Мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳангоми қабули аввалин Конститутсияи худ ба ҳайси халқи соҳибихтиёр озодӣ ва ҳуқуқи шахсро муқаддас ва бунёди ҷомеаи адолатпарварро вазифаи худ эълон намуда, унсурҳои асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин низоми мақомоти салоҳиятдорро дар ин самт муайян ва муқаррар намуданд.
Дар солҳои 1992-1995 буҷети давлатӣ қариб, ки қурб надошт, сатҳи таваррум зиёда аз чор рақамро ташкил медод. Дар ин давра музди меҳнати муаллимон ва духтурон ба 3-5 сомонӣ ва хизматчиёни давлатӣ ба 15-17 сомонӣ баробар буд, ки он ҳам сари вақт пардохт намегардид. Аз соли 1995 нисбатан ба танзим даровардани буҷет оғоз шуда, ҳаҷми даромади он соли 1997-ум 110 миллион, соли 2000-ум ба 250 миллион расонида шуд. Соли ҷорӣ ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ 8,3 миллиард сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли 1997- 75 баробар зиёд мебошад.
Дар пойтахти кишварамон бунёд гардидани Китобхона ва Осорхонаи миллӣ ҳамчун марказҳои бузурги илмиву фарҳангӣ аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими даврони истиқлолият мебошанд, ки дар хизмати наслҳои имрӯзаву оянда қарор хоҳанд гирифт.
Таҳкими бахши молиявӣ, баланд бардоштани нақши бахши хусусӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ ҳамчун яке аз бахшҳои афзалиятноки таъминкунандаи рушди иқтисодии кишвар ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, инчунин татбиқи саривақтии нақшаву барномаҳои таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ аз ҷумлаи корҳои аввалиндараҷаи мо ба шумор мераванд.
Аз соли 1997 то имрӯз ҳаҷми номиналии маош тақрибан 70 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзоиш ёфтааст. Тибқи чорабиниҳои ислоҳоти музди меҳнат ҳар сол дар кишвар маош ва нафақа ба ҳисоби миёна 27-30 фоиз баланд гардида, ба беҳтар шудани сатҳи зиндагӣ ва таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мусоидат намуда истодааст.
Дар давоми солҳои истиқлолият барои 141 ҳазор оила беш аз 8,4 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ сохта, ба истифода дода шуд. Ҳамзамон, ҷиҳати сохтмони манзилҳои истиқоматӣ қариб 120 ҳазор гектар замин барои 900 ҳазор оила ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шудааст. Аз ҷумла, дар ду соли охир барои ин мақсад 21 ҳазор гектар барои зиёда аз 150 ҳазор оила, ки аксарияти онҳо оилаҳои ҷавон мебошанд, замин ҷудо карда шудааст ва ҳоло тақсимоти он идома дорад.