Мардуме, ки дар сарзамини 99 дар сади ҳудуди он куҳсор зиндагӣ мекунанд ва аз қадим бо сангҳои ҷавоҳир шӯҳрат дошт, фаҳмиданд, ки онҳо ҳатто мутахассиси сангшинос надоранд, то тавонад қимати гавҳарро муайян созад. Бархе аз афроде, ки барои заруратҳои иҷтимоӣ пораҳои сангҳои ҷавоҳирро бо роҳҳои гуногун дарёфт карда буданд, ба умеди фурӯхтан онҳоро ба ҳар меҳмони тасодуфӣ аз кишварҳои собиқ иттиҳод нишон медоданд ва дар бисёр маворид ба доми ин қаллобон, ки дар либоси «мутахассис» ба минтақа меоманданд, меафтоданду ҷавоҳирро бо пули пучак аз даст раҳо мекарданд. Аммо ахиран омӯзиши гавҳаршиносон дар марказҳои таълимии Русия ва таъсиси нуқтаҳои хириди сангҳои ҷавоҳир дар вилоят мушкилоти корафтодагонро осон ва хазинаи сарватҳои давлатро афзуд. Ба иттилои масъулини маркази хариди сангҳои гаронбаҳои назди хазинаи сарватҳои вазорати молия, дар маркази вилоят тайи як сол ба маблағи бештар аз 300 ҳазор сомонӣ сангҳои гаронбаҳо аз мардум харидорӣ шуданд. Вале вақти он расидааст, ки дар баробари алюминий ва пахта бояд сангҳои ҷавоҳир ва ганҷҳои маодин буҷаро пур кунанд. Тавре маълум гардид, қариб дар кулли риштаҳои геология мутахассис намерасад. Ин ҳам дар ҳолест, ки ба изҳори мақомоти вилоят 40 кони маодини минтақа, аз ҷумла захоири 12 тоаш пурра омӯхта шуданду сармоягузорони ватаниву хориҷиро интизоранд. Аммо айни ҳол, мо бояд на фақат барои аз худ намудани ганҷҳои нуҳуфтаи зери поямон мутахсссис тайёр кунем, балки камбуди мутахассисон дар риштаҳои тандурустӣ, ҳуқуқ ва гуманитарӣ низ эҳсос мешавад. Аз ин рӯ, бархе аз макотиби дурдаст ба омӯзгорони фанҳои дақиқ эҳтиёҷ доранд. Аммо, агар дар ҳалли мушкилоти макотиб ба хатмкунандагони донишгоҳи давлатии Хоруғ умед бастан мумкин бошад, ислоҳи вазъи камбуди мутахассисони соҳаи ҳуқуқ хеле душвор аст. Зеро бо сабабҳои гуногун шумораи довталабон ба макотиби олии ҳуқуқшиносии кишвар аз манотиқи вилоят кам ҳастанд. Аз тарафи дигар дар факултаи таърих ва ҳуқуқи донишгоҳи давлатии Хоруғ асосҳои давлат аз феҳрасти ихтисосҳои донишгоҳ бароварда шуда, комиссияи вазорати маориф набуди заминаи таълимиро сабаби ин тасмим арзёбӣ карда буд. Хатмкунандагони ин факулта, ки қаблан ба кор дар шӯъбаҳои ҳуқуқи мақомоти маҳаллӣ ва ё Вазорати корҳои дохила умед мебастанд, акнун метавонанд танҳо ба ҳайси омӯзгор риштаи таърих ва ҳуқуқро дар макотиб дарс диҳанд. Комиссияи аттестатсионӣ танҳо дар ниҳодҳои додгоҳӣ дар вилоят кафши 13 кормандро ба далели мутобиқат надоштани ихтисосашон ба вазифа пеш гузошт, ки бештарашон бонувонанд. Мақомоти дохила ҳам то вақтҳои охир ба афсарон эҳтиёҷ дошта, бархе аз вазифаҳои холӣ довталабонро интизор буданд.
Беморони навоҳии дурдаст ҷиҳати набудани мутахассисон дар маҳалҳо барои ташхису табобат ба маркази вилоят меоянд, аммо дар бархе аз маворид барои шифо ёфтан ба маркази ҷумҳурӣ рафтан лозим мешавад.
Ин гуна вазъияти бӯҳронии кадрӣ дар Бадахшон ба дастовардҳои солҳои охир, яъне боло бурдани мақоми зан дар ҷомеа ҳам бетаъсир намондааст. Ба иттилои кумитаи занони вилоят айни ҳол шумораи занон дар байни хизматчиёни давлатӣ ба 30 дар сад ва 209 нафар расидааст. Масалан, сарварии 81 мактаби вилоятро ба ӯҳдаи занон гузоштаанд. Дар ин байн ду нафар зан, ки бахташон баландӣ кардааст, яке ба раъси мақоми аввали ноҳия ва дигаре намояндаи парлумон аз тариқи рӯйхати ҳизбӣ роҳ ёфтанд, аммо шумораи занон дар мақоми роҳбарӣ ва намояндагӣ ҳанӯз кам ба назар мерасад. Гузашта аз ин дар мақомот вазифаҳое ҳастанд, ки сирф мардона шуморида мешаванд. Дар курсии раиси вилоят дидани занро ҷомеа ба гӯшаи хаёлаш ҳам роҳ намедиҳад. Вазифаи роҳбари дастгоҳи вилоят, шӯъбаи ташкилӣ, иқтисод ва саноати мақомотро ба таври анъанавӣ мардон дар даст доранд. Аммо агар барои бархе аз мамалакатҳои ҷаҳон дар раъси мақомоти қудратӣ дидани зан чизи нав нест, вале барои афкори оммаи кишвари мо ҳанӯз ин падида бегона аст. Ин ҳам дар ҳолест, ки мақомот аз мушкилоти дарёфти кадрҳои роҳбарикунандаи болаёқату соҳибистеъдоди ҷавон бонги изтироб мезанад. Зеро агар қабалан ҳизби ҳоким имконият дошт, кадрҳои ба қавле дар деги комсомолӣ обу тоб ёфтаро иттихоз кунад, айни ҳол чунин майдони сиёсии сайқалдиҳии маҳорати кадрҳои ҷавон тангтар шудааст. Ба гуфтаи масъулини хадамоти хизмати давлатӣ онҳо барои мунсифона баргузор шудани озмунҳои вазифаҳои холӣ талош меварзанд ва кӯшиш доранд, ки аз қатори довталабон беҳтаринҳоро интихоб кунанд. Хадамот ҳамчунин барои рушди донишу малакаи хизматчиёни давлатӣ ва кормандони мақомот худро муаззаф мешуморад, аммо омода кардани кадрҳои ҷавони роҳбарикунандаро берун аз доираи салоҳияташон медонанд. Ба ибораи дигар, майдони намоиш додани қобилият барои довталабони ҷавон идораву муассисот боқӣ мемонанд, ки пас аз хатми донишгоҳ мутахассисони ҷавон он ҷо ба кор медароянд. Аммо роҳбарони ин ниҳодҳо на ҳамеша аз рӯйи савияи дониш ва қобилият, балки аз рӯйи мансубияти хешу таборӣ мутахассисони ҷавонро ба кор мегиранд ва ин ҳолат ба сифати захираи кадрҳои ҷавон бетаъсир намемонад.
Ба гуфтаи журналист Лутфишои Додо, мушкилоти занони ба мақоми роҳбарӣ таъиншуда дар вилоят ин аст, ки на ҳамеша зани арзанда ба мақоми сазовор таъин мешавад ва чунин бархурд ба масоили кадрӣ ба ҷойи афзудани обрую эътибори зани роҳбар дар ҷомеа ба коҳиши нуфузи ин гурӯҳи иҷтимоӣ анҷом мешавад. Чунки дар тасаввури мардум симои занеро ҷилва медиҳанд, ки мавқеъи усутвор надорад ва дар қабули қарорҳо мустақил нест.
Мусоҳибам меафзояд, ки дар тӯли ҳаёташ занони роҳбареро дар вилоят вохӯрдааст, ки бо мавқеи фаъоли сиёсӣ ва иҷтимоӣ тавонистаанд дар дилу дидаи мардум ҷой шаванд.
Ба фикри коршиносон, агар аз ҳозир дар пайи ислоҳи вазъи камбуди кадрӣ нашавем ва ба таҳаввулоти сифат дар ин ҷода диққат надиҳем, ба мушкилоти бештар аз пештар рӯ ба рӯ хоҳем шуд. Аммо барои танзими ин раванд зарур аст, ки ҳар фард ҳанӯз аз солҳои мактабхониаш дар мавриди касби ояндаи интихобкардааш тасаввуроти комил дошта бошад. Аммо тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, бештари хонандагони макотиби вилоят ба интихоби касб ба таври сарсарӣ муносибат намуда, танҳо пас аз соҳиби номаи камол шудан дар мавриди ба куҷо супурдани ҳуҷҷатҳояшон фикр мекунанд. Аз тарафи дигар, дар донишгоҳ ва омӯзишгоҳҳои вилоят бояд касбҳоеро таълим дод, ки бозоргир ва барои минтақа зарур бошанд. Олимони пажуҳишгоҳи биологии Помир бар ин ақидаанд, ки дар донишгоҳ бояд ҳарчӣ бештар ихтисосҳои кӯҳшиносӣ таълим дода шаванд, то мутахассисони оянда ба масоили омӯзиши об, пиряхҳо, тағъйирёбии иқлим, сангҳои гаронбаҳо, омӯзиш ва коркарду истихроҷи маодин сару кор дошта тавонанд. Бо ибораи дигар мутахассисон ва кадрҳоеро бояд тарбия кард, ки ба талаботи бозори меҳнат ҷавобгӯ бошанд ва аз донишу малакаашон ба нафъи рушди босуботи минтақа истифода шавад.
Ш. Мирзоҷалол.