бедор кард, ки бо мурури рӯзгорон ҳастии худро ба рушду нумӯи соҳаи кишоварзӣ бахшидем.
Баъдан Марзия Муродова панҷ соли дигар ба сифати сариқтисодчии хоҷагии зотпарварии ноҳияи Ленин, ки дар он давра ҳудуди имрӯза ноҳияҳои Варзобу Рӯдакиро дар бар мегирифт, фаъолият намуд. Соли 1975 ӯро ба Мактаби олии ҳизбии шаҳри Тошканд раҳнамун сохтанд. Баъди хатми мактаби олии ҳизбӣ ҳамчун ҷавонтарин сиёсатшинос ба вазифаи котиби якуми кумитаи комсомоли ноҳияи Ленин (ҳоло Рӯдакӣ) интихоб гардид. Дар он солу замон тарғиботи ғояи «Ба сӯи созандагиҳои бузург» аз муҳимтарин самти кори дастгоҳи идеологии Иттиҳоди Шӯравӣ арзёбӣ меёфт, ки неруи корӣ, ба хусус насли ҷавонро барои саҳмгузорӣ дар бунёди бузургтарин иншооти аср ташвиқ менамуданд.
Дар ин миён бинобар эҳтиёҷоти кадрии сохтори кишоварзӣ бо роҳхат Марзия Муродоваро ба симати нозири назорати давлатӣ оид ба харид ва сифати маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ба собиқ вилояти Қӯрғонтеппа (ҳоло Хатлон) фиристоданд.
- Соли 1986 дар баробари ташкили комплексҳои агросаноатӣ (маҷмӯи саноатӣ- кишоварзӣ) дар вилоятҳо ба таври гузариш фаъолияти худро дар раёсати кишоварзии вилоят идома бахшидам. Дар ин муддат аз зинаҳои иқтисодчӣ, агроном ва минбаъд мудири шуъбаи чорводорӣ ва дигар вазифаҳои пурмасъули самти назорати давлатии харид ва сифати маҳсулоти кишоварзии сохтори мазкур фаъолият бинмудам,- ба хотир меорад Марзиябону.
Дар он давра назорати ҷиддӣ аз рӯи тадбиру чораандешиҳо ҷиҳати ислоҳи камбудиҳои мавҷуда, муҳимтарин усули тарбияи мутахассисони ҷавон ва зина ба зина рушду инкишоф ёфтани соҳаи агросаноатии вилоят арзёбӣ мегардид.
Натиҷаҳои фаъолияти гурӯҳҳои тафтишотӣ дар самти назорати сифати маҳсулот, рафти кишту парвариши маҳсулоти кишоварзӣ ва тадбирандешиҳо ҷиҳати беҳтарсозии зоти чорво дар хоҷагиҳои зотпарварии вилоят бармало мушоҳида мегардид. Зеро дар он солҳо санҷишу дигар чораҳои назоратӣ ба хотири ислоҳи камбудиҳо ва маслиҳату роҳнамоии мутахассисон ҷиҳати беҳбудии кор буд. Мутаассифона, солҳои баъдӣ дар баробари аз байн рафтани курсҳои бозомӯзию такмили касбияти мутахассисон, инчунин, мактаби устоду шогирд дар идораву ташкилотҳои соҳаи кишоварзӣ аз байн рафт. Омаду рафти кадрҳои ҷавон ва дигар мушкилиҳо, даврони гузариш ба шакли нави хоҷагидорӣ саноати кишоварзиро коҳиш дод.
Ба умеди рӯзҳои нек ва нишони садоқат ба касб, донишу таҷрибаи дар соҳа андӯхтаашро дар раёсати кишоварзии вилояти Хатлон идома дод.
- Дар раванди гузаштан ба шакли нави хоҷагидорӣ, пеш аз ҳама, замин ба ихтиёри деҳқон дода шуд, ки дар ин замина, сатҳи зиндагии аҳолии деҳот, ки саҳмдорони хоҷагиҳои инфиродӣ мебошанд, беҳтару хубтар гардид. Аз ин лиҳоз, ширкати фаъолу таъсиргузорӣ дар раванди таҷдиди хоҷагиҳои коллективиро аз муҳимтарин даврони фаъолияти меҳнатии худ мешуморам,- мегӯяд Марзия Муродова.
Баъди ба нафақа расидан, ӯро ба сифати нозири шуъбаи кадрҳои комбинати шири шаҳри Бохтар ба ҳамкорӣ даъват намуданд ва ӯ то имрӯз дар ин коргоҳ фаъолият дорад. Хизматҳои шоёнаш дар соҳаи кишоварзӣ бо медалу ифтихорномаҳои давлатӣ қадр шудаанд.
Ҷ. усмон,
шаҳри Бохтар