20

Мая, 2025
Сешанбе

20

Мая, 2025
Сешанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ДАВО

 

Ангубини Тавилдара

28q

Дар ҳавзаи шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ минтақаи Рашт дар соҳаи занбӯриасалпарварӣ пешсаф мебошад. Аммо дар ин водӣ соҳаи мазкур дар Сангвор бештар рушд намудааст. Тавре дар раёсати кишоварзӣ маълумот доданд, имрӯз дар ин ноҳия дар ҳама шаклҳои хоҷагидорӣ зиёда аз 13 000 оилаи занбӯр парвариш меёбад.

Солҳои охир бонувон низ ба ин соҳа таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамоянд. Танҳо дар се соли охир тавассути Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати ҷумҳурӣ, бонувони занбӯриасалпарвар ба маблағи 360 000 сомонӣ соҳиби грантҳои президентӣ гаштанд. Аз ҷумла, 90 000 сомонии ин грантҳо дастраси бонувони сангворӣ гардид.

Занбӯриасалпарвар Сабоҳат Тоҳирова дар хоҷагии худ 80 оила занбӯри асал дорад. Тавре мегӯяд, зиёда аз 20 сол аст, ки ба ин пеша шуғл меварзад. Аз ҳисоби даромади ин соҳаи камхарҷу сердаромад аҳли хонаводаашро таъмин месозад.

- Барои боз ҳам бештар намудани қуттиҳои занбӯр бо таҳияи барнома ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҷумҳурӣ муроҷиат намудем. Хушбахтона, пешниҳодамон дастгирӣ ёфт. Бо дарёфти 40 000 сомонӣ гранти президентӣ шумораи оилаҳои занбӯрро ба 80 қуттӣ расондем, - мегӯяд Сабоҳатбону.

- Занбӯриасалпарварӣ барои таъмини шуғл ва беҳдошти вазъи иқтисодии аҳолии деҳот мусоидат менамояд. Як шахс аз уҳдаи парвариши 40 – 50 оилаи занбӯри асал мебарояд, - мегӯяд бонуи меҳнатқарин.

Тавре Сабоҳатбону иброз медорад, имрӯз бештар бонувон ба занбӯриасалпарварӣ рӯ оварда истодаанд, зеро соҳа ба буҷети оила даромади хуб меорад.

- Дар ҷаҳони занбӯрҳо шакли сохтори модаршоҳӣ маъмул аст. Дар ҳар оила як модарзанбӯр ё маликазанбӯр мавҷуд аст, ки ҳама фармонбардори ӯянд. Аз ин рӯ, ба занбӯрҳо хуш аст бо бонувон кор кардан. Ҳар занбӯр вазифаи худро иҷро мекунад. Яке шаҳд меорад, дигаре ҷобаҷо мегузорад. Посбонону нозирон занбӯрҳои ифлоскору пурхӯрро ба хона роҳ намедиҳанд. Занбӯрони кашшоф бошад мав­зеъҳои сершаҳдро ёфта ба дигарон хабар медиҳанд. Занбӯрон тозакору покизаанд, - мегӯяд бо табассум Сабоҳатхон.

- Асали Сангвору Тавилдара аз он рӯ фарқ мекунад, ки занбӯрҳои ин маҳал аз набототи баландкӯҳ шаҳд гирд меоранд. Инчунин, асали хуб аз зоти занбӯр низ вобастагӣ дорад. Агар занбӯри зоти хуб ва бақувват бошад дар як сол ду маротиба асал гирифтан мумкин аст. Зотҳои сусти занбӯр тайёрхӯранд ва дар фасли сармо нест мешаванд. Аввали баҳор оилаҳои занбӯрро ҷудо карда, 250 – 300 сомонӣ мефурӯшем, ки баробари фурӯши асал фоида меорад.

Ба бонувони деҳот тавсия медиҳам, ки машғули ин касб шаванд. Зеро вазнинӣ надорад. Дар аввал мушкил аст, вале чун вориди ин ҷаҳон гаштӣ, аз он ҳузуру ҳаловат ва даромад мебинӣ, - мегӯяд мусоҳибам.

Олимони шуъбаи занбӯр­парварии Институти чорводории Академияи кишоварзии Ҷумҳурии Тоӌикистон дар самти беҳтар намудани зоти занбӯри асал корҳои селексиониро ба роҳ монда, зотҳои маҳаллии сермаҳсулро пешкаши занбӯриасалпарварон гардондаанд.

Тавре онҳо иброз намуданд, асалро занбӯр аз рустаниҳои шаҳддиҳанда ҷамъ оварда, баъди аз нав табдилсозӣ ба лоначаҳои алоҳида ҷой мекунад. Асал таъми ширин, бӯйи хуш, мазаи ба худ хос, рангҳои гуногун дошта, моеъ ва баъзан дар ҳарорати паст ба шӯша (крис­талл) мубаддал мегардад.

Асал маҳсули ду организм – наботот ва занбӯр мебошад. Барои омода кардани асал нақши асосиро занбӯрони асали ҷавон мебозанд. Онҳо шаҳдро аз занбӯрони корӣ қабул мекунанд ва намнокии онро кам карда, бо ферментҳои зарурӣ омехта менамоянд, баъдан ба лоначаҳо мегузоранд. Пас аз ба сомон расондани ин амалиётҳо, занбӯрон қисми болоии асали тайёрро бо мум мепӯшонанд. То вақти пӯшондани қисми болоии асал, занбӯрон онро якчанд маротиба аз лоначаҳо гирифта байни худ асалро коркард намуда, боз ба лоначаҳо мегузоранд, ки дар натиҷа нам­нокии асал аз 60 – 70 фоиз то ба 18 – 20 фоиз расида, ҳамаи равандҳои биологию кимиёвӣ анҷом меёбанд. Ин ҷараёнро пухтарасии асал меноманд.

Дар ҳолати ҳарорати аз 600 Со зиёд гарм кардани асал қариб ҳамаи витаминҳо вайрон мешаванд. Ҳамин тариқ, асал дорои моддаҳои фаъоли биологӣ буда, барои табобати бемориҳои асабу дил, камқувватӣ, касалиҳои пӯст, ҳар гуна ҷароҳатҳои вазнин, барои барқарор намудани хун дар организм, ба таври васеъ истифода бурда мешавад.

Масалан, занбӯрони зоти русиягӣ асалро хушк ва сафед мепӯшонанд, занбӯрони маҳаллии мо бошанд, ҳангоми пӯшондани рӯи асал, сатҳи болоии он одатан ба мум расида меистанд, ки онро усули «тар» мегӯянд. Асалеро, ки дар чаҳорчӯба нигоҳ дошта мешавад ва болояш пӯшонда шудааст, асали «канду» (сотовоя) меноманд. Ин намуди асал то 6 - 7 моҳ дар ҳолати моеъ буда, шӯшабандӣ намешавад.

Тавре мутахассисон иброз доштанд, асали Сангвор яке аз асалҳои беҳтарини кишвар маҳсуб меёбад. Зеро иқлим, табиат ва муҳити ин макон барои рушди соҳаи занбӯриасалпарварӣ нисбат ба дигар минтақаҳо хеле мусоидтаранд.

Далер САФАР,
ноҳияи Сангвор

29q

:.  Иқтисод 17.02.2021 11:01 893

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz