Хоҷамуъмин, воқеан нигини Хатлонзамин аст. Ин кӯҳи бузурги намак, на танҳо ёдгории беназири табиӣ ва ҷойи сайру тамошо, балки неъмати бебаҳо, боигарии беохир ва макони файзу баракатрез дар Тоҷикистон аст.
Хоҷамуъмин миёни ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ ҷойгир буда, таърихи куҳан дорад. Бо вуҷуди ин, мутаассифона, ҳанӯз ҳам он ба таври бояду шояд омӯхта нашудааст. Сарчашмаҳои хаттӣ низ дар бораи ин кӯҳ чандон маълумоти муътамаде намедиҳанд. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ, ки дар асари машҳураш “Қонуни Масъудӣ” ишора кардааст, ин кӯҳро дар гузашта Меғатон ном мебурдаанд. Сайёҳон ва ҷаҳоннавардони дигаре, ки аз Хуталони куҳан гузар кардаанд, ин фикрро тасдиқ менамоянд. Вале баъдтар бо сабаби хеле зиёд нуфуз пайдо кардани дини Ислом кӯҳи мазкур номашро ба Хоҷамуъмин иваз мекунад.
Хоҷамуъмин имрӯз ба ҳайси ёдгории беназири табиӣ шинохта шудааст. Он дар баробари ёдгории табиӣ будан, боз манбаи муҳими маводи ғизоӣ низ маҳсуб меёбад, ки маҳз бо ин ҷиҳаташ моҳияти бештари иқтисодиро соҳиб аст.
Ин кӯҳи бузург яке аз калонтарин конҳои намаки ҷаҳон буда, имкон дорад, ки мардуми оламро тӯли беш аз 400 сол бо намаки тозаи ғизоӣ таъмин намояд. Аз рӯи гуфти коршиносон захираи намаки ин кон ба 40 – 50 миллиард тонна мерасад. Аз ин бармеояд, ки дар ин ҷо боигарии азиме нуҳуфтааст ва мо, тоҷикон бояд ин неъмати бебаҳоро самаранок истифода намоем.
Қимати дигари ин кӯҳ дар он аст, ки он боз метавонад ба ҳайси макони зебо ва тамошобоб барои сайёҳон ва ҷаҳонгардон хизмат намояд. Кӯҳи Хоҷамуъмин воқеан ҳам ҷои зебо ва тамошобобест. Сайёҳон ин гуна маконеро, ки аз тамошояш лаззати бисёр бурдан имкон дорад, дӯст медоранд. Ғайр аз ин, дар доманаву нишебиҳои кӯҳи Хоҷамуъмин бештар аз 160 чашма мавҷуд аст. Оби ин чашмаҳо, ки аз кӯҳи намак метарованд, агарчи шӯранд, вале хосияти шифобахӣ доранд.
Маҳз дар ин гуна ҷойҳо метавон осоишгоҳҳо ва шифохонаҳоро ба вуҷуд овард. Зеро аз рӯи гуфти мутахассисони тиб, оби ин чашмаҳо ҳамагӣ табобатиянд ва бемориҳои гуногунеро метавонанд табобат намоянд. Аз ҷумла, касалиҳои пӯстро, ки табобаташон хеле мушкил аст. Аммо Хоҷамуъмин, ки ҳамчун бузургтарин кони намаки олам эътироф шудааст, имрӯз метавонад барои ба гардиш овардани чархи иқтисоди Тоҷикистон таъсиргузор бошад ва дар беҳбуд ёфтани зиндагӣ ва рӯзгори сокинони ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ, ки дар шафати ин кони азим рӯз мегузаронанд, таъсири амиқ гузорад.
Маҳз дар даврони истиқлолият, ҷиҳати истифодаи самараноки ин манбаи азими ашёи хом дар ноҳияи Восеъ гомҳое бардошта шудаанд ва барои ба таври фаровон истеҳсол намудани намак корҳое ҳам анҷом ёфтанд. Ҳамин гуна иқдому тасмимҳо дар қисмати ба ноҳияи Ҳамадонӣ тааллуқдошта низ рӯи кор омадаанд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Восеъ се коргоҳи истеҳсоли намак ва дар ноҳияи ҳамсоя низ ҳамин миқдор коргоҳҳое пайдо шудаанд, ки бевосита ба истеҳсоли намак машғуланд. Чунончи, се коргоҳе, ки дар ноҳияи Восеъ ба истеҳсоли намак машғуланд, соли 2020 11676 тонна намак истеҳсол намуданд ва аз ин миқдор 747 тонна маҳсулоти хушсифташро ба хориҷи кишвар содир намуданд.
Агар дар ноҳияи Ҳамадонӣ низ ҳамин миқдор маҳсулот истеҳсол шуда бошад, пас маълум аст, ки ин дар қиболи он ҳама имкононоти табиие, ки ин манбаи азими ашёи хом дар худ дорад, ҳанӯз кам ва ночиз аст. Зеро захираҳои намаки ин кон хеле зиёд буда, чунон ки дар боло қайд кардем, ба даҳҳо миллиард тонна мерасад. Аммо маҳсулоте, ки имрӯз аз ин захираи бузург истеҳсол мешавад, воқеан, хеле ночиз аст.
Шояд бисёриҳо ба он назаранд, ки маҳсулот, яъне намаки ошӣ харидор надорад, ки барғалат аст. Зеро намак яке аз маҳсулоти асосии истеъмолист ва ҳеҷ чизи дигаре наметавонад ҷойи онро иваз намояд. Аз ин рӯ, он ҳамчун маҳсулоти зарурӣ ва якумдараҷа қимати худро ҳеҷ гоҳ аз даст намедиҳад.
Аз рӯи гуфти мутахассисони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Восеъ, имрӯз дар шафати ин кон се коргоҳ фаъолият менамояд, ки ҳамагӣ ҷамъиятҳои саҳҳомиянд ва имконоти маҳдуди молиявӣ доранд. Ин корхонаҳо маҳсулотеро коркард ва истеҳсол менамоянд, ки асосан дар шакли табиӣ вуҷуд доранд ва барои ҷамъоварии онҳо заҳмати зиёде лозим намешавад. Яъне, маҳсулотеро, ки ин корхонаҳо истеҳсол мекунанд, намакҳои такшиншудааест, ки аз чашмаҳои кӯҳ метарованд. Хизмати ин корхонаҳо аз он аст, ки ин обҳои шӯрро дар ҳавзҳои калон нигоҳ медоранд ва баъд аз хушк шудани об, намакашро ҷамъоварию коркард намуда, ба маҳсулоти ғизоӣ табдил медиҳанд. Танҳо дар дохили ҶСК «Хоҷамуъмин» боз коргоҳи хурде барои истеҳсоли хокаи ҷомашӯӣ низ фаъолият менамояд.
Набояд фаромӯш кард, ки иқтисоди бозаргонӣ қонуниятҳои худро дорад. Маҳсулотҳои бесифат ба бозорҳои калон роҳ намеёбанд, ҳарчанд ки муҳим ва серистеъмол ҳам бошанд. Зеро маҳсулоти сифатнок ҷойи онҳоро танг карда, ҳузури онҳо истисно менамояд. Агар имрӯз намаки Хоҷамуъмин ба бозорҳои калон роҳ наёфта бошад, пас ин иллатро бояд дар сифати он ҷустуҷӯ намоем. Агар сифаташ хуб аст, айб дар ҷои дигар аст.
Дар ҳар сурат, мебояд ба ин масъала ҷиддӣ нигарем. Дар мавриди ба таври густурда ба роҳ мондани истеҳсоли намак, ба кор андохтани коргоҳҳои бузург дар атрофи ин кони азим, ҳалли масъалаи хеле муҳим, яъне бо шуғли доимӣ таъмин намудани сокинони ин ду ноҳия имконпазир мегардад.
Ҷомӣ ЗАРИФЗОДА,
ноҳияи Восеъ