Вақтҳои охир дар Бадахшон дар хонасозӣ санги мармар ба таври фаровон истифода мешавад. Бо варақаҳои мармари сафед ва рах-рах рӯйи хонаҳо ва саҳни ҳавлиҳоро ороиш медиҳанд. Ҳар чи бештар бо омехтаи семент ва хокаи мармари сафед андова намудани биноҳо муд мешавад. Ба гуфтаи геолог Хуҷам Хусравов нахустин таҷрибаи ороиши бино бо андоваи махсуси аз хокаи мармар тайёршуда дар сохтмони бинои таълими Донишгоҳи Осиёи Марказӣ истифода гардида, сохтмончиён хокаи мармарро бо нархи гарон аз шаҳри Уши Қирғизистон оварданӣ шуданд. Аммо мутахассисони маҳаллӣ исбот карданд, ки хокаи мармари Бадахшон аз лиҳози сифат баланд ва арзонтар аст. Вале вазъи истеҳсолу коркарди мармар дар Бадахшон ташвишовар аст. Ҳол он ки истихроҷи мармар, яке аз сангҳои ороишӣ дар Бадахшон, дар солҳои аввали 80-уми асри гузашта шурӯъ гардид. Дар заминаи калонтарин кони мармари Даштаки ноҳияи Ванҷ корхонаи сайқалдиҳии мармар ба кор даромад. Маҳсулоти ороишӣ барои сохтмон ба талабгорони сершумор дар ҷумҳурӣ ва берун аз он фиристода мешуд.
Бо назардошти бозоргир будани маҳсулоти корхона ва афзоиш додани тавлидоту баланд бардоштани сифати мол дар он таҷҳизоти итолиёвии суфтакунӣ ва сайқалдиҳии мармар насб гардиданд. Аммо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ бинои корхона ва таҷҳизот хароб ва аз бебарқӣ истихроҷи мармар куллан қатъ шуд.
Ахиран як ширкати ватании «Хрустал» дар ҳамкорӣ бо мутахассисони иронӣ истихроҷи мармарро дар кони Даштаки Ванҷ аз сар гирифт. Аммо ба иттилои шӯъбаи иқтисоди мақомоти вилояти МКБ дар қиёс бо солҳои давраи рушди корхона миқдори хеле ками мармар, яъне фақат ба андозаи 5 дар сади иқтидори пурра маҳсулот истеҳсол мегардад. Ба гуфтаи мутахассисон, агар дар солҳои қаблӣ мармар бо усули таркондан ба даст меомад, ҳоло ашёи хом бо усули бурриш истеҳсол мешавад ва аз тахрибкорӣ ҷилавгирӣ мешавад.
Ба ғайр аз ороиши биноҳо бештари навиштаҳои рӯйи мазорҳо ҳам дар санги мармар ҳаккокӣ мешаванд. Мармари Бадахшон дар ҳайкалтарошӣ низ истифода мешавад. Муҷассамаи Носири Хусрав, ки дар чашмаи Носир воқеъ дар маҳалли Поршиневи ноҳияи Шуғнон гузошта шуд, аз мармари Даштак тайёр гардидааст. Муҷассамасоз Арутунян зимни сӯҳбат гуфт, ки суфта намудану ба шакл даровардани мармари сахти Бадахшон хеле душвар ва заҳматталаб аст, аммо асари аз он тавлидшуда мустаҳкам ва абадӣ мемонад.
Дар Бадахшон ба ғайр аз мармари Даштаки Ванҷ ҳамчунин конҳои ин санги ороишӣ дар навоҳии Роштқалъа ва Ишкошим кашф шудаанд. Кони мармари сиёҳи Ишкошим аз ҷиҳати захира калонтарин маҳсуб мешавад.
Дар як нишаст марбут ба рушди устувори Бадахшон, ки дар маркази вилоят баргузор гардид, гуфта шуд, ки танҳо барқарор намудани иқтидори пурраи корхонаи сангсуфтакунии мармари Ванҷ метавонад, ба буҷа дар як сол то ҳудуди 12 миллион доллар даромад ворид кунад.
Ш. МирзоҷаМол