Таҳкурсии дониш хароб аст
Мавзӯи ин матлаб на ифшои вазъият ва шароити таълим дар мактабҳо, балки пешниҳоди роҳҳои баровардани ҷомеа аз гирдоби то рафт пурпечутоби бесаводист. Акнун коҳиш ёфтани сифати таълим дар мактабҳои деҳот, дигар як сухани содда нест, ки онро бо далелу арқоми оморӣ инкор карда шавад. Вақте ин мавзӯъ матраҳ мешуд, як модари деҳотӣ гуфт: «Чаро аз заминҷунбӣ дар Қумсангири мо садҳо адад манзилҳои мардум фурӯ рафтанд? Зеро ин манзилҳо таҳкурсии хуб надоштанд. Таълими синфҳои ибтидоӣ ҳам бунёди таҳкурсии дониш дар зеҳни кӯдакро мемонад. Аз ин рӯ, набояд омӯзгорони ҷавону бе маълумоти олӣ ба синфҳои ибтидоӣ дарс бигӯянд».
Аз сӯҳбат бо омӯзгорони хатлонӣ чунин як хулоса пайдо мешавад, ки барои пешгирӣ аз бесаводӣ системаи таълиму тарбия ниёз ба як табаддулоти ҷиддӣ дорад. Ба андешаи омӯзгорони деҳа ислоҳотро дар соҳаи маориф бояд аз поён ба боло бояд оғоз кард.
«ДАР БИСЁР МАКТАБҲО ТАЪЛИМИ СИНФҲОИ ИБТИДОИРО БА ОМӮЗГОРОНИ ҶАВОН МЕДИҲАНДУ ДАРСҲОИ СИНФҲОИ БОЛОИРО БА ОМӮЗГОРОНИ СОБИҚАДОР»
Иштибоҳе решаи бесаводӣ
Санавбар Алимова – омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии рақами 6, ноҳияи Қумсангир, бовар дорад, ки агар омӯзгорон фидоии касби худ бошанд, мушкилиҳои иҷтимоӣ монеъи сифати таълим шуда наметавонанд. Ним аср пеш,– ба ёд меорад ӯ, – идеяи омӯзгорони ҷавон садоқат ба Ватан буд. Мо насли он замон барои соҳиб шудан ба номи пурифтихори муаллимӣ, ҳатто масоили оилавиро дуввуминдараҷа меҳисобидем. Имрӯз дар бештари мактабҳо таълими синфҳои ибтидоиро бар дӯши омӯзгорони ҷавон мегузоранд, ки ин иштибоҳи бузург аст. Мо дар ҷавонӣ соати дарсии кам мегирифтему бештар бо роҳи бозомӯзӣ ва иштирок дар дарсҳои муаллимони собиқадор таҷрибаи кор меандӯхтем. Ҳоло чӣ?
Мушкили дигари соҳа ин аст, ки имрӯз бори таълим бар дӯши бонувон афтодааст. Бонуи омӯзгор, ки дар оила низ масъулияти зиёдро бар дӯш дорад, дар мактаб дар ду баст таълими босифат дода наметавонад. Шабона ҳам то кӯдак ва ҳатто шавҳарашро хоб набарад, зан бароҳат дарс тайёр карда наметавонад. Акнун тасаввур кунед, ки муаллимаи деҳотӣ чӣ қадар вақт барои дарстайёркунӣ ва чанд соат барои хобу истироҳат дорад?
Ин боз дар ҳолест, ки аксари омӯзгорон чи зану чи мард барои дарёфти қути лоямут ё ҳадди аққал барои ғӯзапоя шуда, замини пахта доранд, ё гандуму обчакорӣ ва боғдориву деҳқонӣ ҳам мекунанд. Пас, вақте мо бунёди ҷомеаи солим мегӯем, бояд пеш аз ҳама реҷаи кору зиндагии зан - модарро ба танзим дарорем.
Чаро аз насли имрӯз Мавлавию Сино намебарояд?
Назари алтернативии насли ҷавон дигар аст. Масалан, Мадина Балхиёрова – омӯзгори ҷавони ҳамин мактаб мегӯяд, ки барои омӯзгорони ҷавон дар ду баст кор кардан мушкилӣ надорад: «Албатта хонандагони синфи якумро, ки акнун хома ба даст мегиранду ба ҳарфҳо шинос мешаванд, таълим додан кори осон нест. Ман, ки дар оилаи омӯзгор тарбия ёфтаам, ошиқи ин касбам, дар ду баст таълим додан бароям вазнин нест. Рӯзона ба таълими насли наврас машғуламу шабҳо ва субҳи барвақт ба бозомӯзӣ машғул мешавам». Ба гуфтаи Мадина коҳиш ёфтани сифати таълим ду сабаб дорад, ё омӯзгор шавқи дарсдиҳӣ надорад ё хонанда орзуи донишандӯзӣ. Нухбагони миллати мо дар замони худ на шароити илмомӯзӣ доштанд, на устодоне, ки ҳар рӯз ба онҳо илм омӯзанд. Толиби илм, ки буданд, асрори кайҳонро ҳам кашф карданд.
Услуби таълими шӯравӣ кӯҳна шудааст?
Гулнора Авезова, омӯзгори фанни физикаи гимназияи давлатии ноҳияи Ҷилликӯл ба он бовар аст, ки услуби нави таълим шавқи наврасонро ба илмомӯзӣ зиёд мекунад. Ман таълимро бо усули гурӯҳбандӣ ба роҳ мондаам, мегӯяд муаллима – Гулнора. Дарсро аз мавзӯи нав оғоз карда, тариқи тестӣ саволу ҷавоб ташкил мекунам. Бо гурӯҳҳо ҷудо кардани хонандагон имкон медиҳад, ки агар як гурӯҳ машғули ҳалли масъала шаванд, гурӯҳи дигар ба саволҳо шифоҳӣ ҷавоб медиҳанд. Дар рафти мубоҳисаи хонандагон муаллим вақт дорад, ки иштироки хонандагон ва мавзӯи навро дар маҷаллаи синфӣ қайд намояд. Дар вақти таълим бо усули кӯҳна 5-7 дақиқаи дарс барои пур кардани маҷаллаи синфӣ сарф мешавад. Усули нави таълим имкон медиҳад, ки хонандагон дарсро аз забони якдигар азхуд кунанд. Азбаски шогирдон аз натиҷаи кори гурӯҳӣ баҳо мегиранд, хонандагони фаъол ба бачаҳои сустхон кӯмак мерасонанд.
Зулфия Алимова, омӯзгори ҷавони гимназияи мазкур иброз медорад, ки дар шароити имрӯзу чанд соли дигар касби омӯзгорӣ аз мо сабру таҳаммули бештарро талаб мекунад.
«АСАБИ ОМӮЗГОРРО МУШКИЛИ ИҶТИМОӢ ХАСТА МЕКУНАД, НА ДАР ДУ БАСТ КОР КАРДАН»
Новобаста ба тағйир ёфтани маънавиёти ҷомеа ва аз байн рафтани баъзе арзишҳо, муаллим меъмори рӯҳи инсон боқӣ мемонад. Омӯзгори содиқ ба Ватан он аст, ки дар баробари донишандӯзии насли наврас инчунин меҳру муҳаббат ба касби муаллимиро дар дили хонанда пайдо кунад. Зеро барои ояндагон низ омӯзгорони содиқу хидматгузори илм зарур аст. Мегӯянд, ки омӯзгорон дарси зиёд нагиранд, ки сифати таълим коста мешавад. Аммо сабаби дар ду баст кор кардани мо ин аз норасоии омӯзгорон мебошад. Сабаби дигар ин аст, ки дар муҳити деҳа бо маоши як басти корӣ зиндагӣ кардан мушкил аст.
Робитаи хона бо мактаб канда шудааст
Ба гуфтаи Садафмоҳ Бердиева, омӯзгори литсей-интернати кӯдакони болаёқати ноҳияи ба номи Абдураҳмони Ҷомӣ сол то сол талабот ба таъсиси мактабҳои типи нав дар деҳот зиёд шуда истодааст. Зеро маънавиёти хонандагони солҳои 80-умро театру китобхона пур мекарду маънавиёти насли имрӯзаро бошад, интернет, шабакаҳои радио ва телевизионҳои ҷаҳонӣ фаро гирифтааст. Насли имрӯз хонандаи ороми замони Шӯравӣ нест, ки 45 дақиқа муаллимро тоқат карда, фақат гӯш карда, то муаллим саволаш надиҳад, хомӯш нишинад. Яъне гузаштан ба усули интерактивии таълим муҳим ва ҳатмист. Омодасозии мутахассисони болаёқат беҳбудӣ мехоҳад. Зеро шароит тақозо мекунад, ки омӯзгори имрӯз эҷодкору навовар бошад.
Дар замони мактабхонии мо шароитҳои хуби илмомӯзӣ набуд, – мегӯяд Фотима Холматова, омӯзгори ҷавон аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ. Мо барои омӯзиши компутер рӯзҳо навбат меистодем. Имрӯз бошад ба ҳар 5-6 хонанда як компутер рост меояд. Барои расидан ба ҳадафҳои пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон дар самти беҳдошти сифати таълим дар мактабҳои деҳот, даҳсолаҳо вақт лозим аст, агар ҳамин мӯҳлатро ҳам оқилона истифода бурда тавонем.
Бояд гуфт, ки имрӯз робитаи оила бо мактаб суст шудааст. Шароити кунунии бештари оилаҳои деҳот, ки мардон дар муҳоҷирату тарбияи фарзанд пурра ба ӯҳдаи модар мондааст, тақозо мекунад, ки занони деҳот соҳиби маълумоти олӣ бошанд.
«АЗ РӮЙИ МАЪЛУМОТҲОИ САРРАЁСАТИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН АЗ 30 ҲАЗОРУ 939 НАФАР ОМӮЗГОРИ МАКТАБҲОИ ТАҲСИЛОТИ УМУМИИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН 13 ҲАЗОРУ 547 НАФАРИ ОНҲОРО БОНУВОН ТАШКИЛ МЕДИҲАНД. АЗ ТЕЪДОДИ УМУМИИ ОМӮЗГОРОНИ ВИЛОЯТ 57% ОНҲО ДОРОИ МАЪЛУМОТИ ОЛӢ МЕБОШАНД. АЗ ҲИСОБИ 13 547 БОНУВОНИ ОМӮЗГОР БОШАД, 60% МАЪЛУМОТИ ОЛӢ ДОРАНД»
Зеро аз ҳамин вазифаи таваллуд, тарбияи фарзанд ва саришта кардани масъалаҳои оила дида масъулияти ҷиддитаре дар зиндагӣ нест! Имрӯз ҳукумат дар ҳалли ин масъала бо рӯйи даст гирифтани Барномаи давлатии «Баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа» гиреҳи аввалро кушодааст. Аммо баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа аз таъмини ҳуқуқҳои онҳо дар оила оғоз меёбад. Дар ин ҷода мо фарҳанги солими муносибати байни марду занро дар оила касб накардаем. Бонуи омӯзгоре аз ҳаёти оилавии худ ин мисолро овард: «Ман омӯзгору шавҳарам ҷонишини сардори як идораи давлатӣ аст. Гоҳҳо ман баъди шавҳарам аз мактаб ба хона меоям. Агар ман мард мебудам, вақте аз зан барвақттар ба хона омадам, сабзавоту дигар маҳсулоти лозимаро барои пухтани хӯрок тайёр мекардам, аммо шавҳари ман роҳи маро интизор менишинад, ки кай ман омада, барояш ғизо тайёр мекунам. Баъзан ҳазл ҳам карда мегӯяд: «Ҷоно, намешавад, ки барои кори хона ҳам котиба биёрам».
Лутфия Роибова – ҷонишини сардори сарраёсати маорифи вилояти Хатлон мегӯяд, ки: «Дар соли хониши имсола бояд 1742 нафар хатмкунандагони мактабҳои олии омӯзгорӣ барои кор ба мактабҳо меомаданд. Аммо аз ин теъдод 1079 нафар мутахассиси ҷавон ба ҷойи кор ҳозир шудаанду 663 нафари онҳо мактаби олиро хатм кардаанду аммо ҳамчун омӯзгор кор кардан намехоҳанд. Ба гуфтаи манбаъ ин теъдод хатмкардаҳо бояд товони 5 соли таҳсил дар муассисаҳои олиро пардохт кунанд».
Ба гуфтаи масъулин, айни замон дар вилояти Хатлон 479 нафар омӯзгор намерасад.
Хулоса, воқеият тақозо мекунад, ки эътироф бисозем, ки баланд бардоштани сифати таълим дар деҳот ба мавқеи зан дар оила ва саводнокии онҳо вобастагӣ дорад. Зеро устоду мураббияи аввалини инсон зан-модар буда, маълумоти олӣ доштанаш муҳим ва зарур аст. Ё роҳи дигар вуҷуд дорад?
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ
P.S. Суоле ба Вазорати маориф: «Журнали синфро «Маҷалла» тарҷума кардан хато нест?»