Вилояти Хатлон барои рушду ривоҷи ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ, аз ҷумла барои парвариши моҳӣ хубу мувофиқ аст. Табиат, иқлим ва боду ҳавои мусоиди ин ҷо имкон медиҳад, ки моҳӣпарварӣ чун яке аз соҳаҳои сердаромад дар ин мавзеъ ба таври густурда ба роҳ монда шавад.
Рӯду дарёҳои ин ҷо, бахусус Вахш ва Панҷ, ки хеле серобанду аз кӯҳҳои сарбаланду барфпӯш ибтидо мегиранд, барои парвариши моҳиҳои хушзоту хушнамуд, хоса ширмоҳӣ, гулмоҳӣ, гулмоҳии амударёӣ (моҳии шоҳона), зағорамоҳӣ, сазан, амури сафед, карп ва пешонапаҳн хеле мувофиқанд.
Ҳоло бо назардошти фоидаовар будани онҳо дар аксари хоҷагиҳои моҳидорӣ навъҳои зағорамоҳӣ, пешонапаҳн ва амури сафед парвариш мешаванд. Соли сипарӣ танҳо дар вилоят ба андозаи 2550 тонна гӯшти моҳӣ истеҳсол шуд, ки пешрафти соҳаи мазкурро нишон медиҳад.
Барои ривоҷи соҳа дар мамлакат «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018 – 2022» қабул карда шудааст, ки айни замон мавриди амал қарор дорад. Тибқи нишондодҳои барномаи мазкур мебояд моҳипарварӣ ба яке аз соҳаҳои сердаромади хоҷагии халқи мамлакат табдил дода шавад.
Ҳамзамон ин тадбири муҳими Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҷагидоронро вазифадор менамояд, ки барои рушду нумӯи соҳаи моҳидорӣ тадбирҳои судманд андешанд. Соли сипарӣ бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳипарварони ҷумҳурӣ, аз ҷумла вилояти Хатлон аз имтиёз ва сабукиҳои андозӣ бархӯрдор гардиданд, ки барои рушди соҳаи моҳипарварӣ таъсири амиқ хоҳад гузошт.
Ҳоло дар хоҷагиҳои моҳипарварии вилоят, аз ҷумла дар ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб дар ривоҷи ин соҳа пешравӣ ба назар мерасад. Фаъолияти хуби моҳипарварони хоҷагиҳои моҳидории «Абдураҳмон», «Исмоил», «Ҳабибамоҳ»-и шаҳри Кӯлоб, «Чубек»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, хоҷагии деҳқонии «Каёнуш», ҳавзҳои моҳипарварии ҷамоати деҳоти Исмат Шариф ва деҳаи Булёни Поёни ноҳияи Данғараро метавон ёдовар шуд, ки моҳипарвариро ба таври густурда ба роҳ мондаанд.
Моҳиҳои ҷумҳурӣ дар ҷаҳон аз ҷиҳати сифат серхаридоранд, бахусус моҳии амударёӣ, ки дар обу чашмаҳои шаффофи Тоҷикистон зиндагӣ менамоянд, тамъу лаззати ниҳоят гуворо доранд. Ин навъи моҳӣ соли сипаришуда дар шаҳри Женева сазовори ҷоизаи «Ситораи тиллоӣ» гардида буд.
Моҳипарварӣ дар ҷумҳурӣ метавонад ба пешрафти яке аз соҳаҳои муҳиму сердаромад - сайёҳӣ ва туризм таъсири амиқ расонад. Зеро яке аз намудҳои сайёҳие, ки дӯстдорони он сол то сол меафзоянд, ин сайёҳии саргузаштӣ ва шикори моҳӣ мебошад.
Имрӯзҳо ҷиҳати рушди ин соҳа дар ҷумҳурӣ шароити хубе фароҳам аст. Таҷрибаи аввалин дар ин самт имрӯзҳо дар шаҳри Данғара амалӣ мегардад. Алаккай дар ин ҷо ҳавзҳои махсусе барои парвариши ширмоҳӣ, гулмоҳӣ, гулмоҳии амударёӣ (моҳии шоҳона), зағорамоҳӣ, сазан ва амури сафед ташкил карда шудааст, ки диққати сайёҳон, хусусан дӯстдорони шикори моҳиро хеле зиёд ба худ ҷалб намудааст. Намунаи ин иқдомҳо дар ҳавзҳои моҳипарварии деҳаи Пушинг ва хоҷагии деҳқонии «Каёнуш» ба мушоҳида мерасанд. Дар хоҷагии мазкур ду ҳавзи моҳипарварӣ бо ғунҷоиши 36000 моҳӣ ташкил шудааст ва дар як вақт, дар ин мавзеъ, тамоми шароит барои қабули меҳмонон, хоса онҳое, ки шикори моҳиро дӯст медоранд, муҳайёст.
Дар ҳолати пурра ба кор андохтани он ҳама захираҳое, ки имрӯз дар дохили кишвар фароҳам аст, имкон пайдо мегардад, ки на танҳо сокинони кишварро бо гӯшти хушмазаи моҳиҳои тоҷикӣ таъмин намоем, балки ҳамзамон содироти ин моҳиҳои хушзотро ба хориҷи мамлакат низ тақвият бахшем. Ба ин тариқ, сайёҳон метавонанд ба табиати зебои Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир намоянд.
Ҷомӣ ЗАРИФЗОДА,
вилояти Хатлон