Нигине аз «Деҳаи гулзар»
Чӣ тавр љавондухтари тољик тавонист дар соҲаи Ҳунармандӣ соҲибкор шавад.
Нигина Икромӣ тавонист ширкати соҲибкорӣ созмон дода маҲсули дасти Ҳунармандонро таҲти бренди «ДеҲаи гулзар» пешкаши мизољон намояд.
Идеяи ташкили ширкат Ҳангоми амалисозии барномаи омӯзишии гулдӯзии дутарафа, ки барои занони ноҲияи Ховалинг пешбинӣ шуда буд, ба сараш омад. Дар фарљоми барнома Ҳунармандон ба мушкили бозорёбиву фурӯши маҲсулоташон дучор омаданд, Нигина иқдом кард дастранљи бонувони Ҳунармандро бо унвони «ДеҲаи гулзар» ба савдо барорад. Корро дар Ҳамкорӣ бо мағозаву фурӯшгоҲҲои пойтахт ба роҲ монд. Беш аз Ҳама матову гарданбандҲои истеҲсолнамудаи занон, ки гулдӯзиҲояш Ҳунари дастӣ маҲсуб меёбанд, бозоргир аст. Нигинабону азм дорад, дар ояндаи наздик Ҳамкориро бо Ҳунармандони чирадаст таќвият бахшида, маҲсули Ҳамкоронро то ба бозорҲои љаҲонӣ барорад.
Ҷавонӣ
Нигина баъди хатми мактаби миёна ҲуљљатҲояшро ба Донишкадаи соҲибкорӣ ва хизмати Тољикистон супурду донишљӯ гашт. Пас аз дарсҲо љиддӣ ба забономӯзӣ шуғл варзид. Фаъолиятро дар меҲмонхонаи «Сирена»-и шаҲри Душанбе шурӯъ намуд. Чун забондон буд, ба ташкилоти байналмилалии дастгирии Љопон дар Тољикистон даъват шуд. Аз ёрдамчии роҲбари лоиҲаи ёрӣ ба маъюбон то ба ҲамоҲангсози барнома расид.
ТаљрибаҲо
Баъди ба итмом расидани шартномаи корӣ, Нигина хост худро дар соҲаи ихтисос бисанљад. Ба соҲибкорӣ машғул шуд. ИстеҲсоли рахти хобро барои кӯдакон ва занҲои Ҳомила, калонсолон ва маъюбон ба роҲ монд. Барои арӯсон кӯрпаву кӯрпачаҲо омода ва ба фурӯш мебаровард. МаҲсулоташро тариќи сафҲаи интернетии «Хоби ширин» таблиғ мекард. Харидорон Ҳам кам набуданд. Дар муддати кӯтоҲе шинохта гардид. Баробари афзудани сафи харидорон ва зиёд шудани фармоиш мушкили надоштани љои мувофиќ аз худ дарак дод. Барои анљоми корҲои истеҲсолӣ сафи кормандонро бояд меафзуд. Маблағи зиёде дар гардиш надошт, наметавонист ашёи хоми заруриро дастрас намояд. Ќарор дод, то ба даст овардани маблағи кофӣ корро ба таъхир андозад.
Он сол дар озмуни љойҲои кори холии Вазорати рушди иќтисод ва савдои љумҲурӣ Ҳам иштирок карду ноком гардид. РӯҲафтода нашуд. МоҲе нагузашта барои кор ба ташкилоти љамъиятии «Љайзет» даъваташ намуданд.
- Бо ин ташкилот тариќи интернет, ба таври фосилавӣ кор мекардам. СоатҲои фориғ аз кор ба ќуроќдӯзӣ машғул мешудам. Ин Ҳунари ќадимиро аз бибиам хуб омӯхта будам. Машғул шудан бо он бароям кайфият мебахшид, аз зебоии офаридаҲо роҲат мебурдам. МаҲз ба шарофату файзи Ҳамин Ҳунари оилавӣ аъзои Иттифоќи Ҳунармандони Тољикистон шудам, – бо табассум иброз медорад Нигина.
Ҳунарманд
Дар ќатори Ҳунармандони номвару чирадаст намоишгоҲҲои Ҳунарии Иттифоќи Ҳунармандони Тољикистонро рӯйљову кӯрпача, дастархону болиштчаҲои ќуроќдӯзии Нигина Икромӣ зеб мебахшиданд. Ба шарофати Ҳунар меҲмони азизи аксар маҲфилу намоишгоҲҲои Ҳунарӣ буд.
Пешрафту кордонӣ ва аз Ҳама беш Ҳунарманду забондон буданашро ба инобат гирифта, раиси ваќти Иттифоќи Ҳунармандони Тољикистон -
АбдураҲмон Назирматов Нигина Икромиро ба Ҳайси директор ба кор даъват кард.
СафарҲои кории зиёде дошт. Ба тамоми гӯшаву канори кишвар рафт ва то охирон деҲаҲои дурдасти кӯҲистонӣ Ҳунармандонро дарёфт ва бо баҲонаи семинару давраҲои омӯзишӣ гирди Ҳам овард. Мехост Ҳунармандон пурракунандаи кори Ҳамдигар бошанд. ОнҲоро бо беҲтарин коршиносони соҲа ошно сохт, аз маслиҲату машварати мутахассисон баҲравар намуд. Барои хуб кардани сатҲу сифати махсулот, дизайн ва бозорёбӣ ёрӣ медод.
- СафарҲои хориљӣ Ҳам хеле зиёд буданд. Ба давлатҲои Амрико, Олмон, Ҳиндустон, Россия, АМА, Ӯзбекистон даъват мешудем. Ҳама љо Ҳунармандон бо мо буданд. Љое, ки имкони иштирокашон намешуд, намунаи дастранљҲояшонро мебурдему намоишгоҲ меоростем, - зикр мекунад ҲамсуҲбатам.
Ба шарофати Пешво
- Соли 2017 Ҳангоми фаъолият дар Иттифоќи Ҳунармандони Тољикистон аввалин маротиба дар мулоќоти Сарвари давлат муҲтарам Эмомалӣ РаҲмон бо соҲибкорон иштирок кардам. Чун як духтари љавон ва алоќаманд бо Ҳунар пешниҲоди дар минтаќаҲои љумҲурӣ таъсис додани раставу кӯчаҲои Ҳунармандиро ироа намудам. Ин андеша дастгирӣ ёфт. Хушбахтии дигар ин буд, ки дар Паёми навбатиашон Президенти Тољикистон соли 2018- ро чун «Соли рушди сайёҲӣ ва ҲунарҲои мардумӣ» эълон доштанд. Соли дигар бо назардошти манфиатноку сариваќтӣ будани иќдоми мазкур, идома ёфтани онро то солҲои 2020 - 2021 салоҲ донистанд.
Ба шарофати ин сол соҲа дубора рушд ёфт. Ба тани бељони Ҳунар рӯҲи тоза дамид. ҲамкориҲо бо тамоми ниҲоду маќомот наздиктар шуд, фаъолияти Ҳунармандӣ дастгирии бесобиќа ёфт. СадҲо намоишгоҲҲои сатҲи љумҲуриявию байналмилалӣ доир гардиданд. Барномаву лоиҲаҲои зиёд ва гуногун барои рушди соҲаи Ҳунармандӣ роҲандозӣ шуданд. Аз Ҳама суруровараш аз пардохти андоз озод шудани Ҳунармандон буд, - иқрор мешавад ҳунарманд.
Нигина Икромӣ барои таќвияти донишу малака бо даъвати Департаменти давлатии ИМА моҲе дар ин давлат ба омӯзиш фаро гирифта шуд. Дар доираи ин сафар аз шаҲри Вашингтон ва Санта - Фе дидан намуд. Бо беҲтарин коршиносони соҲаи Ҳунармандиву соҲибкорӣ ошно шуд. Орзуяш ин аст, ки дар доираи намоишгоҲи байналмилалии Ҳунару санъати аморати Ню – Мексикои Амрико намоишгоҲи ҲунарҲои мардумии Тољикистонро доир намояд. Меъёру талаботи иштирок дар ин намоишгоҲ бисёр сангин аст. Ҳар сол 150 нафар беҲтарин Ҳунарманди сайёра Ҳуќуќи иштирок дар намоишгоҲи мазкурро дарёб мекунад. Тамошобин ва харидорони он низ шахсони машҲуру шинохтаи дунёанд. НамоишгоҲ ду рӯз давом ёфта, Ҳунармандон метавонанд аз Ҳисоби фурӯши маҲсулоташон аз 7 то 80 Ҳазор доллари амрикоӣ суд ба даст оранд.
- Бо кӯшишу талоши зиёд номи 15 нафар Ҳунарманди тољик барои ширкат дар ин сабќат пешниҲод гардид, аммо аз ин радиф танҲо як нафар заргар Дилмурод Шарифов даъватномаи ин намоишгоҲи бонуфузро дарёб кард. Ин танҲо кӯшиши аввал аст, бовар дорам, ки солҲои оянда сафи иштирокчиёни тољик дар намоишгоҲ меафзояд, - бо боварӣ мегӯяд бонуи пешавар.
Соли 2018 Нигина Икромӣ узви Шӯрои машваратии назди Президенти ЉумҲурии Тољикистон оид ба беҲтар намудани фазои сармоягузорӣ дар кишвар баргузида шуд. Баъди анљоми рисолат дар Иттифоќи Ҳунармандони Тољикистон, Нигина ташкилоти љамъиятии «Рушди эљодии Тољикистон» - ро таъсис дод. АлҲол ин ташкилот бо зиёда аз 50 Ҳунарманд Ҳамкорӣ дорад ва маќсади аслӣ дастгирии Ҳунармандӣ ва рушди соҲа арзёбӣ мегардад. Соли равон ташкилоти љамъиятии «Рушди эљодии Тољикистон» Ҳамчун клуби аъзои созмони байналмилалии «ЮНЕСКО» пазируфта шуд.
ШаҲноза Аҳмадзода