Аз соли 2000 то 2010 маоши миёна аз 13,45 сомонӣ ба 258,79 сомонӣ афзоиш ёфта, 19,2 маротиба зиёд гардид.
Дар солҳои 1997-2010 ба вилоят 2624,9 млн. доллари ИМА сармояи хориҷӣ ворид гардид.
Соли 2010 ҳаҷми даромадҳои бюҷети давлатии вилоят зиёда аз 503 миллион сомониро ташкил намуд.
Дар соли 2010 маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ нисбат ба соли 2000 18,9 маротиба афзоиш ёфт.
Дар вилоят 184 ҳазор нафақахӯрон умр ба сар мебаранд.
Алҳол дар вилоят дар бахши саноат 253 иттиҳодия, комбинат ва муассисаҳои шаклҳои моликияташон гуногун фаъолият доранд. Феҳрасти маҳсулоти асосии саноатӣ, ки дар ҳаҷми калон истеҳсол карда мешаванд, 74 номгӯйро дар бар мегирад.
Дар ҳудуди вилоят 8 комбинати калони консервбарорӣ ва 18 корхонаю сехҳои хурд фаъолият доранд, ки дар як сол зиёда аз 100 миллион қуттии шартӣ истеҳсол менамоянд.
Ҳоло дар вилоят 8885 адад хоҷагиҳои деҳқонӣ фаъолият карда истодаанд.
Дар соли 2010 истеҳсоли маҳсулоти ғалладонагӣ дар вилоят ба 266,5 ҳазор тонна расонида шудааст.
Дар доираи Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи нерӯгоҳҳои барқӣ дар давраи солҳои 2009-2020 14 нерӯгоҳи обии хурди барқӣ бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
Вилоят бо 63 давлати ҷаҳон, аз ҷумла 10 давлати ИДМ ва 53 давлатӣ хориҷии дур муносиботи иқтисодии тиҷоратӣ дорад.
Дар соли 2010 гардиши моли берунии вилояти Суғд 944.6, содирот 207.8 ва воридот 736.8 миллион долларро ташкил дод.
Дар 10 соли охир ҳаҷми сармоягузории хориҷӣ ба иқтисоди вилоят 2 миллиард долларро ташкил дод.
Дар раванди тағйироту дигаргунии иқтисодӣ дар ҳудуди вилояти Суғд 63 корхонаи муштарак бунёд ёфта ва фаъолият доранд, ки калонтарини онҳо: КМ «Зарафшон», КМ «Ҷавонӣ», КМ «Текстил-Сити», КМ «ВТ-СИЛК», КМ «Хуҷанд- Пакиҷинг», КМ» Хуҷанд-Зил», КМ «САТН», КМ «Апреловка», КМ «Адрасмон», КМ «Анзоб», КМ «Оби зулол», КФ «Европен Тобако Тоҷикистон» ба шумор мераванд.
Тайи солҳои 2006-2010 маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ 4 маротиба афзуда, он аз 22,4 миллион сомонии соли 2006 то ба 91,5 миллион сомонӣ расонида шуд. Барои омода кардани кадрҳои ин соҳа дар вилоят 4 омӯзишгоҳ ва 1 коллеҷи тиббӣ амал мекунанд.
Дар вилоят 12 муассисаи олии таълимӣ, 19 техникум ва коллеҷ, ташкилотҳои лоиҳавӣ-ихтироотӣ, заводҳои таҷрибавӣ ва ғайра амал мекунанд.
Дар комплекси илмӣ-таълимии вилоят 173 муассисаи томактабӣ, 896 мактаби таҳсилоти умумӣ, 23 муассисаи маълумоти махсус, 16 муассисаи махсуси миёна, 6 муассисаи олии таълимӣ фаъолият доранд.
Дар комплекси илмӣ-техникии вилоят 867 корманди илмӣ, аз ҷумла 40 доктор ва 251 номзади илм фаъолият мебаранд. Танҳо дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Fафуров 15 факулта фаъолият дорад, ки дар онҳо зиёда аз 12,5 ҳазор донишҷӯй таҳсил мекунанд. Дар 76 кафедраи он 822 омӯзгор, аз ҷумла 236 номазади илм, 60 профессор ва доктори илм фаъолият мебаранд.
Дар солҳои 2006-2010 маблағгузорӣ ба соҳаи фарҳанг 4,8 маротиба афзуда, тӯли ин солҳо барои рушди соҳа дар маҷмӯъ 105,7 млн.сомонӣ равона гардид.
Дар вилоят 29 навъи варзиш маъмул буда, 40 мактаби варзишии бачагону наврасон фаъолият мебаранд, ки дар онҳо зиёда аз 16 ҳазор нафар машғули тамринанд.
Дар вилоят 39 варзишгоҳ, 1782 бинои варзишӣ, 392 толори варзишӣ, 20 ҳавзи шиноварӣ, 3 маркази варзишию табобатӣ фаъолият доранд.
Соли 2009 дар вилоят варзишгоҳ барои 25 ҳазор тамошобин мавриди истифода қарор дода шуд.