Ҷамъияти матлубот дар даврони Шӯравӣ ҳама соҳаҳои савдо ва таъминоти мардумро ба хӯрок ва дигар намуди маводи рӯзгор фаро мегирифт. Илова бар ин, яке аз ниҳодҳое буд, ки 50% - и кормандонашро бонувон ташкил медоданд. Дар ҳар деҳа як ё ду мағоза фаъолият мекард. Аз ҳама идораи бонуфуз ҷамъияти матлубот буд. Бо пошхӯрии Шӯравӣ фаъолияти ҷамъиятҳои матлуботи шаҳру ноҳияҳо ҳам фаъолияти худро коҳиш доданд. Шакли хизматрасонӣ ҳам ба куллӣ тағйир ёфт. Мағозаҳои зиёде ба фурӯш рафт. Вале 70-80% - и ин мағозаҳои фурӯхташуда ғайри мақсаднок истифода шуда, дар шакли аввалаи худ фаъолият надоранд. Қисме чун хонаи шахсӣ, қисме ҳамчун замини наздиҳавлигӣ ба фурӯш бароварда шуд. Марказҳои хӯроки умумӣ низ мисли мағозаҳо фурӯхта шуданд. Имрӯз аз теъдоди зиёди онҳо даҳ мағоза ва нуқтаҳои хӯроки умумӣ мондааст ё не? Ҳатто қисме аз ҷамъиятҳои матлубот ба ном мавҷуданд. Масалан, дар сӯҳбат бо раиси Ҷамъияти матлуботи ноҳияи Шӯрообод аз мавҷуд будани чунин як идораи замоне овозадор дар тааҷҷуб мондам. Ҷамъияти матлуботи ноҳия бо як мизу як шкафи кӯҳнаи доқёнусӣ, дар хоначаи назарногири ошпазе, муваққатан иҷора аст.
Раиси ҷамъияти матлуботи ноҳияи Шӯрообод Мирзоалӣ Ниёзов мегӯяд, ки онҳо дафтари корӣ надоранд: «Ман ду моҳ пеш раисии ин идораро бе утоқи корӣ қабул кардам. Дар даврони Шӯравӣ ҳар як деҳаи ноҳия мағозаи алоҳида дошт. Онҳо фурӯхта шуданд. Аксарияти ин мағозаҳо ғайриқонунӣ фурӯхта шудаанд. Мо вақти қабул ягон ҳуҷҷате наёфтем, ки қонунӣ фурӯхта шудани онҳоро тасбит намояд. Ҳоло чор мағозаи фурӯхташуда дар мурофиаи судӣ қарор доранд. Инчунин, нонпазхонаи деҳаи Саричашмаи ҷамоати Саричашма низ бо пули ночиз харидорӣ шудааст. Ин масъала дар суд дида мешавад. Имрӯз дар ҳисоби мо ҳамагӣ ду мағоза мебошад, ки мо онҳоро ба иҷора додаем. Ҳамчунин ду нуқтаи хӯроки умумӣ ва як бозор ба идораи мо тааллуқ доранд. Бозор дар ҳафта як рӯз кор мекунад. Идораи мо ҳамагӣ чор нафар корманд дорад. Ману муҳосибаму раиси бозори Саричашма ва чекчини он. Ба раиси «Тоҷикматлубот» ва ҷамъияти матлуботи вилоят муроҷиат кардем. Ваъдаи кӯмак доданд. Имсол ба маблағи 4500 сомонӣ маҳсулот аз деҳаҳои Даштиҷум харидорӣ намудему халос. Мақсад дорем, бо кӯмаки раиси ноҳия хоҷагии ёрирасон ташкил намоем. Аз сабаби набудани шароити хуб ва мусоид ҷамъияти матлуботи ноҳияро аз моҳи январ ба идораи маҳсулотқабулкунӣ табдил додем. Ақаллан техника надорем, ки маҳсулоти аз мардум харидорӣ шударо ба анборҳои худамон оварда, захира кунем. Дар мавсими ҷамъоварии себ дар Шӯрообод арзиши як килограмми он аз 80 дирам то 1 сомонӣ аст. Имрӯз як килограмм себ аз шаш- ҳафт сомонӣ паст намефарояд», - мегӯяд ӯ .
Фаъолияти ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ҳамадонӣ низ қанеъкунанда нест. Дар нишасти матбуотӣ аз фаъолият ва захираи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ пурсон шудем. Раиси ноҳия Хӯҷамурод Фазлиддинов бошад, аз раиси ҷамъияти малуботи ноҳия захираи картошка ва пиёзро пурсон шуд. Раиси ҷамъияти матлуботи ноҳия, Қосимов посух дод, ки барои паст кардани нархи картошка дар бозори ноҳия 120 тонна захира карда буданд. 20 тоннаашро ба намоишгоҳи шаҳри Душанбе бурда, бо арзиши як сомониву 50 дирам фурӯхтаанд. Ба суоли мо дар мавриди он ки чаро картошка бо ин маблағ ба мардуми ноҳия фурӯхта нашуд, раиси ноҳия ва тоҷикматлубот посух надоданд.
Раиси шаҳри Кӯлоб Ҳамид Абдуллоев бошад, мегӯяд, ки дар ҳақиқат кори ҷамъияти матлуботи шаҳр феълан ҷавобгӯйи давру замон нест. «Мо чанд моҳ шуд раиси ҷамъияти матлуботи шаҳрро иваз кардаем ва боварӣ дорем дар оянда кори ин идора каме ҷоннок мешавад»,- мегӯяд ӯ.
Дар ҷамъияти матлуботи ноҳияи Фархор бо як нафар собиқадори он ҳамсӯҳбат шудем. Ин шахс хоҳиш кард, ки аз гирифтани ному насабаш худдорӣ кунем. Ӯ чунин ибрози андеша намуд: «Дар ноҳияи Фархор 120 адад мағоза ва 40 адад нуқтаҳои хӯроки умумӣ мавҷуд буд ва дар онҳо 1000 нафар кор мекард. 50 % -и онро занҳо ташкил менамуданд. Ҳамчунин дар назди ҷамъияти матлубот идораи маҳсулоттайёркунӣ буд, ки картошка, пиёз, карам ва помидор қабул мекард. Илова бар ин иттиҳодияҳои сехҳои истеҳсолкунии маҳсулотҳои қаннодӣ фаъолият дошт. Тарзи фаъолияташон мутамарказонида буд. Аз ҳисоби давлат фондҳои махсус ҷудо карда мешуд. Бо тақозои иқтисоди бозоргонӣ сектори хусусӣ такмил ёфту дар баробари сектори давлатӣ дар рақобат шуд. Имрӯз дар ҷамъияти матлуботи ноҳияи мо 14 адад мағоза ва 8 адад нуқтаҳои хӯроки умумӣ фаъолият мекунанд. Ба ҳисоби умумӣ имрӯз идораи мо 35 нафар коргар дорад. Боқӣ 80 адад мағозаҳои дигари ҷамъияти матлуботи ноҳия фурӯхта шуда, хусусӣ гардонида шуданд ва аз ин шумора метавон гуфт, ки танҳо 20%-ашон дар самти аввалаи худ, фаъолият доранд. Тахминан 20%-и дигарашон канда вайрон шуда, ҳамчун замини наздиҳавлигӣ фурӯхта шудаанд. Имрӯз 16 адад мағозаи боқимонда дар хизмати мардум мебошад. Гардиши якмоҳаи ҷамъияти матлуботи ноҳия имрӯз ҳамагӣ 50 ҳазор сомониро ташкил мекунад».
Ҷамияти матлуботи ноҳияи Данғара низ дар баробари ҷамъиятҳои матлуботи каму беш фаъолияткунанда мебошад. Имрӯз 13 адад мағоза, чор нуқтаи хӯроки умумӣ ва як бозори калони ҳаррӯза, ду бозори ҳафтаина, як заводи нонпазӣ ва як сехи истеҳсолкунандаи маҳсулоти қаннодӣ дорад. Гардиши якмоҳаи мағозаҳои ҷамъияти матлуботи ноҳия 36000 сомониро ташкил мекунад.
Даромади моҳонаи як ҷамъияти матлуботи ноҳияи калон ва пешқадам 50000 сомонӣ асту дар муқоиса гардиши моҳонаи як тоҷири миёнасавдои бозор ба камиаш 100000 сомониро ташкил медиҳад. Ё вақте даромад аз хоҷагии ёрирасон 900 сомонӣ дар солро ташкил медиҳад, ин барои як ҷамъияти матлубот хандаовар нест? Як деҳқони оддӣ аз 6-7 сотих замини наздиҳавлигиаш 3- 4 ҳазор сомонӣ даромад мебинад!
Имрӯз ҷамъиятҳои матлуботи ноҳияҳо магар наметавонанд маҳсулоти мардумро сари вақт, бо нархи арзон харидорӣ намуда, баъдан онро дар дохили кишвар, ва ё ба хориҷа ба савдо бароранд? Магар танзимкунанда ва пасткунандаи арзиши маҳсулоти бозор ҷамъиятҳои матлубот буда наметавонанд? Механизм ва тарзи корбарии кормандони ҷамъиятҳои матлубот имрӯз ба замона мувофиқ нест. Дар бозор бо сектори хусусӣ дар рақобат буда наметавонад. Онҳо имрӯз бо ном боқӣ мондаанду халос. Ин ҳам дар ҳоле, ки ҳукумат аз афзоиши нархи маҳсулот нигарон аст.
Билоли Шамс