ҶДММ «Неъмат»-и ноҳияи Восеъ имсол ҳар як тонна пахтаи супоридаи хоҷагиҳои деҳқониро 850 доллари амрикоӣ харидорӣ карда истодааст. Раиси ҶДММ «Неъмат» Алихон Худоёров мегӯяд, ки то ба имрӯз аз ноҳияҳои Данғара, Фархор, Ҳамадонӣ, Кӯлоб ва Восеъ 5000 тонна пахта ворид шудааст. «Рӯзе ба ҳисоби миёна ба корхонаи мо 250 тонна пахта ворид мешавад», - мегӯяд ӯ.
Директори генералии ҶСК «Пахтаи Кӯлоб» Лашкарӣ Мирзоев бошад, мегӯяд, ки корхонаи онҳо то ба имрӯз 1300 тонна пахта қабул кардааст. Мувофиқи шартномаи тарафайн, мо аз ҳар як тонна пахтаи супоридаи хоҷагиҳои деҳқонӣ 200 доллар ҳақи коркард мегирем.
Яку ним маротиба баланд шудани арзиши ҳама маводи ниёзи мардум дар бозорҳо ва 30-40 фоиз зиёд шудани маоши мардум ба арзиши чиниши ҳар як килограмм пахта бетаъсир мондааст. 98% - пахтачинон бонувонанду кӯдакон.
Боз ҳам ҳақмузди эшон қадр нашуда мемонад…