Оре, Азизмоҳ Маҳмадиева намунаи ибрат барои занону духтарони маҳалли худ, ноҳия ва фаротар аз он буда метавонад. ӯ бо кору рафтору гуфтору пиндори озодонаи худ аз зеҳни мардум андешаи қолабии; «Ҷойгоҳи зан кунҷи хона аст»-ро дур кард. Дар мушкилтарин рӯзҳо вақте деҳқонон аз заҳмати яксолаи замин ба ҷойи фоида қарздор шуда, тарки кори замину диёри худ карда, ба Руссия рахти сафар мебастанд, Азизмоҳ Маҳмадиева барои ташкили хоҷагии деҳқонӣ камари баст. ӯро ҳам мисли дигар хоҷагидорон хатари муфлисшавӣ таҳдид мекунад, аммо натарсид ба 17 гектар заминҳои зери қарзмондаи хоҷагии зери таҷдид қарор гирифтаро чун хоҷагии деҳқонии «Ширин» таъсис дод. Вақте Президенти кишвар масъалаи рушди боғдорӣ ва зиёд кардани боғҳои зардолуро ба миён гузошт, Азизмоҳ аз аввалинҳо шуда, дар 1,5 гектар заминҳои хоҷагӣ боғи зардолу бунёд кард.
– Баъзе хоҷагидорони собиқадор ба мо мегуфтанд, ки зардолупарварӣ дар шароити минтақа даромаднок нест, – ба ёд меоварад апаи Азизмоҳ. – Дар соли чаҳоруми парвариши боғи зардолу саҳмдорони хоҷагии мо боварӣ ҳосил карданд, ки зардолу аз ҳама маҳсулоти сердаромад аст, агар коркарди ниҳолҳоро дуруст ба роҳ монда, меваи боғ сари вақт ба бозор бароварда шавад. Имсол коргарони мо талаб карданд, ки ба ҷойи музди корашон ба онҳо меваю сабзавоту полезӣ диҳем. Агар бунёди корхонаи хурди коркарди мева ба мо муяссар шавад, мо ҳам бой мешавем, – бовар дорад бону Азизмоҳ. Зеро дар бозор афшураи зардолу нисбат ба маҳсулоти хушк ва меваи он чандин баробар нархи баланд дорад. Чанде пеш дар сӯҳбат бо Президенти кишвар, ки ба ноҳияи мо ташриф оварда буд, ин масъаларо матраҳ кардем. Роҳбари давлат хурсанд шуд, ки мо занони деҳот дар корҳои хоҷагидорӣ муваффақ шуда, ҳамакнун моҳияти рушду тараққиёти соҳаҳои хоҷагидорию соҳибкориро дуруст дарк карда истодаем. Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон роҳи дарёфти манбаъҳои маблағгузории чунин лоиҳаҳоро ба ман нишон дод. Иншооллоҳ, баъди анҷоми пахтачинӣ аз пайи бунёди корхонаи истеҳсоли афшураи мевагӣ мешавем. Охир нӯшокию афшураҳоеро, ки бо нархи дучанд аз хориҷ ба кишвари мо ворид мекунанд,он қадар лаззате надоранд. Агар мо корхонаи хурди коркарди меваро сохта ба истифода диҳем, ман ба боварӣ гуфта метавонам, ки мо нӯшокию афшураҳои хушсифату ширинтар аз маҳсулоти воридотиро истеҳсол карда метавонем.
Озодагон
Бо масъулину коргарони хоҷагии деҳқонии «Ширин» ҳамсӯҳбат шуда, суханҳои дар роҳ гуфтаи роҳбалади мо Бибираҷаб Боймаҳмадова ба ёдам омад: «Бону Азизмоҳ ҳар иқдомеро рӯйи даст гирифт, албатта, ба мақсадаш мерасад. Зеро ӯ барои расидан ба орзуву ҳадафҳои худ ҷаҳду талош мекунад, мубориза мебарад. Дар як замоне ниёкони мо бо илму дониш, ҳунару истеъдод ва ҷасорату қавиирода буданашон, дигар қавму миллатҳоро тасхир кардаанд ва оламиён онҳоро миллати озодагон ном мебурдаанд. Ман дар симои Азизмоҳ Маҳмадиева он нишонаҳои бузургони гузаштаамонро мебинам, ки замоне барои башарият фарҳанги озодона зиндагӣ карданро омӯхта буданд. ӯ танҳо роҳбари як хоҷагиест, ки 17 гектар замин дорад, аммо дар тамоми корҳои ҷамъиятии маҳалла ва ноҳия фаъолона иштирок менамояд. Машваратчию роҳнамо ва пешкори маросиму чорабиниҳои занони деҳа аст. Дар бораи ӯ сокинони маҳалла бисёр чизҳоро медонанд, албатта бо ҳамсояву коргаронаш ҳам ҳамсӯҳбат шавед», пешниҳод кард, холаи Бибираҷаб.
Азизи дилҳост
Як сокини кӯҳансоли маҳалла гуфт: Дар бораи ин бону ҳақиқатро мегӯям, ба шарте, ки номамро ифшо накунӣ.
– Агар ҳама хоҷагидорону соҳибкорони маҳаллӣ мисли ӯ қобилияти созандагӣ дошта, занону духтарони хонашинро ба корзор мебароварданд, ё як нафари узви оилаи худро аз муҳоҷират баргардонида, онҳоро дар диёри худ бо ҷойи кор таъмин мекарданд, имрӯз деҳоти мо хуррамшаҳру мардумамон зиндагии афсонавие медоштанд, – гуфт ӯ.
Ҳамсӯҳбати мо аз оилаи худ мисол овард: «Чанд сол пеш писаронам ба муҳоҷирати корӣ рафтанду келинҳо бошанд, дар хона аз бекорӣ доим ҷанҷолу хархаша мекарданд. Дар оилаи мо як муҳити носолим ҳукмфармо буд. Вақте Азизмоҳ хоҷагии деҳқонӣ таъсис дода, келинҳои маро ба кори саҳро ҷалб кард, рафта-рафта ҳаёт дар оилаи мо ранги дигар гирифт.Бонувони хона саргарми кори саҳро шуда, вақти фориғ аз кори саҳро ба тозагию ободонии хона машғул мешуданд. Чанд соли охир мешавад, ки Азизмоҳ дар оиладоркунии ҷавонони деҳа низ пешкор аст. Ин хушомадгӯӣ нест, «каҷ бишину рост бигӯй». Кадом оилаҳое, ки дар хонадоркунии фарзандон аз Азизмоҳ машварат мегиранд, фарзандонашон зиндагии хушбахтона доранд. Ин сухани маро дилхоҳ сокини маҳалла тасдиқ мекунад»,– мегӯяд мусоҳиби мо.
Ӯ маро ба ватан бозовард
Бинобар гуфтаи сокинони ҷамоати деҳоти «Иттифоқ» Азизмоҳ Маҳмадиева барои онҳо намунаи як инсони муборизу ватандӯст аст. Ҳар вақте аҳли деҳа барои муҳокимаи ин ё он масъалаи зиндагӣ сарҷамъ оянд, апаи Азизмоҳ барои ташвиқи мардум ба корҳои созандагӣ ин суханони Президентро ёдовар мешавад: «Биёед аввал аз худ бипурсем, ки ҳар яки мо барои Ватан чӣ кор кардем ва ё чӣ карданием ва нагӯем, ки Ватан барои мо чӣ кардааст».
Ҳамсояҳо ба ёд меоранд, ки вақте ба Азизмоҳ мегуфтем, хоҷагидорӣ мушкил аст, азоб мекашӣ, ӯ бо боварӣ мегуфт: «Хоҷагиро таъсис дода, корамро оғоз кунам, мардакамро аз Русия меорам, такягоҳам мешавад». Мо ин суханҳои ӯро шӯхӣ мефаҳмидем, аммо дар қавлаш истод. Ҳозир шавҳару фарзандонаш сарҷамъ ҳамроҳаш кор мекунанд. Акаи Назир – шавҳари Азизмоҳ низ мегӯяд, ҳамсарам маро аз мардикории Русия ба Ватан овард.
Нархгузории ноодилонаи пахта иродаи «Ширин»-ро намешиканад
Имсол хоҷагидорони ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ барои ҷамъоварии 1 килограмм пахта 40 - дирамӣ пардохт мекунанд. Бонуи Азизмоҳ бошад, заҳмати чинакчиёнро ба инобат гирифта, ба ҳар килограмм пахтаи ҷамъовардашуда 50-дирамӣ пардохт мекунад.
– Мо аз ҳар гектар замини пахта 30-сентнерӣ ҳосил гирифтанием, – мегӯяд ӯ. Харидорон тоннаи пахтаро 730 доллар нарх мондаанд. Агар бо ин нарх пахтаро фурӯшем, танҳо хароҷоти солонаамонро мепӯшонему аз заҳмати яксола фоидае намебинем. Хароҷоти солонаи мо ба ҳар гектар замин 830 долларро ташкил додааст, – мегӯяд бонуи саркор.
Орзуҳои маро ба шаҳри ҳавасҳо бубаред
Зимни сӯҳбат сокинони маҳалла иброз доштанд, ки агар дар замони карахтӣ боғчаи бачагонаи хоҷагиро намефурӯхтанд, имрӯз теъдоди бонувоне, ки хоҳиши дар саҳро кор кардан доранд, ду баробар зиёд мешуд. Мегӯянд, ки роҳбари хоҷагии деҳқонии «Ширин» соле пеш барои онҳо бунгоҳи тиббӣ сохта, ваъда дода буд, ки аз ҳисоби даромади софи хоҷагӣ ба кӯдакони маҳалла боғчаи бачагона ҳам месозад. Имрӯз ҳудуди заминеро, ки дар он бунгоҳи тиббӣ воқеъ аст, дигарон азхуд карда, маълум нест, ки дар оянда тақдири бунгоҳи тиббӣ чӣ мешавад. Бунёди боғчаи бачагонаро бошад, масъулини ҷамоат ба Азизмоҳ Маҳмадиева иҷозат намедиҳанд. Масъулини ҷамоати деҳоти «Иттифоқ» ба ӯ гуфтаанд, ки аз ин пас дар ҳудуди заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, сохтмони ин ё иншоот манъ аст.
– Агар ба ман иҷозат диҳанд, – мегӯяд роҳбари хоҷагии «Ширин», – барои 40-50 нафар кӯдакони синни томактабӣ боғча бунёд намуда, таъмини маоши мураббияҳо, ашёву воситаҳои лозима ва ғизои кӯдаконро аз ҳисоби маблағҳои худӣ таъмин мекардам.
Орзуву нақшаҳои Азизмоҳ Маҳмадиева барои рушди иқтисодӣ-иҷтимоии маҳаллаи худ зиёданд, аммо барои амалӣ шудани онҳо баъзе имкониятҳо, мисли гирифтани иҷозатнома барои оғози корҳои сохтмонӣ аз ӯ вобастагӣ надоранд.
Дар масъалаи беҳдошти шароити кору зиндагии занони деҳа сарвари хоҷагии пешқадами «Ширин» мегӯяд: «Дар тобистони гармо беш аз 30 нафар коргари мо вақти холӣ аз кор, ҷойи истироҳат надоранд. Агар иҷозат диҳанд, ман аз ҳисоби маблағҳои худам барои коргаронам бошишгоҳи саҳроӣ месохтам. Охир бонувони мо дар 40-45 дараҷа гармии тобистон кор мекунанд, лоақал дар вақти чойнушӣ барояшон як соябон лозим аст.
Ӯ лаҳзае хомӯширо ихтиёр кард. Аз нигоҳи ӯ, ки ба дуриҳои дур парвоз дошт, пай бурдан мумкин буд, ки ӯ ояндаи ҳаёт дар деҳаро чӣ гуна дидан мехоҳад. Шумо хонандаи гиромӣ, лаҳзае ин манзараро тасаввур кунед, ки мо дар асри 21 зиндагӣ дорему бонувон – модарони мо, ки барои ояндаи ин миллат фарзанд ба дунё меоранд, лаҳзаи танаффус аз кори вазнини саҳро дар офтоби сӯзони сари замину лаби заҳбурҳо «истироҳат»-и чойнӯшӣ мекунанд. Мисли роҳбари хоҷагии «Ширин» Азизмоҳ Маҳмадиева сарварони зиёде ҳастанд, ки мехоҳанд барои коргаронашон бошишгоҳи саҳроӣ бино созанд. Аммо чӣ ё кӣ монеи онҳо мешавад? Қонун дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ, мутахассисони соҳаи сохтмону заминдорӣ, ё масъулини сатҳи ҷамоатҳои деҳот? Ҳар касе бошад, боре дар саҳро кор накардаасту аз заҳмати кишоварзӣ бехабар аст, вале ин маънои онро надорад, ки инсонҳо ба зиндагии хубу меҳнати инсонвор ҳақ надоранд. Ё не?
Ҷамолиддин Сайфиддинов