Нафари дигари бо Зебӣ ҳамтақдир Гулдаста Шарипова низ дар ду, се бозори ҳудуди ҷамоатҳои ноҳия нишаста, ба хӯрокпазӣ машғул аст. Муддати 10 сол аст, ки зиндагии аҳли оилаашро пеш мебарад. Ҳамроҳи вай низ духтарчааш ва гоҳҳо шавҳараш кор мекунанд. «Бо баста шудани бозорҳои ҳудуди ноҳия мо чи кор мекунем, – мегӯяд ӯ. Аламовар он аст, ки мо танҳо нестем, ба монанди мо 100 ва аз ин ҳам зиёд занонон дар бозорҳои ҳудуди ҷамоатҳои ноҳия фаъолият мекунанду зиндагии аҳли оилаи худро пеш мебаранд. Шавҳаронашон ё дар муҳоҷирати меҳнатианд, ё дар шаҳри Душанбе ба мардикорӣ машғуланд. Қисамти зиёди онҳо аз шавҳар баромада, бо фарзандони худ дар хонаи падаранду ба бозоршинӣ машғуланд. Ҳукумати ноҳияи Восеъ бошад, ба ҷои дастгирӣ ва кӯмак кардан ба сокинони ноҳияи худ баръакс бозорҳои ҳудуди ҷамоатҳои ноҳияро бастааст. Ин маънои онро дорад, ки моро аз ҷойи кориамон маҳрум карданд».
Нисбати ҳамин қазия раиси дастгоҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ Абдураҳим Толибов мегӯяд, ки «Мо дар асоси пешниҳоди идораи МНДС, раисони ҷамоатҳои деҳот, мудири маорифи ноҳия, кумитаи ҳифзи табиати ноҳия ва идораи бойтории ноҳия бозорҳои ҷамоатҳои ҳудуди ноҳияро, ки ҳар кадоме дар як ҳафта як рӯз фаъолият мекард, бастем. Дар ҳудуди ҷамоатҳои ноҳияи Восеъ ғайр аз бозорҳои марказии ноҳия ҳафт бозори дигар фаъолият мекард. Бозори «Ҳулбук» дар деҳаи Қурбоншаҳид, ҷамоати Гулистон, рӯзи ҷумъа фаъолият мекард. Бозори «Гулистон»- и деҳаи Гулистони ҷамоати деҳоти Гулистон, танҳо як рӯзи якшанбе фаъолият мекард. Бозори «Тугарак» -и деҳаи Тугарак, ҷамоати деҳоти Тугарак, танҳо рӯзи шанбе фаъолият мекард. Бозори «Тосқалъа» -и деҳаи Тосқалъаи ҷамоати деҳоти Арал, рӯзи панҷшанбе фаъолият мекард. Боз ҳамин хел ду бозори дигар, яке дар деҳаи Қайнар, ҷамоати Пахтаобод ва бозори Кадучӣ дар деҳаи Кадучӣ, ҷамоати Пахтаобод дар як рӯзӣ фаъолит мекарданд. Ҳамчунин, бозори Раҳмонбердии деҳаи Раҳмонбердии ҷамоати Пахтакор дар яке аз рӯзҳои ҳафта фаъолият мекард. Аз ҳафт бозор се бозораш дар давоми 10 соли фаъолият иҷозатномаи истифодаи заминро надоштааст. Инчунин шароити дурусти савдо барои фурӯшандагон надоштанд. Ду бозори ҷамоати деҳоти Пахтаобод ва як бозори ҳудуди ҷамоати деҳоти Пахтакорро метавон мисол овард. Мо пурра фаъолияташонро манъ кардем. Бозорҳои боқимондаро бошад, танҳо дар рӯзи якшанбе иҷозати фаъолият кардан додем». Ба суоли он ки дар як ҳафта дилхоҳ савдогари дар бозорҳои ноҳия савдо мекарда, на камтар аз чор рӯзи корӣ дошт ва ризқу рӯзии аҳли оилаашро меёфту дар чунин ҳолат бошад, се рӯзи кории ӯ дар як ҳафта кам мешавад, чӣ мегуед, ҷавоби аниқ надод.
Дар масъалаи бо пешниҳоди мудири маориф будани баста шудани бозорҳо бошад, мудири идораи маорифи ноҳия М.Давлатёров посух дод, ки дар мактуби пешниҳод кардааш нагуфтааст, ки бозорҳои ҳудуди ҷамоатҳои ноҳияро бубандед. «Ман танҳо ишора кардам, ки нозирони минтақавии ШКД, раисони ҷамоатҳо ва роҳбарони бозорҳое, ки дар ҳудуди ҷамоат кор мекунанд, дар рӯзҳои дарсӣ мактаббачаҳои ҳамон деҳа ва атрофашро ба бозор роҳ надиҳанд», – мегӯяд вай.
Муовини раиси ҷамоати деҳоти Гулистон Сокинамоҳ Одинаева бошад, мегӯяд: «Мо нагуфтаем, ки бозорҳои ҳудуди ҷамоати моро бубанданд. Агар ҳолати санитарӣ ва дигар шароит ҷавобгӯи талаботи қонунҳои мавҷуда бошанд, мо тарафдори фаъолият кардани бозорҳо дар ҳама рӯзҳо ҳастем».
А. Маҳмадкарим, раиси яке аз бозорҳои калонтарини минтақаи Кӯлоб - «Ҳулбук» мегӯяд, ки «Ҳар рӯзи ҷумъа аз минтақаи Кӯлобу Қурғонтеппа ва шаҳри Душанбе ба ин бозор савдогарону харидорон меоянд, 70-80 фоизи фурӯшандагони бозори моро занҳо ташкил мекарданд. Бо чунин ранг гирифтани кор бонувон чи кор мекарда бошанд, намедонам. Чандин нафарашон ба ман оиди ҳамин масъала муроҷиат карданд. Ман ба онҳо гуфтам, ки инро аз ҳукумати ноҳия рафта фаҳмед».
Аз як нафар шиносам фаҳмидам, ки рӯзи 2 декабр, ки ба рӯзи ҷумъа рост меояд, фурӯшандагони бозор аз ноҳияи Восеъ ва дигар ноҳияҳо барои фурӯш ба ин макон омаданд ва ҷойҳои худро соҳиби кардаву ба савдо машғул шуданд. Ҳамин вақт кормандони ШКД ба он ҷо ҳозир шуда, хостанд онҳоро пароканда кунанд. Қисме аз онҳо пароканда шуданд, қисме дар канори роҳи калони мошингарди Кӯлоб – Душанбе – Помир истода, муддате чанд роҳро бастанд.
БИЛОЛИ ШАМС