Зебонисо Султонзода чиҳил сол аст, ки дар соҳаи молиёт фаъолият дорад. Шогирдони зиёдеро тарбия намудааст. Зиндагиномаи бонуи соҳибтаҷриба ҷолибу андӯхтанист ва намунаест барои ҳар шахси навкор ва раҳбар. Ӯ омӯзгорест баҳри ҳар навшогирд, ба хусус дар илми иқтисод.
Заҳматҳои бону Зебонисо бо медали «Хизмати шоиста», нишони Вазорати молия ва ифтихорномаҳои соҳа қадр шудаанд.
Фидоӣ
Агарчи шавқу рағбатам ба фанҳои дақиқ зиёд буд, орзуи прокурор шуданро доштам. Ҳавасам ба илми ҳисоб аслан авлодӣ аст. Падар дар замони шӯравӣ роҳбари хоҷагӣ буд, ҳисобу китоби хоҷагиро худаш анҷом медод. Гоҳе ҳавасмандона ман низ бо чут ба кори қиблагоҳам кумак мерасондам. Амакам низ аз ин касб ризқу рӯзӣ меёфт. Бародарам дар пешбурди кори муҳосибот ҳамто надошт. Хуллас, интихоби пеша бароям тасодуф набуд.
Мудофиаи гражданӣ ё ба истилоҳ дарси ҳарбӣ дӯстдоштатарин фан дар замони мактабхониам буд. Пӯшидани либоси ҳарбиро дӯст медоштам. Аз он ки як духтари одии деҳотӣ будам, дар бораи факултаи ҳуқуқшиносӣ маълумот надоштам. Аз тасмимам дар мавриди интихоби пешаи прокурорӣ волидонам огаҳ буданд, вале падарам таҳсиламро дар факултаи молия ва қарзи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин мақбул донистанд. Сухани падар барои аҳли хонавода амр буд. Пофишорӣ накардам, зеро на ҳар духтари деҳ имкони ба пойтахт омадану соҳибмаълумот шуданро дошт.
Мебоист аз 4 фан имтиҳони дохилшавӣ месупурдам. Вақте ки ба таври шифоҳӣ ба билети рақами 2 – и имтиҳони якум ҷавоб додам, онро писандиданд ва аз дигар санҷишҳо озод карданд. Ҳамин минвол, донишҷӯ шуда, соли 1981 онро муваффақона хатм намудам.
Шурӯъ аз ҳамон сол фаъолиятам дар шуъбаи маорифи ноҳияи Данғара ҳамчун иқтисодчӣ оғоз ёфт. Баъдан, дар истеҳсолот ба сифати муҳосиб кор кардам. Бисту як сол қабл бо сабабҳои оилавӣ ба шаҳри Душанбе кӯчидем ва дар ширкати «Барқсервис» як муддат муҳосиб будам.
Соли 2006 Вазорати молияи ҷумҳурӣ барои ишғоли ҷойҳои корӣ озмун эълон намуд. Дар он ширкат варзида, муваффақ гаштам ва ба вазифаи сардори шуъбаи қарзҳои берунаи ҷумҳурӣ дар назди вазорат таъйин шудам. Аз соли 2011 директори Хазинаи сарватҳои давлатии назди Вазорати молияи ҶТ мебошам.
Бале, барои зан анҷом додани рисолати модарию ҳамсарӣ ва ҳамзамон, роҳбарӣ корест бас вазнин. Касбамро дӯст медорам ва агар рӯзе болои миз ҳуҷҷатҳои ҳисоботиро набинам, худро нороҳат эҳсос менамоям.
Сарфакори сари оташдон…
Воқеан, кори муҳосибот хеле мушкил аст. Дар ҳуҷҷатгузорӣ як рақами зиёд ё кам тақдири роҳбари корхона ва муҳосибро ҳал менамояд, бахусус, ҳисобу китоби музди меҳнати кормандон. Дар ин самт сармуҳосиб баробари роҳбари корхона масъул аст, зеро дар назди тафтишгарон маҳз ҳамин ду нафар ҷавобгар мешавад. Аз ин хотир, бар он андешаам, ки роҳбари корхона бояд забони муҳосиботро хуб донад.
Марбут ба ин гуфтаҳо, агар бонуи хонадон ҳам саводи иқтисодӣ дошта бошад, ба исрофкорӣ роҳ намедиҳад. Масалан, пеш аз харид кардан фикр мекунам, ки маблағро дар куҷо, чӣ гуна сарф намоям?
Бояд мутахассис тарбия кард…
Ҷавонони имрӯза, ҳарчанд аз чандин забонҳо ва илму техникаи муосир бархӯрдоранд, таҷрибаи корӣ чизи дигарест. Онҳо бояд солҳо аз собиқадорони соҳа омӯзанд. Имрӯз барои пешрафту нумӯи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ мутахассисони корозмуда заруранд, ба хусус дар бахши молиёту иқтисод.
Ростӣ, аз шунидани калимаи устод аз забони шогирдон болида мегардам. Муболиға не, дар устодӣ сахтгирам, тартибу низомро аз шогирдон талаб мекунам. Аксари онҳо ҷавонҳое ҳастанд, ки баъди хатми донишгоҳ ба кор ҷалб шудаанд.
Чанде пеш аз роҳбари ташкилоте хоҳиш намудам, ки ҷавононро аз зумраи ятимони кулл пешниҳод намоянд, то ба шогирдӣ гирам. Яъне, тарбияву интизоми корманд бароям дар мадди аввал меистад. Агарчи тартибу интизом ва тарбия аз хонавода маншаъ гирад ҳам, дар шеваи тартиб ва интизоми корхона тафовут ҳаст, ки корманд бояд ба он мувофиқ шавад.
Вақте шогирдонамро мебинам, ки аз уҳдаи кор ба хубӣ мебароянд ва ба касб содиқанд, ба роҳбарӣ пешниҳод мекунам ва тавсияашон медиҳам, то ба озмунҳои дигар вазорату кумитаҳо барои ишғоли вазифаҳои роҳбарӣ ширкат варзанд.
Фосила касро «танбал» мекунад
Тафовути синну соли панҷ фарзандам аз ҳамдигар ҳамагӣ 1 ё 1, 5 сол аст. Боре ҳам барои нигоҳубини кӯдак дар рухсатии давомнок набудам. То семоҳагии фарзандонам хушдоманам ёрӣ мерасонд. Баъдан фаъолияти яслиҳои он давраина кори бонуҳои коргарро осон намуда буд. Ёд дорам, ки ҳатто соати 1 ё 2 -и шаб дар танӯр нон пухтам, зеро намехостам, ки бо коргар будани худ аз масъулияти хонадорӣ дар канор бошам. Қариб дар кулли ҷаласаҳои мактабии фарзандонам иштирок менамудам ва рӯзи имтиҳонҳои дохилшавиашон ҳатман ба табрикашон мешитофтам. Ба ҳама кор сари вақт мерасидам ва намехостам дар ҷараёни фаъолиятам фосила ба миён ояд…
Кадбонуи номӣ нестам
Аввалин омӯзгор дар зиндагии хонаводагӣ модар аст. Маҳз ӯ ба духтар ҳунари пазандагию дӯзандагиро меомӯзонад. Ин анъана дар ҳар хонаводаи тоҷик ҳаст. Омода намудани ғизоҳои миллиро дӯст медорам, бахусус ошро. Ҳар ҳафта фориғ аз кор бо орди осиёбӣ нони танӯрӣ мепазам. Ба хотири сарфаи буҷети оила барои фарзандонам кӯрпаю кӯрпачаҳоро худам медӯзам ва он маблағро барои дигар лавозимоти рӯзгор масраф менамоям. Хуллас, ҳар он ҳунаре, ки аз модар омӯхтаам, онро дар рӯзгордорӣ мавриди истифода қарор медиҳам.
АНОҲИТО