Барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон аз соли 2006 то имрӯз 3 миллиону 300 ҳазор сомонӣ маблағ аз тариқи грантҳои Президентӣ ҷудо гардидааст. Ҳукумати кишвар тасмим гирифтааст, ки минбаъд ҳаҷми маблағҳои грантиро зиёд намуда, ба ин васила шумораи занону духтарони соҳибкорро афзун намояд.
Бо шарофати ин неъмати худодод, яъне истиқлолияти давлатӣ, мо имкон пайдо кардем, ки баъди ҳазор сол асолату ҳувияти миллӣ, таърих ва забону фарҳанги миллӣ, суннату арзишҳои неки миллӣ, хулоса ҳастии миллии худро ба хотири иҷрои рисолати бисёр пурмасъулият, вале пурифтихори таърихӣ – эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, яъне ҷомеаи навини давлати соҳибихтиёру озодамон ва зиндагии босаодати наслҳои имрӯзу фардо эҳё намоем.
Мағзу мӯҳтавои сиёсате, ки давлати мо татбиқ менамояд ва онро бо номи «дарҳои кушод» ба ҷаҳониён муаррифӣ кардаем, маҳз аз он иборат аст, ки бо ҳамаи созмонҳои байналмилалӣ ва тамоми кишварҳо ҳамкории фаъол ва созанда хоҳем дошт.
Боиси ифтихор аст, ки бо ташаббуси Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои дигар соли 2010 тибқи Қатъномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид ҷашни аҷдодиамон – Наврӯзи Аҷам мақоми байналмилалиро соҳиб гашт.
Рӯйдоди дигари таърихиву фарҳангӣ ин аст, ки бо қарори ЮНЕСКО ёдгории таърихиву археологии нодир ва панҷҳазорсолаи Саразм ба Феҳристи ёдгориҳои ҷаҳонии аз тарафи ин созмон ҳифзшаванда ворид гардид.
Тоҷикистон чун ҳамеша тарафдори ҳамкории созанда бо ҳар як ҷониби хайрхоҳ буда, сиёсати мутавозину мусолиматомез ва санҷидаву фарогиреро пеш гирифтааст, ки ҳадафи он ҳарчи зиёдтар намудани сафи дӯстони Тоҷикистон аст.
Дар ин фосилаи кӯтоҳи таърихӣ, мо тавонистем, ки пояҳои давлати навбунёду тозаистиқлоли худро мустаҳкам намуда, ниёзу ормонҳои миллии худро дар доираи ҳадафҳо ва самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии давлат тарҳрезӣ намоем ва имрӯз дар рӯзҳои ин ҷашни бузурги Истиқлолияти давлатӣ бо ифтихор гуфта метавонем, ки мушкилоту камбудиҳои мавҷударо бо заҳмати созанда ва дастгириву пуштибонии мардуми шарифи кишварамон зина ба зина ислоҳ кардем ва дар ин роҳ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем.