Чанд даҳсола қабл дар маркази ВМКБ бунёди корхонаи дорусозӣ тарҳрезӣ шуд. Аммо авҷи мухолифатҳо ба нақшаи бунёди корхонаи дорусозӣ дар Хоруғ хати батлон кашид.
Мутахассисони соҳа, ки он вақт ба табиати зебои Тоҷикистон ва захираи бойи рустаниҳои шифоӣ чун манбаи нодири рушди саноати дорувории аз лиҳози экологӣ тоза таваҷҷӯҳ намуданд, дарёфтанд, ки гиёҳҳои дармонбахши Тоҷикистон, ба хусус минтақаи Бадахшон, сифатҳои хубтари давоиро доро мебошанд ва барои дорусозӣ бештар мувофиқанд. Таҷрибаҳои чандинсола нишон доданд, ки рустаниҳои шифоии минтақа аз лиҳози экологӣ тозатарин буда, моддаҳои фаъоли биологӣ дар таркибашон қариб ду маротиба зиёдтар аст. Доктори улуми биологӣ Довудшо Наврӯзшоев мегӯяд, ки хусусиятҳои биологии рустаниҳои шифоии минтақа аз вижагиҳои иқлимӣ бармеояд, зеро дар шароити баландкӯҳӣ нурҳои ултрабунафши офтоб ба рустаниҳо таъсири бештар доранд ва ба инкишофи моддаҳои фаъоли биологӣ мусоидат мекунанд.
Агарчанде ҳанӯз нахустин сайёҳи аврупоӣ Марко Поло имконияти гузаронидани таҷриба надошт, аммо хусусияти рустаниҳои минтақа аз чашмони мушоҳидакори сайёҳ пинҳон намонд. Вай навишта буд: «Ҳарчанде дар даштҳои Помири Шарқӣ гиёҳу сабза кам аст, аммо чорвое, ки мечарад, фарбеҳ ва сер ба назар мерасад , маълум мегардад, ки набототи ин ҷо хеле ғизонок аст». Мутахассисони собиқ совхози ба номи Шотемури ноҳияи Шуғнон мегӯянд, ки корхонаҳои дорусозии собиқ шӯравӣ барои сифати баланд доштани рустаниҳои шифоии минтақа ба онҳо таваҷҷӯҳи зиёд доштанд ва ба хароҷоти нақлиётӣ нигоҳ накарда, ҳамасола миқдори зиёди гули хуҷаста ва мелисаву валерянкаро харидорӣ мекарданд. Корхонаи дорусозии Красногорски Русия яке аз харидорони калонтарини ашёи хом маҳсуб мешуд. Аммо интизор мерафт, ки бо бунёди корхонаи дорусозии Хоруғ ашёи хоми нодир дар ҷояш коркард ва маҳсулоти он ба фурӯш бароварда мешавад. Вале рустаниҳои шифоӣ, ки дар интизори харидор дар анборҳо мехобиданд, пӯсиданд, зеро интиқолашон ба хориҷи кишвар душвор гардида, дар худи минтақа имкони коркарди онҳо мавҷуд набуд. Заминҳои кишти рустаниҳои доруворӣ вобаста ба талабот зуд ба майдони ғалладона ва хӯрока барои чорво табдил ёфт.
Таъмини амнияти озуқаворӣ яке аз ҳадафҳои стратегии ҳукумати мамлакат арзёбӣ мешавад. Аммо дар баробари афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба соҳаи муҳими дигар - саноати дорусозӣ таваҷҷӯҳи бештар зоҳир шуда, мутахассисони ватанӣ тавонистанд, ки солҳои охир ба муваффақият соҳиб гарданд. Доруҳои зиёде истеҳсол ва ба бозор бароварда шуданд, ки беморонро даво мебахшанд ва зарурати воридоти чунин намуди доруҳоро аз байн бурданд. Агар корхонаи дорусозии Хоруғ сохта мешуд, шояд боз як моли аз лиҳози экологӣ тоза ва бо сифати баланди ватанӣ на танҳо дар дохил, балки хориҷи кишвар бозоргир мешуд ва талабгорони зиёде медошт.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои мутахассисон, дар Бадахшон зиёда аз 240 намуди рустаниҳои шифоӣ мерӯяд, ки қариб 20- тоаш фақат хоси минтақаи Бадахшон аст. Хусусиятҳои шифоии рустаниҳо дар тибби мардумӣ ба таври фаровон истифода мешуд ва китоби олими маҳаллӣ бо номи «Тибби Шоҳзодамуҳаммад»-ро метавон ҷамъбасти омӯзиш ва мушоҳидаҳои чандинасраи мардум номид. Аммо ба назари мутахассисон савияи пасти дониши экологӣ боис шудааст, ки айни ҳол сокинони маҳаллӣ, ба вижа ҷавонон аз дорухонаи нодири табиат ба мақсадҳои табобатӣ кам истифода мебаранд. Масъулони Ҷамъияти саҳҳомии шакли кушодаи «Авиценна» (шояд «Сино»?) мегӯянд, ки онҳо номгӯи ангуштшумори рустаниҳои шифоии маъмули минтақаро дар баста ба харидорон пешниҳод мекунанд, аммо таваҷҷӯҳи харидорон ба доруҳои синтетикӣ зиёдтар аст. Вале ахиран дар бозори Хоруғ гӯшаи фурӯши рустаниҳои шифоии минтақа арзи вуҷуд кард. Улфатшо Насиллобеков, яке аз фурӯшандагон, мегӯяд, ки арзонии дорувории табиат аз як сӯ ва огоҳии бештар ёфтан аз хусусияти дармонбахшии рустаниҳо боис шудааст, ки бозорашон рӯз ба рӯз гармтар гардад. Гиёҳҳои дармонбахшро вай аз кӯҳу пуштаҳои гирду атрофи шаҳр ҷамъоварӣ мекунад.
То ба ҳол фақат «муште аз хирвор»-и ин захоири фаровони рустаниҳои шифоии минтақа мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад ва мутахассисон пешниҳод мекунанд, ки дар баробари истихроҷи маъданҳо ва сангҳои гаронбаҳо ба коркарди рустаниҳои нодири шифоии минтақа бояд диққати бештар дода шавад. Зеро, ба андешаи онҳо, бо масрафи ками маблағ имкон ҳаст корхонаи хурди истеҳсоли дорувориеро дар Бадахшон фаъол кард, ки маҳсулоти он аз лиҳози дармонбахшӣ беназир ва аз ҷиҳати иқтисодӣ фоидаовар бошад. Таҳкими ҳамкориҳои иқтисодии ҷумҳурӣ бо соири кишварҳои хориҷ имкон медиҳад, ки чунин корхона дар ҳамдастӣ бо сармоягузорони олмонӣ ва ё маҷорӣ, ки дар соҳаи дорусозӣ пешрафтаанд, арзи вуҷуд кунад. Шояд Вазорати тандурустӣ ва ё ашхоси соҳибкор аз чунин имконияте, ки табиати нотакрор ва биҳиштосои кишвар додааст, истифода баранд ва тарҳи фаромӯшшудаи корхонаи истеҳсоли доруи босифатро амалӣ созанд?
Ш. Мирзоҷалол