Алҳол фаъолияти бонувон дар соҳаи кишоварзии мамлакат ва рушди иқтисодиёт басо назаррас аст. Тибқи омори расмӣ шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби бонувон дар ҷумҳурӣ 35600 нафарро ташкил медиҳад. Дар ноҳияи Рашт шумораи роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ аз ҳисоби бонувон ба 64 нафар расидааст.
- Деҳқонони раштӣ соле як маротиба ҳосил мегиранд. Зеро дар ин минтақа баҳор нисбат ба водиҳо дертар фаро мерасад. Иқлими сарду сангини кӯҳистон имкони ду ё се ҳосил гирифтанро намедиҳад. Аз ин рӯ, бояд дучанд меҳнат кард то ҳосили дилхоҳ ба даст ояд, - мегӯяд бонуи кишоварз Савригул Ғоибова.
ӯ бист сол боз роҳбарии хоҷагии деҳқонии «Маннон»–ро бар дӯш дорад. Аз овони кӯдакияш кишоварзу чорводору боғбон аст. Тавре худи ӯ мегӯяд, бобову падар ва дигар аҷдодаш ҳама барзгару кишоварзу чорводор будаанд.
- Заминро дӯст медорам. Мекӯшам набзашро ҳис кунам. Маълумоти олӣ надошта бошам ҳам, медонам, ки дар кадом қитъа кадом навъи зироат хуб нашъунамо меёбад, - иброз медорад бону Савригул.
Майдони умумии заминҳои хоҷагии деҳқонии «Маннон» 5,42 гектарро ташкил медиҳад, ки аз он 3,75 гектар чарогоҳ ва 1,67 гектараш заминҳои обиянд. Аъзои хоҷагӣ дар майдони 0,50 гектар боғ бунёд намудаанд, ки дарахтон аллакай дар баҳраанд.
Соли 2020 хоҷагидорон дар 1,17 гектар картошка ва гандум кишт намуданд.
- Соли гузашта ба ҳисоби миёна аз як гектар 225 - сентнерӣ картошка, 22 - сентнерӣ ғалла ва 17 - сентнерӣ мева ба даст овардем, ки 18 тонна картошка, 800 кило гандум ва 1 тоннаю 700 кило меваро ташкил дод. Аз чарогоҳ 4 тоннаю 800 кило хошок захира намудем. Аз фурӯши маҳсулот 67 ҳазору 900 сомонӣ даромад ба буҷети оила ворид гардид, дар мавсими имсола нақша дорем дар майдони 1 гектар картошка ва 1 гектар ғалла кишт намуда, дар заминҳои ғайрикорам боз 0,30 гектар боғи нав бунёд созем, - мегӯяд Савригул.
Аллакай хоҷагидорон дар майдони 0,5 гектар кишти тирамоҳии ғалла гузаронда, барои кишти баҳорӣ дар анборҳои худ 200 кило тухмии гандум ва 3 тоннаю 200 кило тухмии аълосифати картошка захира доранд.
- Барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифодаи самараноки обу заминҳои корам бисёр муҳим аст. Дар боғҳо қатори байни ниҳолҳо картошкаю сабзӣ, нахӯду лӯбиё ва дигар полизиҳоро мекорем. Баъдан метавонем юнучқа ё себарга кишт намоем. Албатта, ин ҳама бо истифода аз техникаҳои кишоварзӣ ва риояи қатъии қоидаҳои агротехникӣ роҳандозӣ мегарданд, ки дар натиҷа ҳосили дилхоҳ ба даст меояд.
Савригул дар баробари заминҳои хоҷагӣ аз замини наздиҳавлигӣ маҳсулоти кишоварзӣ мерӯёнад. Соли дуюм аст, ки дар ҳавлиаш боғи интенсивӣ бунёд намудааст. Боғдорӣ яке аз соҳаҳои сердаромади минтақаи Рашт ба шумор меравад. Аз ин рӯ, 80 дарсади деҳотиён ба боғдорӣ рӯ овардаанд. Сокинон дар баробари бунёди хонаҳои замонавӣ, тавонистанд, ки аз ҳисоби фурӯши мева соҳиби мошинҳои сабукрав гарданд. Шуҳрати себу ноки водӣ аз ҳудуди ҷумҳурӣ берун рафтааст. Бинобар он онҳо аз ҳисоби заминҳои бекорхобидаи талу теппаҳо майдони боғотро зиёд менамоянд.
Савригул парвариши чорвои калону майда, мурғу дигар парандаҳои хонагиро ба роҳ мондааст. Аз ин ҳисоб вай ширу ҷурғот, қаймоқу панир, гӯшту равғани аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол менамояд.
- Боиси қаноатмандист, ки бо дастгирии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзон ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ, тамоми кишоварзон барои як сол, яъне соли 2021 аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шуданд. Ҷавобан ба ин ғамхорӣ мо бояд тамоми неруи хешро баҳри ҳар чи зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ равона созем, - бо хушнудӣ мегӯяд Савригул.
Бонуи заҳматкаш соҳиби 7 фарзанду 7 набера мебошад. Аъзои хонавода дар кори хоҷагӣ ёвару мададгори роҳбари хешанд.
- Шукрона мекунам, ки 4 духтару 3 писар дорам. Духтарҳои калониям хонаободанду рӯзгори хеш пеш мебаранд. Писари калониям мисли падараш корманди давлатист. Келинам ҳамшираи шафқати деҳа, ёвару дастёри асосии хонадон аст. Писари дуюмам дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад. Хурдиҳоям мактабхонанд. Онҳо дар кори хоҷагӣ паҳлуи якдигаранд. Дар боғу саҳро ба ҳамаашон кор ёфт мешавад. Аз хурдӣ дар дили фарзандон ҳисси меҳнатдӯстиро ҷо намудаам, - мегӯяд Савригул Ғоибова.
Хушоянд аст, ки соли 2020 дар ноҳияи Рашт дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ, дар майдони 3136 гектар кишти картошка гузаронда шуда, 53 ҳазору 16 тонна картошка рӯёндаанд. Майдони боғот 5079 гектарро ташкил медиҳад, 4775 гектараш ҳосилдиҳанда, аз он соли рафта 19 ҳазору 422 тонна мева ғундоштанд.
Ҳисоботи оморӣ гувоҳи онанд, ки деҳқонону кишоварзони раштӣ сол аз сол майдони кишту боғотро зиёд карда, аз ин ҳисоб истеҳсоли маҳсулотро меафзоянд. Савригул Ғоибова ва аъзои хоҷагии деҳқонии «Маннон» аз зумраи кишоварзонеанд, ки дар фаровонӣ ва ғанӣ гардондани молу маҳсулот дар бозорҳои кишвар саҳми шоиста мегузоранд.
- Ба қавли бузургонамон зи касби даст беҳтар ҳосиле нест. Ва баракату серӣ дар заҳмати шабонарӯзӣ ва дасти пурбаракати деҳқон аст, - суҳбатро хотима мебахшад бону Савригул.
Далер САФАР,
ноҳияи Рашт