Пирони давр чӣ мегӯянд?
Бузургтарин гуноҳ тақаллубкорӣ дар тақсимоти молиёте мебошад, ки аз хазинаи давлат барои халқ нигаронида шудааст.
(Ҳикмати чинӣ)
Аз таърихи давлатдории кишварҳои ҷаҳон маълум аст, ки дар ягон давру замон вазифаи хазинадории ин ё он давлат ба ӯҳдаи бонувон набудааст. Бо мурури боло рафтани фарҳангу маънавиёти ҷомеа ва эътибори ҳуқуқҳои инсонии занон дар ҷомеаи мутамаддин, бонувон ба корҳои гуногуни сохтори давлатдорӣ, аз ҷумла вазифаҳои соҳаи хазинадории давлат ҷалб мешаванд. Зимни як сӯҳбат бо бонувони рустои Хатлон Гулнигор Маҳмудҷонова ном зани 81-солае гуфт: «Иттиҳоди шӯравӣ дар 70 соли ҳукмронии худ, бо ҳама қудрати сиёсию идеологиаш як қолаби ҷамъияти қафомонда - «масъулияти мудофиаи мулк ва хазинадории давлат кори занон нест»-ро шикаста натавонист. Ҳарчанд ки ин империяи дар гузашта бузург бо шиори фаранҷипартоии занон вориди Осиёи Марказӣ шуда буд».
Бибӣ Гулнигор даъво дорад, ки чаро мардҳо дар сатҳи оила, ки як ячейкаи давлат аст, хазинаро ба ӯҳдаи бонувон мегузоранду дар сатҳи ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ не?
Агар монеа пайдо намешуд…
Дар ҳоли ҳозир ҳузури камшумори бонувон дар соҳаи хазинадории давлат як нуқтаи заъфи ҳукуматҳои маҳаллиро дар самти сиёсати гендерии давлат нишон медиҳад. Зеро аз соле, ки барномаҳои гуногуни давлатӣ дар самти тайёр кардани мутахассисон ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби бонувон рӯи кор омад, вақт кифоят буд то бонувони роҳбарро дар соҳаҳои андоз, молия ва бонкдорӣ омода намуда, рӯи кор овард. Аммо имрӯз дар 25 шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ягон нафар бону курсии роҳбарии нозироти андоз ва ё шӯъбаҳои молияи ин ё он ноҳияро ишғол намекунад. Солҳои 2002-2010 роҳбарии шӯъбаи молияи ноҳияи Носири Хусравро Гулсун Рӯзиева ба ӯҳда дошт. Ӯ, ки дар тӯли 40 соли фаъолият дар соҳаи муҳосибот, иқтисод ва саноати ин минтақа обутоб ёфтааст, мегӯяд: «Агар ҳукуматдорони ноҳия бонувони кордонро дастгирӣ намоянд, занон аз ӯҳдаи ҳама вазифаҳо баромада метавонанд. Ман ин суханро аз таҷрибаам дар ноҳияи Носири Хусрав мегӯям. Солҳои зиёд дар соҳаи саноату иқтисод фаъолият дошта, 8 соли охир мудири шӯъбаи молияи ноҳияи мазкур будам. Зеро роҳбарони вақти ноҳия бо ман муносибати хуби корӣ доштанд. Аммо соли 2009-ум ситораам ба раиси вақти ноҳияи Носири Хусрав рост наомаду иҷборан ариза навишта, 2 сол пеш аз ба нафақа баромадан, ба фаъолияти роҳбариам нуқта гузоштам».
Аз қайдҳои дафтарчаи меҳнатии ин бонуи собиқадор бармеояд, ки ӯ яке аз фотеҳони водии Бешкент аст. Гулсун Рӯзиева баъди хатми факултаи иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар вазифаҳои масъул, аз ҷумла шӯъбаи иқтисодии идораи банақшагирии сохтмонӣ, идораи сайёри корҳои механиконидашуда ва дар раёсати «Бешкентсохтмон» фаъолият намудааст. Тӯли 40 соли шуғл дар муҳосибот, иқтисодиёт ва саноати минтақа обутоб ёфта, ҳамзамон шогирдони зиёдеро рӯи кор овардааст. Ба гуфти Гулсун Рӯзиева ҳузури бонувон дар соҳаи хазинадорӣ ба манфиати давлату ҷомеа аст. Зеро зан табиатан масъулияту ҷавобгариро бештар эҳсос месозад.
– Соҳаи иқтисод аз роҳбар заҳмати бештарро талаб менамояд. Аммо ҳузури бонувон дар чунин вазифаҳое, ки мисли мардон баъзан то поси шаб кор мекунанд, лозим аст, то ин ки онҳо ҳам мисли бонувон дар симои ҳамсари худ «коргари давлат»-ро бубинанд. Баҳовуддин Имомалиев, мудири шӯъбаи молияи ноҳияи Шаҳритус, дар ин маврид мегӯяд: «Сармуҳосиби мо- Гулсун Рӯзиева на танҳо собиқадору мутахассиси варзидаи соҳа аст, балки барои бештари иқтисодчиёни ноҳияҳои Қубодиёну Шаҳритус ва Носири Хусрав ҳаққи устодӣ дорад. Мо аз оғози фаъолияти меҳнатиамон то имрӯз дар соҳаи молия ва бонкдорӣ тамоми нозукиҳои корро аз ӯ меомӯзем».
Камбудиҳо «самара»-и солҳои пеш аст
Ҳузури бонувони кордон танҳо дар вазифаҳои поёнтари сарраёсату раёсатҳои молияи вилояти Хатлон ба назар мерасанд. Зеро ба гуфти Ҳабибулло Куганов, муовини сардори сарраёсати молияи вилояти Хатлон, барои тайёр намудани як мутахассис камаш 15 сол вақт лозим аст. Аз ҷониби дигар, теъдоди бонувони иқтисоддон дар ҷомеаи мо ҳанӯз аз солҳои пеш камшумор буд. Ҳусноро Қурбонова, корманди шӯъбаи хазинадории сарраёсати молияи вилояти Хатлон, низ бар он аст, ки бонувони тоҷик ба фанҳои дақиқ камтар таваҷҷӯҳ доранд. «Аз 106 ҳамсабақ дар факултаи иқтисодии донишгоҳ ҳамагӣ 5 нафар духтарон будему халос. Ман аз хурдсолӣ ҳисобу китобро дӯст дошта, орзу мекардам, ки иқтисоддон шавам. Дар талоши расидан ба орзуҳои худ мактабро аъло ва донишгоҳро бо шаҳодатномаи сурх хатм намудам. Соли ҳаштум аст, ки дар бахши хазинадории сарраёсати молия кор мекунам», – мегӯяд ӯ.
Ба андешаи Ҳусноро дар соҳаи молия танҳо нафароне кор карда метавонанд, ки сарсупурдаи ин касб бошанд. Ин кор нерӯи зиёди зеҳнӣ металабад ва танҳо шавқу рағбат дар ин касб ба инсон нерӯи иловагӣ мебахшад. Муҳим аст, ки хатмкунандагони факултаҳои иқтисодии донишгоҳҳо пеш аз оғози кор дар соҳаи бонку молия ва андоз як муддат ба ҳайси муҳосиб фаъолият намоянд. Таҷрибаи муҳосибӣ пойдевори асосии касбу ҳунар дар тамоми бахшҳои риштаи иқтисодиёт ба ҳисоб меравад.
Бонувон дар хазинаи давлат
Ҳузури бонувон дар соҳаи бонкдорӣ дар вилояти Хатлон бештар ба назар мерасад. Собиқадорони соҳа мегӯянд, ки ҳамагӣ ду нафар бону роҳбарии бахшҳои ноҳиявии бонки давлатии «Амонатбонк»-ро ба ӯҳда дошта бошад ҳам, дар зинаҳои поёнии роҳбарӣ теъдоди занони ҷавон рӯ ба афзоиш аст. Бино бар гуфтаи Бибисоро Қараева, роҳбари бахши ноҳиявии «Амонатбонк»-и ноҳияи Шаҳритус, пеш аз таъйин шудан ба вазифаҳои масъули бонкдорӣ кадр бояд таҷрибаи корӣ дар зинаҳои поёнро дошта, аз тамоми нозукиҳои кор бархурдор бошад.
Бонувон ва «реклом»
Ба гуфти Бибисоро барномаҳои беҳдошти шароити мусоиди зиндагии мардуми деҳот тақозо дорад, ки дар ояндаи наздик тамоми пардохтҳои ҳаққи хизматрасонии коммуналӣ аз тариқи бонкҳо амалӣ шавад. Бояд ба шаҳрвандон шароитеро муҳайё созем, ки онҳо барои гирифтани маблағҳои ба номашон воридшуда, музди маошу нафақа ва пардохтҳои гуногуни хизматрасониҳои коммуналӣ вақти зиёди худро сарф накунанд. Дар соҳаи бонкдорӣ ҷалби бонувон ба манфиати соҳа аст. Зеро «реклом»-и асосии бонк дар муҳити Тоҷикистон пеш аз ҳама кормандони онҳо мебошанд, ки дар кадом сатҳ ба муштариён хизмат мерасонанд.
Аммо бонувон ба иқтисод таваҷҷӯҳи камтар доранд. Устоди собиқадори факултаи менеҷменти ДДҚ ба номи Носири Хусрав, Хайринисо Баротова, иброз медорад, ки то замоне бонувон дар сатҳи оила мавқеи худро пайдо насозанд, дар вазифаҳои масъул, ба хусус соҳаи иқтисод фаъолият карда наметавонанд. Барои кормандони бонку андоз ва молия вазифаи касбӣ бояд дар мадди аввал истад, зеро онҳо масъулияти хазинаи давлатро ба ӯҳда доранд.
Иштироки 7%-и духтарон моро ба куҷо мебарад?
Пурсишҳо собит месозанд, ки феълан таваҷҷӯҳи бонувони хатлонӣ ба соҳаи иқтисод камтар аст. Гулбарг Каримова, декани факултаи менеҷменти ДДҚ ба номи Носири Хусрав, иброз медорад, ки аз аввал таҳсили духтарон дар факултаҳои иқтисодию молиявӣ камтар ба назар мерасад. Алъон аз шумораи умумии донишҷӯёни ин факулта ҳамагӣ 7,7% -ро духтарон ташкил медиҳанду халос. Ба гуфти мусоҳиби мо ҳузури бонувон дар риштаи иқтисоди кишвар бозгӯи воқеии мавқеи зан дар ҷомеа аст. Ҳарчи бештар занон аз ҷиҳати иқтисодӣ мавқеи худро дар ҷамъият мустаҳкам намоянд, ҷомеа дар амалӣ намудани барномаҳои давлатӣ дар самти баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа комёб мешавад. Моро мебояд, ки дар тарбия ва омӯзишу тайёр кардани кадрҳо аз ҳисоби духтарон ба риштаи иқтисод, саноат ва соҳибкорӣ ва соҳаи андозу молия ва бонкдорӣ ҷиддӣ машғул шавем. То бонувон мавқеи худро дар ҷомеа мустаҳкам карда тавонанд. Бидуни нишондоди сатҳи иқтисодии бонувон давлат дар амалӣ намудани ҳадафҳои сиёсии баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа комёб нахоҳад шуд. Шумо чӣ мегӯед?
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ