Дар ҳафтоду чаҳор соли шӯравӣ иқдомоти таърихие дар заминаи роҳсозӣ ва тавассути он фарҳангпароканӣ анҷом гирифт, аммо Тоҷикистон ҳамоно кишвари дар бунбаст боқӣ монд. Аз ҷумла байни ҷанубу шимол ҳар сол ҳудудан тайи шаш моҳ пайванди автомобилӣ қатъ мешуд, иртибот аз тариқи ҷумҳурии ҳамсоя сурат мегирифт ва амнияту истиқлоли Тоҷикистонро дучори хатари ҷиддӣ месохт. Биноан, давлати миллии навзуҳур аз ибтидо вораҳониши ҷумҳуриро аз бунбасти иртиботӣ ба унвони барномаи стратегии худ эълом сохт.
Дар арзи бист соли истиқлоли миллӣ корҳои азиме дар ин замина анҷом гирифт. Шоҳроҳи Кӯлоб – Қалъаихумб – Мурғоб – Кулма – Сиёҳсангон (Қароқурум) ҷумҳурии моро бо Чин иттисол дод. Бунёди нақбҳои Истиқлолу Озодӣ ва бозсозии шоҳроҳи Душанбе-Чанак, ки соли 2011 поён хоҳад ёфт, кишварро ба қаламрави иқтисодии воҳид ва бозори ягона табдил медиҳад ва миёни мардумони минтақаҳои мухталиф якпорчагӣ падид меоварад. Тармиму таҷдиди шоҳроҳи Ваҳдат-Саритош пайванди иқтисодии моро бо Қирғизистону Қазоқистон таҳким мебахшад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ бо баҳраварӣ аз сармояҳои дохиливу хориҷӣ дар маҷмӯъ 1 ҳазору 200 километр роҳи мошин, 14 километр нақб, 93 пул ва 5 километр иншооти зиддитармавӣ бунёд ва тармим мешаванд, ки роҳҳои мошинии Қӯрғонтеппа-Панҷ ва Душанбе-Ваҳдат-Данғара аз ин қабиланд. Дар солҳои наздик навсозии роҳҳои мошинии Душанбе-Турсунзода, Кӯлоб-Қалъаихумб, Айнӣ-Панҷакент ва бунёди нақбҳои Шаҳристону Чормағзак дар назар аст.
Мутаваққифсозии қатораҳои Тоҷикистон дар соли 2010 дар қаламрави кишвари ҳамҷавор, ки аксар ҳомили колоҳои стратегӣ буданд, садҳо миллион сомонӣ ба иқтисоди Ватани мо хисорот ворид карда, сохтмони нерӯгоҳи Сангтӯда-2-ро ба таъхир гузошт ва бори дигар нишон дод, ки истиқлол ва озодии миллати тоҷик сахт осебпазир аст. Аз ин лиҳоз Ҳукумати ҷумҳурӣ яке аз роҳкорҳои таъмини амнияти миллӣ ва суботи сиёсию иқтисодиро дар бунёди хатҳои оҳани дохилӣ ва бениёзии комил аз роҳи оҳани Ӯзбекистон медонад. Тарҳи бунёди роҳи оҳани Ҷануб-Шимол аз ин силсила мебошад. Ин хатти оҳан бо оғоз аз 5 километри шарқтари шаҳри Турсунзода ва бо убур аз дараи Сиёма (Қаратоғ) ва қалби ағбаи Мӯраву чапкаронаи Искандаррӯд дар километри 92-юм худро ба шоҳроҳи мошинии Душанбе - Хуҷанд хоҳад расонид ва тавассути соҳили рости Фонрӯд бо гузар аз рӯйи рӯдхонаи Зарафшон, синаи қаторкӯҳи Суғд, ноҳияи Шаҳристон ва ғарби шаҳри Истаравшан ба қитъаи мавҷуди роҳи оҳани Бекобод - Конибодом хоҳад пайваст. Алҳол ду вора (вариант)-и ин роҳ таҳия шудааст, ки тибқи вораи якум 274 ва тибқи вораи дуюм 254,6 километр дарозӣ хоҳад дошт. Дар ин масир сохтусози 5 ё 6 нақб, қариб 60 пул, миқдори зиёди таъсисоти зиддитармавӣ, пули ҳавоӣ, лӯлаи обгузар ва девор дар назар аст. Интихоби ниҳоии роҳ, таъини ҳаҷми корҳои тавҷеҳӣ ва арзиши ҳақиқии сохтмон ниёз ба таҳқиқу баррасии дубораи минтақа дорад ва чун ин амр анҷом гирифт, сохтусоз шурӯъ хоҳад шуд.
Тоҷикистон дар пайвандгоҳи минтақаҳои паҳновари қора – Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ, Шарқи Дур ва Шарқи Миёна воқест, аз мавқеияти истисноии ҷуғрофиёи табиӣ, сиёсӣ ва стратегӣ бархурдор аст ва бо баҳраварӣ аз ин истисноият ва бо дифоъ аз манофеи миллӣ доктринаи сиёсии кушоиши дарҳоро таҳаққуқ мебахшад.
Дар сафари Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Исломии Эрон дар таърихи 27-28 ноябри соли 2008 тавофуқ ҳосил шуд, ки роҳи оҳани Машҳад-Ҳирот-Мазоришариф-Бандаришерхон-Панҷипоён бунёд шавад ва алҳол корҳои оғозин дар ин робита ҷараён дорад. Ин роҳи оҳан аҳамияти стратегии бузург дошта, Тоҷикистонро аз истифодаи хатҳои оҳани Ӯзбекистону Туркманистон комилан бениёз сохта, ҷонпайвандии се кишвари форсизабонро ба сатҳу сифати нав иртиқо мебахшад ва дар сурати иттисоли ин хат ба роҳи оҳани Қирғизистон ва Чин наздиктарин масире хоҳад буд, ки Осиёро бо Урупо васл хоҳад дод ва Шоҳроҳи абрешими таърихиро эҳё хоҳад сохт. Ин роҳ 2 ҳазору 260 километр тӯл дошта, тибқи муҳосибаи қаблӣ сармояи эҳдоси он ба тахмин 3,2 миллиард доллар хоҳад буд. Тоҷикистон барои татбиқи амалии ин барнома тарҳи хатҳои оҳани Душанбе-Қӯрғонтеппа, Румӣ-Панҷипоён ва Ваҳдат-Қарамиқ (марзи Қирғизистон)-ро фароҳам намудааст, ки дар солҳои наздик бунёди онҳо оғоз хоҳад шуд.
Пул ҳам монанди роҳ халқҳоро бо халқҳо, кишварҳоро бо кишварҳо иттисол медиҳад, пулсозӣ баъди Истиқлоли давлатӣ хеле равнақ ёфт ва аз ҷумла панҷ пул ба рӯйи рӯдхонаи Панҷ бунёд гардид. Бо ёрии молии бунёди Оғохон дар Хоруғ, Дарвоз ва Ишкошим се пул бунёд ёфт. Хусусан шоҳпули «Дӯстӣ», ки соли 2008 бо сармояи амрикоиҳо сохта шуда, Панҷипоёнро бо Бандаршерхон пайванд медиҳад, равзанае ба сӯйи уқёнуси Ҳинд аст ва вуруди Тоҷикистонро ба обҳои гарм имконпазир мекунад. Агар соли 2006 муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Афғонистон 25 миллион долларро ташкил медод, пас ҳоло ин гардиш 20 баробар афзоиш ёфтааст.
Фишурдаи калом, Тоҷикистон дар ояндаи хеле наздик бо раҳоиши комил аз бунбасти иртиботӣ ба чорроҳаи стратегие табдил хоҳад ёфт, ки Шимолу Ҷануб ва Шарқу Ғарбро бо ҳам пайванд медиҳад ва бад-ин васила гоми бузурге дар таҳкиму тақвияти Истиқлолу Озодии худ бармедорад.