- Дар бинои нави хуштарҳу замонавии филиали Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон „Амонатбонк“ дар ВМКБ, ки моҳи августи соли равон бо ширкати Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ ба истифода дода шуд, тамоми шароитҳо барои хизматрасонии тарзи муосир ба мизоҷон муҳайё аст, - гуфт мудири филиали вилоятӣ Зайнаб Мамадназарзода.
Мавсуф аз лаҳзаи ҳаяҷонбахши ифтитоҳи филиал дар бинои нав, ки яке аз зеботарин сохтмонҳои шаҳр маҳсуб мешавад, ёдовар гардид. Сарвари давлат аз натиҷаҳои фаъолияти филиалҳои бонк дар вилоят ва шароити кормандону саҳми бонувон дар бонкдорӣ пурсон шуд. Масъулон аз натиҷаи фаъолияти филиалҳои бонк иттилоъ доданд, ки дар филиали вилоятии «Амонатбонк» саҳми бонувон ба 52 дарсади кормандон расида, дар филиалҳои дигар низ шумораи бонувон афзудан дорад. Дар ноҳияи Рӯшон 70 фоизи кормандони филиалро бонувон ташкил медиҳанд.
- Духтарҷон, кормандонатонро даъват кунед, якҷоя акс мегирем,- гуфтанд он рӯз Сарвари давлат ва алҳол ин акси таърихӣ яке аз гӯшаҳои бинои бонкро оро медиҳад.
Дар филиалҳои «Амонатбонк» дар вилоят 106 нафар зан, аз ҷумла 6 нафар дар маќоми роҳбарикунанда фаъолият менамояд, ки дар маҷмӯъ,45 дарсади шумораи умумии кормандони соҳибтахассусро ташкил медиҳанд.
Маросими ифтитоҳи бинои нав ба даврае рост омад, ки филиали вилоятии «Амонатбонк» тайи панҷ соли охир дар тамоми самтҳои хизматрасонӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Айни ҳол филиали вилоятии «Амонтбонк» тавассути 9 филиал дар шаҳру маркази ноҳияҳо ва 40 маркази хизматрасонӣ дар ҷамоатҳои деҳот ба мизоҷон хизмат мерасонад. Дар пайи амалӣ намудани усулҳои электронии хизматрасонӣ, ки муомилоти пулиро зуд, осон ва дастрас мегардонад ва ба маќсади дастгирии иҷтимоии сокинон дар маҳалҳои дурдаст ва ҷалби бештари мизоҷон филиалҳои «Амонатбонк» нуќтаҳои хизматрасонии бонкиро ҳар сол меафзоянд.
- Мехоҳем, сокинони маҳалҳои дурдасти кӯҳистон имконият дошта бошанд, музди меҳнат, нафаќа ва интиќолпулиҳоро бидуни мушкилот ва тай намудани масофаи зиёд гирифтану ба фарзандони донишҷӯяшон дар ҳар гӯшаву канори кишвар ва берун аз ќаламрави он ҳаволапулиҳо фиристода тавонанд. Хизматрасонии бонкиро дар маҳалҳои дурдаст густариш дода, «Амонатбонк» ба мардум боз ҳам наздиктар мешавад, - таъкид медорад З. Мамадназарзода.
Филиалҳои бонк дар вилоят ба ќариб яку ним ҳазор корхонаву ташкилотҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ ва 29 ҳазор ашхоси нафаќахӯр хизмат мерасонанд.Шумораи дорандагони кортҳои бонкӣ аз 72 ҳазор зиёд буда, ин раќам бештар аз 30 фоизи аҳолии вилоятро дар бар мегирад.
Эътимоди мардум ба бонк таҳким меёбад ва акнун аҳолӣ ба ҷойи «зери кӯрпаву палос» руст намудани асъори миллӣ ва хориҷӣ пасандоз намудани онро дар бонк афзалтар мешуморанд. Зеро бовар доранд, ки Ҳукумати кишвар дар шахсияти Вазорати молия ҳифзи дороиашонро кафолат медиҳад. Баќияи пасандозҳои дар ҳоли афзоиши сокинони вилоят, то моҳи сентябри соли равон ба 80 миллион сомонӣ расида, фоизи дар ин давра ба пасандозгарон пардохт шуда, 3 миллиону 151 ҳазор сомониро ташкил додааст, ки нишонаи боло рафтани сатҳи некуаҳволии мардум ва устувории фаъолияти бонкӣ арзёбӣ мешавад. Тайи ин муддат андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷети давлатӣ аз ҷониби филиалҳои вилоятӣ маблағи як миллиону 461 ҳазор сомониро ташкил доданд.
Сандуќи ќарзӣ васеъ гардида, давоми 8 моҳи соли ҷорӣ ба мардум 31 миллион сомонӣ ќарз пешниҳод шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ќариб ду маротиба зиёд аст. Ба гуфтаи мудири филиал ќарзҳои бонкӣ асосан ба соҳаҳои кишоварзӣ, тиҷорату хизматрасонӣ, сохтмону саноат ва хариди ашё барои манзилу пур намудани сабади истеъмолӣ равона гардидаанд.Ҳамчунин, ба маќсади мусоидат намудан ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз ҳисоби захираҳои бонк ба мизоҷон беш аз 800 ҳазор сомонӣ ќарзи имтиёзнок пардохта шуд.
З. Мамадназарзода техникуми молиявӣ-иќтисодии шаҳри Душанбе ва факултаи иќтисоди Донишгоҳи давлатии шаҳри Хоруғро хатм намудааст. Фаъолияти касбиашро ба ҳайси нозири ќисми амалиётӣ дар филиали бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯшон оғоз намуд. Таъйин шуданаш ба вазифаи мудири филиали № 66 БДА Тоҷикистон «Амонатбонк» дар ВМКБ амри тасодуфӣ набуд. Соли 2015 маќомоти тафтишотӣ дар филиали вилоятии «Амонатбонк» ҳолатҳои коррупсионӣ ошкор намуданду роҳбарияти бонк барканор гардид. Кунун мутахассиси кордону пуртаҷрибае зарур буд, ки фаъолияти молиявии муваффаќи бонкро таъмин карда тавонад. Дар ин давра вай аллакай филиали ноҳиявии бонкро роҳбарӣ мекарду бо саъю талошҳояш филиал аз рӯйи нишондиҳандаҳои молиявӣ ва иќтисодӣ пешгом гардида буд.
Бону Зайнаб бо камоли масъулияту кордонӣ ба иҷрои вазифаи нав пардохт ва аз он меболад, ки ба боварӣ сазовор гашту заҳмати аҳлонаи кормандон бо роҳбариаш бенатиҷа намонданд. Бинои нави муҳташам бо пешрафтатарин шароитҳои хизматрасонӣ чун туҳфаи Ҳукумати кишвар ба кормандон ва мизоҷони сершумори филиали «Амонатбонк» аз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси ҳаяҷон ва сарбаландӣ ќабул намуданд.
- Фаъолияти кадом филиалҳои «Амонатбонк» - ро дар вилоят беҳтар мешуморед? - мепурсем аз ӯ.
- Агар филиали шаҳрӣ дар самти баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мизоҷон ва татбиќ намудани усулҳои хизматрасонии электронӣ пешгом бошад, аз лиҳози даромаднокӣ филиали «Амонатбонк» дар ноҳияи Шуғнон маќоми аввалро молик аст. Дар филиали бонк дар ноҳияи Рӯшон бошад, ќарзҳои мушкилситон умуман вуҷуд надоранд. Ҳар як филиал дар соҳаҳои гуногун дастовард дорад, вале дар маҷмӯъ, фаъолияти филиалҳо хуб асту мекӯшем сифати хизматрасониро беҳтару нишондиҳандаҳои молиявиро боз ҳам афзунтар гардонем.
Дар муассисаҳои вилоятии «Амонатбонк» 108 терминали электронӣ насб гардидааст. Аз ин теъдод 62 – то дар филиалҳои бонк ва боќӣ дар нуќтаҳои савдо ва меҳмонхонаҳо гузошта шудаанд.
-Ба маќсади баланд бардоштани фарҳанги бонкдорӣ ва сифати хизматрасониҳои бонкӣ, зиёд намудани ҳаҷми пардохтҳои ғайринаќдӣ, танзими муомилоти ғайринаќдӣ ва дар ин замина устувор нигоҳ доштани ќурби пули миллӣ бо кормандони идораву муассисаҳои давлатӣ нишастҳои омӯзишӣ дар мавзӯи «Амонат-онлайн» баргузор шуда, миќдори посттерминалҳоро дар меҳмонхонаҳо, мағозаҳо ва ҷойҳои серҷамъият бештар ва амалиётҳои бонкиро дар марказҳои хизматрасонӣ боз ҳам зиёд менамоем, - изҳор дошт Зайнаб Мамадназарзода.
М. ШОҲҶАМОЛ,
шаҳри Хоруғ