Нафрат аз кирдори як бону
Чанде қабл сокини 31-солаи ноҳияи Мастчоҳ, модари панҷ фарзанд Гуландом Довудова (ному насабаш иваз шудааст), ки қаблан барои интиқоли маводи мухаддир муҷозот шуда буд, бинобар дубора даст ба як силсила ҷиноятҳо задан, боздошт гардид.
Чунончи, сардори бахши кофтукови ҷинояти РКД вилояти Суғд, подполковник Илҳомҷон Қосимов иброз дошт, гумонбаршаванда Гуландом рӯзи 08.09.2011 бо ҳамроҳии шаҳрвандон Рашид Абдураҳмонов ва Рустам Солеҳов, ки ҳарду 20-сола ва бекор ҳастанд, ба кормандони нуқтаи фурӯши сӯзишвории мавсум ба «Фирӯз»-и ноҳияи Мастчоҳ Мирзошариф Ашӯров ва Ҳалим Ҷумъаев ҳуҷум оварда, бо корд гардану гулӯи онҳоро буридаанд. Дар натиҷа Мирзошариф Ашӯрови 21-сола ба ҳалокат расида, дувумӣ дар ҳолати сангину вахим дар беморхона бистарӣ гардидааст.
Таҳқиқоти муқаддамотӣ ҳамчунин муайян кардааст, ки Гуландом моҳи майи соли гузашта бо Рустам ном шахс забон як карда, ба манзили истиқоматиаш Мадина Холматоваи 20-соларо даъват мекунад. Дар хонааш бо корд ба ӯ таҳдид намуда, ду адад телефони арзишашон 300 сомониро зӯран кашида гирифтааст. Баъдан дастони ӯро бо сим баста, аз соати 11:00 то 21:00 ба таври ғайриқонунӣ аз озодӣ маҳрум намудааст.
Нисбати ин ҳодисаҳо аз тарафи прокуратураи ноҳияи Мастчоҳ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаҳои 104 ва 131-и КҶ ҶТ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.
Сардори ситоди Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд, полковник Мирзонаим Муртазоев мегӯяд, ки бонувон ба содир намудани як қатор ҷиноятҳо даст задаанд. Вале дар ин миён онҳо дар қаллобӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ҷиноёти бештар содир карда, донишу малакаи хешро дар ин навъи «ҳунар» баланд бардоштаанд. Бо роҳи носавобу номатлуб зиндагӣ кардаанду атфоли хешро бо нони ҳаром бузург кардаанд.
Аҳсант ба кирдори бонуи дигар
Вале бонувоне низ ҳастанд, ки аробаи рӯзгори хешро бо заҳмату кори ҳалолу созанда пеш мебаранд. Яке аз онҳо бонуи ёвонӣ Ҷамила аст, ки дар яке аз хоҷагиҳои деҳқонӣ ба парвариши растании топинамбур, мурғи марҷон ва шутурмурғ машғул аст. Чуноне мушовири созмони ҷамъиятии «Шабакаи машваратию иттилоотӣ» -и шаҳри Душанбе, номзади илми байторӣ Облоқул Бақоев иброз дошт, соли дуввум аст, ки созмони онҳо порчаи заминеро дар ноҳияи Ёвон ба иҷора гирифта, парвариши растании топинамбур ва мурғҳои марҷону шутурмурғро ба роҳ мондаанд. Ба кори нигоҳубини растанию паррандаҳо бонуи таҳҷоӣ Ҷамила ҷалб шудааст. Вай ҳам мурғҳои марҷон ва ҳам панҷ сар шутурмурғро нигоҳубин менамояд. «Мо ин шутурмурғҳоро моҳи майи соли гузашта, вақте онҳо якрӯза буданд, аз Эрон овардем»,- изҳор медорад Облоқул Бақоев, -дар ин муддат онҳо 70-80 кило вазн гирифтаанд. Ягон намуди чорвои маҳаллӣ, чун гӯсфанду барзагову буз дар як сол ба ин андоза вазн намегирад. Навад дар сади ғизои шутурмурғҳоро алаф ташкил медиҳад. Даҳ дар сади ғизои дигарро аз ҳисоби ҷаву гандуму ҷуворӣ бо омехтаи маводи витаминдори дигар омода мекунанд. Мо дар маҷмӯъ 20 сар шутурмурғ оварда будем ва тайи як сол 15 сарашро кушта ба сокинони маҳал додем. Ҳадаф он буд, то мардум бидонад, ки гӯшти он ҳалол ва нигоҳубинаш ба манфиати кор хоҳад буд. Ҳамчунин пӯсти он ашёи хоми ноёб ба шумор меравад ва харидорони зиёд дорад. Баъди якунимсола шудани шутурмурғҳо ҳар яке то 70 адад тухм мегузорад ва ният дорем, ки бо истифода аз мурғҳои куркшаванда чӯҷаҳои нав бигирем. Ҳамчунин ният дорем, ки парвариши мурғи марҷонро, ки алҳол тақрибан сад сар ҳастанд, зиёд кунем».
–Ман моҳе барои нигоҳубини ин паррандаҳо чаҳорсад сомонӣ маош мегирам,- иброз медорад Ҷамила. Fайр аз ин даромади хубе аз ҳисоби парвариши топинамбур, ки дар рӯйи ҳавлиам ба роҳ мондаам, ба даст меоварам. Ният дорам то дар ҳавлиям парвариши мурғи марҷонро, ки то 15-16 кило гӯшт хоҳад кард, ба роҳ бимонам. Мехоҳам фарзандонамро тавассути нони ҳалол тарбият бикунам. Бошад, ки фардо кисабуру зинокору қаллобу дузду сабукпой нашаванд.
Таҳлилгарон хулоса кардаанд, ки адами мавҷудияти ҷойи кор ва авомили дигар боис шуда, ки бонувон даст ба ҷиноёт бизананд. Албатта, ин омил таъсири худро дорад, вале мисли Ҷамила ҳазор бонувони дигар ҳастанд, ки барои таъмини рӯзгор меҳнати ҳалолу саодати хонаводагиро асос дониста, зиндагии шоистаро ихтиёр мекунанд. Аз ин рӯ, қисме аз занҳо омили набуди ҷойи корро баҳона карда, даст ба ҷиноёти вазнин ва ҷиноятҳои ахлоқӣ мезананду домани поки суннатии зани тоҷикро доғдор мекунанд.
Тилав Расулзода