Соли 1994 ду агрегати НОБ-и «Помир-1» ба кор даромад. Айни ҳол чор агрегати нерӯгоҳ бо иқтидори пурра 28 ҳазор киловатт барқ истеҳсол мекунад. Вазъи таъмини сокинони маркази вилоят ва навоҳӣ дар тамоми фаслҳои сол бо нерӯи барқ куллан беҳтар гардид.
Айни ҳол дар вилоят 17 лоиҳаи сармоягузории муштараки ҳукумати мамлакат мавриди амал қарор дорад.
Барои бахши сохтмони асосии вилоят дар тӯли солҳои истиқлолият аз ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 550 миллион сомонӣ ихтисос дода шудааст.
Дар вилоят 13 корхона ва 20 сехи хурди саноатӣ фаъолият дошта, бо маблағгузории вазоратҳо ва соҳибкорони ватанӣ 2 сехи коркарди санг, 5 сехи дӯзандагӣ ва 2 корхонаи хурди коркарди рустаниҳои шифоӣ таъсис ёфтанд.
Дар Бадахшон 97 корхонаи хурд бо ҷалби 1750 нафар соҳибкори инфиродӣ фаъолият доранд.
Дар давоми солҳои истиқлолият бештар аз 130 бинои нави мактаб сохта, барои хонандагон шароити мусоиди таълим фароҳам оварда шуд.
Дар ин давра дар вилоят бахшҳои кулли бонкҳои амалкунанда дар ҷумҳурӣ таъсис ёфтанд.
Танҳо дар панҷ соли охир ҳаҷми умумии қарзҳои хурди додашуда ба сокинони вилоят 10 маротиба афзоиш ёфта, ба 61 миллион сомонӣ расидааст.
Дар 7 кони канданиҳои фоиданоки мармар, тилло, мису никел ва нуқраи ноҳияи Ванҷ корҳои иктишофӣ ва истихроҷ бо ҷалби сармояи 5 ширкати хориҷӣ шурӯъ гардид.
Дар арафаи 20-умин солгарди Истиқлолият дар Хоруғ бо ширкати Эмомалӣ Раҳмон мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат ба истифода дода шуд. Мактаб бо таҷҳизоти ҳозиразамони таълимӣ муҷаҳҳаз буда, дар он барои 1200 хонанда дар ду баст шароити мусоиди таҳсил фароҳам шудааст.
Танҳо дар давоми се соли охир дар Бадахшон 50 иншооти иҷтимоӣ, аз ҷумла хобгоҳ барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хоруғ, варзишгоҳи марказии шаҳр, кохи ҷавонон, театри вилоятӣ, 16 марказ ва бунгоҳҳои тиббӣ сохта ва навсозӣ шуданд.
Муассисоти таълимии вилоят бо 220 компутар таъмин шуданд. Бар сари ҳар 9 хонанда як компутар рост меояд, ки ин нишондиҳандаи баландтарин дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад.
Бадахшон аз бунбасти иттилоотӣ раҳоӣ ёфт. Айни ҳол қариб ҳамаи аҳолии вилоят аз тамошои барномаҳои шабакаи аввали телевизиони марказӣ бархурдор аст. Доираи пахши барномаҳои «Сафина» ба 87, «Ҷаҳоннамо» ба 82 ва «Баҳористон» ба 56 фоиз расидааст.
Дар арафаи 20-солагии Истиқлолият шаш нафар зани соҳибкори вилоят ба гранти президентӣ мушарраф шуданд. Ин кӯмаки молиявӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ – бофандагӣ, дӯзандагӣ, қаннодӣ, мӯҳрасозӣ ва ба ин васила афзоиши имконияти корёбӣ барои занони минтақа нигаронида шудааст.
Қаблан 7 лоиҳаи истеҳсолии соҳибкорон марбут ба ривоҷи занбӯриасалпарварӣ, дӯзандагӣ, сабадбофӣ, коркарди пашм бо гранти президентӣ дастгирӣ ёфтанд.
Сафи занон дар мақоми роҳбарикунанда афзуд, танҳо дар байни хизматчиёни давлатӣ шумораи занон ба 154 нафар расидааст, ки 26 фоизи хизматчиёни давлатиро ташкил медиҳад.