Имкон ба даст омад, ки дар асоси барномавӣ сохтмони як идда иншооти нави таъиноти иҷтимоидошта, пеш аз ҳама дар соҳаҳои тандурустӣ 20 иншоот ба маблағи 20,6 млн. сомонӣ, маориф 81 иншоот ба маблағи 92,4 млн. сомонӣ, фарҳанг 36 иншоот ба маблағи 130,2 млн. сомонӣ ва 1 млн. 91 ҳазор метри мураббаъ манзил ба маблағи 147,3 млн. сомонӣ бунёду эҳё гардад.
Парки нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятии коммуналӣ ба маблағи 113,9 млн. сомонӣ аз ҳисоби буҷети шаҳрӣ ва кӯмакҳои техникии инвеститсионӣ бо 778 адад нақлиёти нав таҷдид гашта, 100 адад техникаи коммуналии нав барои беҳдошти вазъи экологию санитарии шаҳр харидорӣ шуданд. Ҳолати роҳҳо рӯ ба беҳбудӣ оварда, зиёда аз 65 км роҳ таҷдид ва 4 км роҳи нав бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Дар шаҳр садҳо корхонаҳои нав ва ҳазорҳо ҷойҳои кории иловагӣ ташкил карда шуданд.
Душанбе бо амнияти хеш аз нигоҳи сармоягузорӣ ҷолиб ва боэътимод гашт, ки дар натиҷа сармоягузорони россиягӣ, иронию хитойӣ, туркиву амрикоӣ, ҳиндӣ ва ғайраҳо дар сохтмони манзил ва дигар самтҳо барномаҳои тиҷоратии худро дар маҷмӯъ ба маблағи зиёда аз 1 млрд. 300 млн сомонӣ пайваста татбиқ менамоянд. Феълан бо такмили бахши инфрасохторӣ барои рушди сайёҳӣ бо ҷалби сармояи хориҷиву дохилӣ меҳмонхонаҳои нави панҷситорадори «Хаят Риҷенсӣ», «Азия Грант Отел» ва «Душанбе-Серена» мавриди истифода қарор гирифта, чанде аз меҳмонхонаҳои навбатии панҷситорадор, аз қабили Исмоили Сомонӣ, CHL-International дар ҳоли қоматафрозӣ мебошанд.
Аз ҳисоби маблағҳои буҷети шаҳри Душанбе нахустин иншооти 20-ошёнаи «Душанбе-Плаза», Боғи пойтахт бо масоҳати 15 гектар, ба истилоҳ «Диснейленд» ва заводи истеҳсоли фурӯзонакҳои каммасраф ба ифтихори ҷашни 20-солагии Истиқлолият ба истифода дода шуданд.
Дар ин давра шаҳри Душанбе ҳамчун узви Ассамблеяи байналхалқии пойтахтҳо ва бузургшаҳрҳо (МАГ), Ташкилоти байналхалқии бародаршаҳрҳо (МОГП), Ташкилоти Боулдер-Душанбе бародаршаҳрҳо (БДГП), Ташкилоти Умумиҷаҳонии Шаҳрҳои Муттаҳида ва Ҳокимиятҳои Маҳаллӣ (ОГМВ) робитаҳои байналмилалиро густариш бахшида, бо 14 шаҳрҳои Осиё, ИДМ, Африқо, Аврупо ва Амрико муносибатҳои дӯстона ва бародаронаро тақвият бахшида, аз ҷумла бо шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, илму техника ва фарҳанг ҳамкории судмандро анҷом медиҳад.