Ҳамчунин, ӯ илова намуд, ки боғҳои ҳосилдеҳи ноҳия танҳо ба мақсади захираи ҳезум тоза карда шуда, шудгори байни қаторҳои ниҳолҳои боғҳо ва мубориза зидди ҳашарот ва касалиҳои дигаре, ки дарахтонро сироят мекунанд, гузаронида намешавад. Барои ҳамин ҳосилнокӣ ва ҷамъоварии мева кам буда, содироти он ба берун аз кишвар ҳамагӣ 62,1 %-ро ташкил мекунад.
Мувофиқи маъулумоти раиси Ҳукумати ноҳияи Шӯрообод А. Икромов бошад, то ба имрӯз 100 тонна хушкмева аз ноҳияи содир шудааст. Нахуд бошад, имсол аз рӯи нақша 750 тонна истеҳсол карда шудааст, ки нисфи он ба хориҷи кишвар содир мешавад. Соли гузашта бошад, 100 тонна хушкмева ва 320 тонна нахуд ба хориҷи кишвар содир шуда буд.
Шароит ва моҳонаи хубу арзандаи бонувони мевағундор аз бештар ҳосили мева парвариш кардану ҷамъоварӣ намудани он ва ба хориҷи кишвар содир кардани он вобаста мебошад. Пас, метавон хулоса кард, ки боғдорони ноҳияҳои Мӯъминободу Шӯрообод барои беҳбудии шароити бонувони мевачини хоҷагиҳои деҳқонии худ кори ҷиддие анҷом надодаанд.