Таъмини ҷойҳои нави корӣ ва ҷалби бонувон ба истеҳсолот муҳимтарин омил баҳри баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа арзёбӣ мегардад. Бидуни таъмини коргоҳҳо, баланд бардоштани сатҳи иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва таъмини шароити маишӣ-фарҳангӣ, маърифатнокии бонувони хонанишин имконнопазир аст. Дар шаҳри Қӯрғонтеппа калонтарин корхонаҳои саноатӣ, ки замоне дар онҳо ҳазорҳо нафар бонувон бо ҷойи кор таъмин буданд, имрӯз фаъолият намекунанд. Як сабаби кор накардани корхонаҳои азим канда шудани робитаҳои иқтисодии байни кишварҳои Осиёи Марказӣ мебошад. Маҳдудияти нерӯи барқ, норасоии маблағ барои рушди истеҳсолот ва дигар мушкилиҳо боиси аз фаъолият мондани корхонаҳое шудаанд, ки 90% коргарони онҳоро бонувон ташкил мекарданд.
20 соли «бозсозӣ» дар«50-солагии СССР»
Соли 2003 дар базаи 12 сол бекорхобидаи машҳуртарин фабрикаи дӯзандагии Хатлон- «50-солагии СССР» ҶДММ «Меҳровар» таъсис ёфт. Солҳои 80-ум дар ин корхона ҳудуди ҳазор бону ба ҷойи кор таъмин буд. Баъди 3 соли таъсисёбии ҶДММ «Меҳровар» теъдоди кормандони он ба 140 расид, ки 105 нафарро бонувон ташкил мекарданд.
4 моҳ мешавад, ки фабрикаи дӯзандагии «Меҳровар» аз фаъолият боз монда, беш аз 100 бону бекор монд. Вақте мо озими бинои ҶДММ «Меҳровар» шудем, ба ҷуз сармуҳосиби корхона касеро надидем. Раҳим Раҳимов, сармуҳосиби ҶДММ «Меҳровар», иброз медорад, ки дар баробари рушди истеҳсолот, соли 2008-ум дар базаи корхона сехи пойафзолбарорӣ бунёд намуда, шумораи коргаронро то 40 нафари дигар зиёд карданд. Соли 2010-ум дар доираи ҳамкориҳои муштарак соҳибкорони Корея ба фабрика ба маблағи 2 миллион сомонӣ таҷҳизоти замонавӣ ворид намуданд. Дере нагузашта шарикони хориҷии мо ба хулосае омаданд, ки бинобар баланд будани боҷи гумрукӣ, воридоти матои махсус ва коркарди он дар Тоҷикистон фоидаовар нест. Ба гуфти ӯ соли 2011-ум Агентии таъмини амволи махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо корхонаи онҳо шартнома набаст.
– Дар ҳоле, ки ягона коргоҳи сарпӯшҳои махсуси ҳарбӣ истеҳсол кунанда корхонаи мо буд. Соли гузашта сарпӯшҳои ҳарбиро аз хориҷи кишвар ворид намуданд. Пас куҷо шуд дастуру супоришҳо ва сиёсати Ҳукумат оид ба дастгирии соҳибкорони ватанӣ? Имрӯз аз сабаби надоштани шартнома талабот ба маҳсулоти истеҳсолии мо коҳиш ёфта, тӯли чаҳор моҳ мешавад, ки корхона фаъолияти худро қатъ карда, 140 нафар коргар ба рухсатии бемузд фиристода шудааст, -–мегӯяд Раҳим Раҳимов.
ҶСШК «Ресанда»
ҶСШК «Ресанда» бузургтарин корхонаи саноатии Хатлон то пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ бо теъдоди 3 ҳазор коргар дар се баст фаъолият мекард. Орифҷон Абдукаримов, роҳбари ин корхона, иброз медорад, ки бинобар фарсудашавии дастгоҳҳои истеҳсолӣ ва норасоии қисмҳои эҳтиётӣ наметавонанд риштаи ба талаботи замон ҷавобгӯй ва дар бозор рақобатпазир истеҳсол намоянд. Дар баробари ин, ба андешаи ӯ, тӯли 2 ҳафтаи аввали моҳи март бо сабаби норасоии нерӯи барқ ҶСШК «Ресанда» фаъолияти худро қатъ карда, 119 нафар коргар, ки 90% -и онро бонувон ташкил менамоянд, дар рухсатии бемузд қарор дорад. Ба гуфти Орифҷон Абдукаримов, ба наздикӣ дар ҳамкорӣ бо соҳибкорони чинӣ барои корхона дастгоҳҳои замонавии ресандагию бофандагие меоранд, ки ба иқтидори 7-8 адад дастгоҳҳои пешина кор мекунанд. Дар назар аст, ки баъди муҷаҳҳазгардонии сехҳои истеҳсолии корхона, ҳудуди 300 бону бо ҷойҳои корӣ таъмин мешавад.
«Саодат» кай ба саодат мерасад?
Маҷмааи маишии «Саодат»-и шаҳри Қӯрғонтеппа, ки дар гузашта машҳур буд, ба як иморати бекорхобида табдил ёфтааст. Ба қавли сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа ин маҷмаа зеботарин иншооту серодамтарин нуқтаи шаҳр маҳсуб меёфт. Дар ин бинои панҷошёна нуқтаҳои гуногуни хизматрасонии маишӣ ва марказҳои савдо фаъол буданд. Айни замон боми ин бино таъмир ёфта, корҳои сохтмонӣ дар ошёнаҳои гуногуни он давом доранд. Аммо рафти корҳои сохтмонӣ масъулини мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатиро қонеъ карда наметавонад. Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз муассисони ҶСК «Саодат» талаб намудаанд, ки бо баргузории ҷаласаи умумии саҳҳомон, аз рафти корҳои иҷрошуда ба Ҳукумат ҳисобот диҳанд. Дар мактуб омадааст, ки 25% саҳмияҳои ҶСК «Саодат» ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад.
Либоси миллии мо истеҳсоли куҷост?
Иқтисоддонҳо ба он боваранд, ки бо мурури замон соҳибкории хурду миёна мавқеи корхонаҳои азимро дар бозори истеҳсолӣ танг мекунад. Дар ҳоли ҳозир ба истиснои бозори марказӣ, ки дар он 2 ҳазор бону ба кори тиҷорат машғул аст, коргоҳҳои рӯ ба инкишоф сехҳои дӯзандагӣ мебошанд, ки дар онҳо аз 10 то 30 бону ба ҷойи кор таъмин мебошад. Фаъолтарин корхонаи хурди дӯзандагии шаҳри Қӯрғонтеппа, ки беш аз 40 намуд маҳсулот истеҳсол мекунад, ҶДММ «Дилором» мебошад. Аммо ба гуфти масъулини ин корхона бо ин шарту талаботи қарздиҳии бонкҳо соҳибкории хурду миёна дар кишвар рушд намеёбад.
– Бубинед, – мегӯяд Маъмур Бобоев, сарвари корхонаи дӯзандагии «Дилором», азбаски дар кишвари ҳамсоя соҳибкорон аз қарзҳои бо фоизи паст ва дарозмуддат бархурдоранд, сару либоси шарқии истеҳсоли Самарқанду Бухоро бозори моро ҳам гирифтааст. Ҷомаву тоқӣ, ҷелаку дигар либосҳои тоҷикиро, ки бозори гарм дорад, мо ҳам истеҳсол карда метавонем. Барои истеҳсоли сару либосҳои миллиро ба роҳ мондан, соҳибкорон ба қарзҳои фоизаш кам ва дарозмуддат эҳтиёҷ доранд. Аммо бонкҳои Тоҷикистон қарзро кӯтоҳмуддат ва ба фоизи баланд медиҳанд, ки бо ин роҳ бахши тиҷоратии ҷумҳурӣ рушду инкишоф намеёбад. Сабаби асосии қафо мондани иқтисодиёти мо нисбат ба кишварҳои ҳамсоя таъмин нашудани соҳибкорон бо қарзҳои дарозмуддати фоизаш паст мебошад. Агар, мо, соҳибкорон ҳам мисли ҳамтоёни хориҷиамон қарзҳои 5- 10 соларо бо фоизи паст гирифта метавонистем, то 500 ҷойи нави корӣ таъсис медодем.
Тоқии сафедак аз Чину ҷомаи сиёҳ аз Ӯзбекистон
Холиса Соибова, соҳибкори шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд: «Сехи дӯзандагие таъсис додам, ки дар он 20 бону ба кор ҷалб карда шуд, барои пешрафти кор лоақал 20 ҳазор сомонӣ қарзи дарозмуддат лозим аст. Вале бонкҳои мо қарзҳои 1,5-2 %-ро ба муддати як сол медиҳанд, ки фоизи солонаи он 28-30%-и маблағи қарзи гирифташударо ташкил медиҳад. Дар шароити бозаргонӣ бо чунин механизми қарздиҳӣ соҳибкории хурду миёна рушд намеёбад. Қаблан сару садоҳое буд, ки барои дастгирии бонувони соҳибкор маблағҳои зиёд ихтисос медиҳанд. Аммо ягон бонуро намедонам, ки аз ин имтиёзҳо бархурдор бошад. Соле пеш Сарвари давлат таъкид намуда буд, ки агар бонкҳои кишвар механизми қарздиҳии худро тағйир надиҳанд, зарурият пеш меояд, ки бонкҳои мамлакатҳои пешрафтаи дунёро ба Тоҷикистон даъват намоем. Мутаассифона, дар қаламраве, ки 97% мусулмон аст, то кунун бонкҳои исломӣ, ки қарзи бефоиз медиҳанд, арзи вуҷуд надоранд. Аз чӣ бошад, ки ин иқдоми Ҳукумат рӯи қоғаз монда, масъулини риштаи иқтисоди кишвар дар посухи ин суол дармемонанд; «Чаро як тоқӣ ё ҷомаи одии миллии истеҳсоли ватанӣ аз ҳамин гуна сару либосе, ки аз шаҳрҳои Бухорову Самарқанд вориди бозорҳои Тоҷикистон мешаванд, арзиши баландтар дорад? Мо бояд шарм дорем, ки ҳоҷиёни мо зимни бозгашт аз хонаи Худо барои пайвандонашон тӯҳфа – тоқии чинӣ меоранд».
Ҷамолиддин САЙФИДДИНОВ
P.S. Маълумоти оморӣ иддаои баъзе аз ҷомеашиносони долонҳои ҳукуматро, ки мегӯянд: «Дар Қӯрғонтеппа бонувони беҷойи кору дар ҷустуҷӯйи кор нестанд» ботил месозад. Зеро аз рӯи омор имрӯз аз 75,3 ҳазор сокинони доимии маркази Хатлон 37,7 ҳазор нафарро занону духтарон ташкил медиҳанд, ки аз ин теъдод 30% онҳо занони қобили меҳнат мебошанд.