Масалан, хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳияи Восеъ арзиши чиниши як килограмм пахтаро ба нафарони пахтачин 30 - дирамӣ муқаррар кардаанд. Эркамоҳ Саргардонова, як сокини ноҳияи Восеъ мегӯяд, ки хоҷагии деҳқонии «Муҳаммад» аз ҷамоати деҳоти Тугарак эълон кард, ки ҳаққи як килограмм пахтаи чидаи моро 40 - дирамӣ ҳисобӣ мекунад. Вале баъди чиниши аввали пахта, онро барои хароҷоти трактору сӯзишвориву дигару дигар гуфта гардонид, ки ниҳоят ҳар килограмм пахтаи чидаамон ба 30 - дирамӣ рост омад. Айнан, ҳамин аҳвол дар бисёр хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия ҳукмфармост. Аҳёнан, хоҷагиҳои деҳқоние ҳастанд, ки дар чинаки дуюм ба ҳар килограмм пахтаи чидаи бонувони заҳматкаш 50-60 - дирамӣ ҳақ доданд.
Корхонаҳои пахтатозакунӣ бошанд, ҳар як тонна пахтаи хоҷагиҳои деҳқониро порсол аз 700 то ба 1100 доллари амрикоӣ харидорӣ карда буданд.
ҶДММ «Неъмат»-и ноҳияи Восеъ имсол ҳар як тонна пахтаи хоҷагиҳоро 850 доллари амрикоӣ харидорӣ карда истодааст. Раиси ҶДММ «Неъмат» Алихон Худоёров мегӯяд, ки аз 20-уми август, ки оғози пахтақабулкунии корхонаи мо буд, то ба имрӯз 5000 тонна пахта ба корхонаи мо аз ХД ноҳияҳои Данғара, Фархор, Ҳамадонӣ, Кӯлоб ва Восеъ ворид шудааст. Пахтаро мо дар асоси шартномаи тарафайн аз ХД қабул мекунем ва ба онҳо ҳаққи пахтаи супоридаашонро ҳисобӣ мекунем. Рӯзе ба ҳисоби миёна ба корхонаи мо 250 тонна пахта ворид мешавад. Соли гузашта бошад, мо ҳамагӣ тавонистем 100 тонна пахтаи хоҷагиҳои деҳқониро қабул намоем. Дар корхона имрӯз 340 нафар коргарони доимӣ ва мавсимӣ кор карда истодаанд.
ШХ «Самар» низ корхонаи дигари пахтақабулкунии ноҳияи Восеъ ба ҳисоб меравад. Масъулони ШХ мегӯянд, ки мо пахтаро аз хоҷагиҳои деҳқонӣ қабул карда истодаем, вале то ҳанӯз арзиши асосии як тонна пахта муайян нест. Ҳарчанд, ки бо арзиши 850 доллари амрикоӣ қисман корхонаҳои пахтатозакунӣ пахтаро қабул карда истодаанд.
Директори генералии ҶСК «Пахтаи Кӯлоб» Лашкарӣ Мирзоев бошад, мегӯяд, ки корхонаи мо қабули пахтаро дар мавсими имсола аз 2-юми сентябр оғоз кард. Ба мо қисме аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Восеъ ва ноҳияи Кӯлоб пахта месупоранд. То ба имрӯз корхона 1300 тонна пахта қабул кардааст. Мо дар асоси шартномаи тарафайн онро қабул карда истодаем. Мувофиқи шартнома мо аз ҳар як тонна пахтаи супоридаи ХД 200 доллари амрикоӣ ҳаққи коркард мегирему халос. Боқӣ маҳсулоти коркардшудаи тайёр, пурра дар ихтиёри хоҷагии деҳқонӣ мемонад. Онро мефурӯшад, чи коре мекунад, дар ихтиёри худашон мебошад.
Бо вуҷуди як - якуним маротиба баланд шудани арзиши ҳама гуна маводи ниёзи мардум дар бозорҳо ва 30-40 фоиз афзудани маоши мардум, арзиши чиниши ҳар як килограмм пахтаи чида ҳамон тавре, ки ду-се соли охир буд, қариб ҳамон хел боқӣ монд. Қувваи асосии кори саҳро, 98 - пахтачинҳои хоҷагии деҳқонӣ ҳама бонувонанд. Аз толибаҳои мактабхон сар карда, то бонувони хонашини камбизоат. Боз ҳам ҳақмузди эшон қадр нашуда мемонад, ки ин масъалаи хеле ҷиддист.
Билоли Шамс