Чунин шикоят ва арзи нафарони дигар ноҳияҳои минтақаи Кӯлобро шунидаам, ки ҳама оиди кам додан ва ё умуман барқро хомӯш карда, ба маҳалу ноҳияи онҳо надодан, дарди дил мекунанд.
Дар ҳақиқат, дар муқосаи ҳамин шабу рӯзи соли гузашта ба мардуми ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб камтар барқ дода мешавад. Ин худ исботи гуфтаҳои болост. Ҳайрон ба он мешавем, ки ба ҷойи сол ба сол беҳтар шудан, таъминоти барқ ба мардум баръакс коҳиш ёфтааст.
Сардори идораи хатҳои барқи Кӯлоб Мирзо Исмоилов мегӯяд, ки аз 13 октябри соли ҷорӣ барои мо меъёри истифодаи қувваи барқро дар асоси қарори Ҳукумати ҶТ аз ҳукумати вилоят ҷорӣ карданд. Барои истифодаи як шабонарӯзии тамоми мардуми ҳашт ноҳияи минтақаи Кӯлоб 1 миллион кВт соат қувваи барқ ҷудо кардаанд (ба ин шаҳри Кӯлоб ва ноҳияи Данғара дохил нестанд). Бо ин барқи мувофиқи меёр ҷудо карда шуда, ба БМН, идораи об, ба органҳои қудратӣ, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва корхонаҳои саноатие, ки дар хати тоза қарор дошта, аз идораи барқ қарздор нестанд, 24 соат таъминанд. Ба дигар мардумони шаҳраку деҳоти минтақа бошад, дар як шабонарӯз 6-7 соат қувваи барқ дода мешавад. Агар қувваи барқ ҳамин шабу рӯзи соли гузашта ба мардуми минтақа медодаро ба имсола муқоиса кунем, қариб фарқе надорад. Танҳо як чиз ин ҷо мушкилот эҷод мекунад. Бо сабаби хунук омадани боду ҳаво мардум бештар аз қувваи барқ истифода мекунанд.
Ба пурсиши он ки дар соли ҷорӣ чархаи якуми НБО Сангтуда-2 ба кор даромаду мушкилоти бебарқии мардум бартараф нашуд, посух дод, ки бо кам шудани обу дигар сабабҳо боз мушкилии беберқӣ дар мо дида мешавад.
Шаҳноза Қаюмова мудири шӯъбаи саноат, нақлиёт ва энергетикаи шаҳри Кӯлоб мегӯяд, ки дар як шабонарӯз 860000 кВт соат қувваи барқ мувофиқи меёр ҷудо карда шудааст. Ба беморхонаҳо, биноҳои маъмурӣ, қудратӣ, ҳукуматӣ, биноҳои баландошёна ва корхонаҳои саноатие, ки аз идораи барқ қарздор нестанд 24 соат қувваи барқ дар як шабонарӯз дода мешавад. Ба маҳалаҳои хонаҳои заминӣ доштаи шаҳр бошад, на камтар аз 16 соат дар як шабонарӯз қувваи барқ дода мешавад.
Аз рӯйи омори ба дасти мо расида, танҳо дар соли 2010 дар вилояти Хатлон 14 адад НБО-ҳои хурд ба истифода дода шудаанд, ки аз он 12 ададаш дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб мебошанд. Аз ҷумла, НБО- и Сангтуда -1 ва Сангтуда-2 низ дар ҳудуди ин минтақаанд.
Лекин таакҷҷубовар аст, ки мушкилоти бебарқӣ аз ҳама бештар дар ҳамин минтақа мушоҳида мешавад.