Сурайё Дӯстмуродзодаи соҳибкор, директори вақти ҶСК «Гурӯҳи Самимӣ-Констракшн» чӣ тавр дар тиҷорат муваффақ гардид?
- Унсурҳои асосие, ки соҳибкорро муваффақ мекунанд, дастрасӣ ба маблағ, доштани идеяи хуб, биснес - нақшаи амиқ, маълумоти саҳеҳу пурра оид ба самти интихобнамуда. Ин унсурҳо имкон медиҳанд, ки хавфҳои дарпешистодаро пушти сар карда, кас ба бурдбориҳо ноил шавад, - мегӯяд бону Сурайё.
Духтараки донову зирак аз хурдӣ дар дил орзуи ҳуқуқшинос шуданро мепарварид. Мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм намуда, донишҷӯи факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шуд ва онро бо дипломи сурх хатм намуд.
Мехост дар прокуратура фаъолият намояд, аммо бо сабаби фарзанди хурд доштан, чанд муддат дар корпоратсияи «Хуросон» ба ҳайси ҳуқуқшинос, сипас дар Вазорати адлия ва Нотариати давлатӣ адои вазифа кард. Бо рӯи кор омадани иқтисоди бозаргонӣ Сурайё ба соҳаи иқтисодиёт рӯй овард.
«Риел-Д»
Соли 2005 бо мадади дӯстону наздикон ширкати хурди «Риел –Д»- ро таъсис дод. Самти асосии фаъолияти ширкат аз расондани ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва тартиб додани ҳуҷҷатҳо иборат буд. Ду коргар дошт. Оҳиста – оҳиста талабот ба хизматрасонӣ афзуд, сафи мизоҷон зиёд гардид, мутахассисон низ бештар бо кор фарогир шуданд.
Ба ширкат мизоҷони зиёд аз хориҷи кишвар, аз мамолики Аврупо ва Осиё муроҷиат мекарданд. Онҳо сармоягузороне буданд, ки асоси маркетинг ва бозорро хуб медонистанд. Ба Тоҷикистон бо мақсади гирифтани иншоот, бунёди биноҳо ташриф меоварданд.
Рӯзе яке аз хориҷиён, ки ба корхонаи «Риел - Д» бо мақсади гирифтани маслиҳати ҳуқуқӣ омада буд, ба Сурайё Дӯстмуродзода тавсия медиҳад, то самти фаъолияташро тағйир диҳад ва ба сохтани биноҳо машғул шавад. Сурайё ба ӯ мефаҳмонад, ки «сохмончӣ несту дар ин самт маълумоти кофӣ надорад». «Шарт нест, – мегӯяд мизоҷ, - сохтмончиёнро ба кор ҷалб мекунед». Сурайёи ҷавону бебок ва қавиирода аз ҳамон маврид рӯ ба сохтмон меорад. Фаъолияти ширкатро тағйир дода, сармоягузор ва гурӯҳи корӣ меёбад ва соли 2008 соҳиби аввалин иншооти сохтмонӣ мешавад. Пас аз чанд муддат, ӯ номи ширкатро низ ба «Гурӯҳи Самимӣ - Констракшн» иваз менамояд.
Иншооти аввалин
Ҳангоме бо идеяи нав вориди бозор шуд, ранҷу заҳмати зиёд пеш омаданд. Сурайё соли 2011 иншооти нав, сохтмони бинои истиқоматии баландошёна дар маҳаллаи Зарафшони пойтахтро бар дӯш гирифт. Он рӯзҳоро худи ӯ чунин ёдовар мешавад: - Ҳангоми рехтани бетони таҳкурсӣ қариб хоб намерафтем.
Бетонрезӣ технологияи махсусро дораду сифати бино аз рехтани бетон вобаста аст. Бетонро бояд шиддатнок резӣ, то дарунаш пур шавад, байнаш ҳубобчаҳо намонад. Вақте семент ҳамаро фаро гирад, сутун мустаҳкам мешавад. Гармиву сардии ҳаво низ ба сифати сутунҳо бетаъсир намемонанд. Ҳар як иншоотро ҳамин гуна сахт назорат мебурдем.
Хонавода
Дар рафти фаъолияти меҳнатӣ аҳли оила, бародарон ва волидон ёрӣ мерасонданд. Баъзе рӯз то як поси шаб ӯро ҳамроҳӣ мекарданд. Падараш Дӯстмурод ӯроқов иқтисоддони номӣ, Арбоби илму техника, академики Академияи байналмилалӣ, доктори илми иқтисод, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, борҳо таъкидаш менамуд: «Корро ҳалол кун, то аз пасат касе айбу иллате наёбад». Ҳангоме зарар медид, дилбардориаш мекард: «Агар ин бор нашуд, дафъаи дигар ҳатман мешавад. Аммо фикр бояд кард, ки дар куҷо хато кардӣ».
Садои ором ва суханронии ботамкинона ба қалби фарзанд роҳ меёфт, таскин мебахшид. Сурайё бо як қувваву неруи нав боз ба кор мечаспид…
Сарфи назар аз мушкилиҳо вай бинои мазкурро соли 2016 ба истифода дод.
Ба андешаи Сурайёбону соҳибкор мафҳуми ниҳоят васеъ дорад: «Соҳибкор бояд, пеш аз ҳама, роҳбар, дипломат ва иқтисоддонӣ хуб бошад. Барои соҳибкори хуб будан, бояд самтеро интихоб кунӣ, ки дар борааш саводи кофӣ дошта бошӣ. Асоси соҳибкориро ҳисобу китоб ташкил медиҳанд. Соҳибкоре, ки даромадашро ҳисоб карда наметавонад, зиён мебинад,» - мегӯяд ӯ бо боварии том.
Қарз ва грантҳо
Асоси соҳибкории муваффақ ин қарзхои имтиёзноки фоизашон пасти бонкӣ мебошад. «Бе маблағ оғоз кардани соҳибкорӣ амри маҳол аст. Ҳангоми ба соҳибкорӣ даст задан, бояд арзиши аслии маҳсулотро донӣ. Масалан, агар ҷуроб истеҳсол кунӣ, чӣ андоза ашёи хом, аз қабили ришта, ранг масраф шуданашро бояд ҳисоб кунӣ, ки арзиши аслии он маҳсуб мешавад. Барои дастрасии ашёи хом маблағ лозим аст. Соҳибкорро мебояд дастрасӣ ба маблағ дошта бошад ва ҳангоми фурӯши маҳсулот арзиши аслии он, инчунин фоизи бонк ва фоидаашро ба ҳисоб гирифта нархгузорӣ кунад. Бинобар ин, агар бонкҳо дар аввал бо фоизи кам маблағ диҳанд, ин бурди соҳибкор мешавад», – тазаккур медиҳад Сурайё Дӯстмуродзода.
Додани қарзҳои имтиёзнок ва фоизи камдошта ба ашхосе, ки шуғли ҳунарҳои мардумӣ мекунанд, такони бузурге медиҳад барои пешбурди соҳа ва ба бозор ворид шудани маҳсулоти ҳунармандон. Ҳукумати кишвар ин нуктаро ба инобат гирифта, чораҳои зиёде андешид. Ба ақидаи соҳибкор грантҳои президентӣ беҳтарин ёриву дастгирии бебозгашт ва бефоиз аз ҷониби роҳбарияти давлат баҳри соҳибкорон мебошад.
Сурайёбону сар аз соли 2017 раиси Шӯрои соҳибкорзанони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аъзои шӯро бонувони обрӯманду шинохтаи диёранд. Бонуи шуҷову заҳматқарин солҳои охир ба ҳайси вакил дар парлумон адои вазифа дорад. Гарчанде вакилӣ дар парлумон аз фаъолияти соҳибкорӣ фарқи зиёду масъулияти бештареро дорад, ӯ мекӯшад баҳри манфиати халқу кишвараш, аз ҷумла пешрафти иқтисодии соҳибкорон саҳм дошта бошад.
ШАҲНОЗ