Соли сипаришуда Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон дар мулоќоти худ бо кормандони соњаи саноати кишвар рољеъ ба мушкилоти соњаи саноат таъкид намуданд, ки дарёфти роњи њалли он ба масъулони соња ва соњибкорон иртибот дорад. Ва воќеан, рушди иќтисодиёти њар кишвар ба соњаи саноат марбут буда, раќобатпазирии молу мањсулоти истењсолшавандаи ба бозори дохиливу хориљ тобовар ба некуањволии ањолї мусоидат менамояд.
Дар робита ба ин гуфтањо чанд соли охир ба фаъолият шурўъ намудани коргоњњои хурди истењсолї ва таљдиду барќарорсозии корхонањои саноатї, ки пас аз пошхўрии Иттињоди Шўравї футур ёфта буданд, назаррас аст.
Чанде пеш Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон дар дењаи Љавонони шањри Њисор ба фаъолияти корхонаи истењсоли мањсулоти шири Љамъияти сањомии пўшидаи «Шири Авитсена» оѓоз бахшиданд. Иќтидори истењсолии коргоњи мазкур барои коркарди 40 тонна шир дар як шабонарўз ва истењсоли 35 номгўи мањсулоти ширї мебошад. Дар ин љо, дар маљмўъ, то 100 нафар бо љойи кори доимї таъмин хоњанд шуд.
- Ба кор даровардани корхонаи истењсоли мањсулоти ширї бо ташаббуси Сарвари давлат муњтарам Эмомалї Рањмон роњандозї гардид. Соли 2017 Президенти Љумњурии Тољикистон барои ба истифода додани як ќатор иншоот ба шањри Њисор ташриф оварданд ва аз хољагии чорвопарварии ба номи Абдурауф Юсупов дидан намуданд. Ва њамон ваќт аз шири чорвои хољагї истењсол намудани мањсулоти шириро маслињат доданд. Баъдан Абдураззоќ Саидов, роњбари ЉДММ «Авитсена», тасмим гирифт, то барои таъмин намудани ањолї бо мањсулоти ширии хушсифати табиї ва њамчунин љойњои нави корї корхонаи мазкурро фаъол намояд, - мегўяд муњосиби ЉСП «Шири Авитсена» Алишер Ќурбонов.
Таљњизот ва технологияи муосири барои коркард воридгашта истењсоли мамолики хориљї аст, ки Њукумати кишвар ба хотири дастгирї ва рушди саноат дар мамлакат барои воридоти онњо имтиёзњо пешнињод намуд. Истифода аз ин имтиёзњо муассиси корхона таљњизоти замонавии коркарди мањсулоти шириро аз Германия, Туркия ва Россия дастрас намуд. Дар назди корхонаи коркарди мањсулоти шири ЉСП «Авитсена» сехи истењсоли зарфи мањсулоти ширї низ роњандозї гашт. Зарфњо бо шакл ва андозањои гуногун истењсол мешаванд.
Њамзамон, муњандисон ва кордонњои соња аз ин давлатњо барои омўзондани таљрибаи корї муддати 3 моњ ба корхонаи мазкур љалб гардиданд. Инчунин, як нафар коргари корхона Абубакр Сангов барои омўзиши тарзи корбарї бо таљњизот ва технологияи навини истењсолу коркарди мањсулоти ширї ба кишвари Беларус фиристонда шуд ва имрўз бо таљрибаи комил ба фаъолият пардохтааст. Њамчунин, тасмим аст, ки ба корхонањои истењсолии коркарди шири хориљи кишвар бонувони корхона барои таљрибаомўзї фиристонда шаванд.
Алњол дар коргоњ мутахассисони мањаллї фаъолият мебаранд ва њар рўз аз 3 тонна шири хољагии корхона 16 номгўй мањсулоти ширї, аз ќабили ќаймоќ, сметана, творог, панир, љурѓот, ёгурт ва ѓайра истењсол мекунанд.
- Ин њанўз оѓози кор аст. Бо фароњам овардан ва васеъ шудани њаљми истењсолот тасмим аст, ки 70 нафари дигар бо кор таъмин гардад. Зеро барои пайдо намудани љойи корї рўзе нест, ки шањрвандон ба мо мурољиат накунанд. Махсусан, бонувони дењањои атрофи корхона, ки аксаран хонашинанд, бештар хоњиш мекунанд, ки барояшон љойи кор муњайё созем, - мегўяд Алишер Ќурбонов.
Раъно Зиёева аз он ки барои худ љойи кори мувофиќ ёфтааст, бо хушнудї иброз медорад:
- Мушкили дарёфти љойи кор доштам. Ба чанд корхона рафтам, вале касе ба кор ќабул накард. Хабари кушодашавии корхонаи истењсоли мањсулоти шириро шунида, ба ин даргоњ шитофтам. Имрўз шукр, ки соњиби љойи кор њастам. Маоши аввалро њам гирифтам. Умед дорам, вазъи моддиву молии хонаводаам бењ мегардад.
Аслан, аз шири хољагии чорводории хусусї корро ба роњ мондан њам сири худро дорад. Ќаблан, мањсулоти корхона бояд ба бозор ворид шавад ва харидор пайдо намояд. Чаро ки мањсулоти ширї муддати истеъмолаш нињоят мањдуд аст ва якбора зиёд истењсол намудани он бар зарари кор мебошад. То роњ ёфтан ба бозор ваќт дорем, ки дигар камбудињоро бартараф созем, - меафзояд Алишер Ќурбонов.
Барои тезондани истењсолот захираи ашёи хом, яъне шир лозим аст. Аз ин рў, роњи њалли ин мушкилро роњбарият дар он донист, ки бо ањолї дар мавриди љамъоварии шир шартнома бандад ва бо ин васила чархи истењсолоти корхонаро бомаром бичархонад.
Мањсулоти истењсолнамудаи коргоњи мазкур барои содирот ба кишварњои Афѓонистону Покистон низ пешбинї шудааст. Њамчунин, ба хотири роњ ёфтан дар бозори дохилї ва васеъ намудани њаљми истењсолот ЉСП «Шири Авитсена» номгўи мањсулоти шириро бо дархости харидорону мизољон ба дукону бозорњои шањрњои Душанбе, Њисору Турсунзода ва ноњияњои Шањринаву Рўдакї интиќол медињад. Нархи мањсулоти корхона низ барои харидорон дастрас буда, табиї ва бе истифодаи маводи кимиёї омода мегардад. Мањсулоти дастрасшуда ќабл аз коркард дар озмоишгоњ, ки мувофиќ ба талаботу меъёрњои љањонї љињозонда шудааст, мавриди санљиши пурра ќарор дода мешавад.
- «Сифати хуб ва нархи дастрас» - шиори корхонаи мост. Воќеан, мањсулоти ширии корхона аз мањсулоти дигар сеху корхонањо тафовут дорад. Масалан, нархи 200 гр сметанае, ки дар корхонаи мо истењсол мешавад, 3 сомониву 10 дирам аст. Айни замон, мањсулоти серхаридори корхона ќаймоќи асалї ва шири пастеризатсияшуда мебошад. Мувофиќи талаботи истеъмолї њар рўз номгўи мањсулот тайёр карда мешавад.
Бахусус дар даврае, ки пандемия фазоро фаро гирифтаасту организм ба њама намудњои витамину карбогидратњо ниёз дорад, шир бењтарин ѓизо барои одам аст. Шир хўроки аввалияи беморони парњезист, ки барои бештари маризињо истеъмоли шир ва мањсулоти ширї тавсия дода мешавад, - мегўяд бону Шањло Њалимова.
Аноњито,
шаҳри Ҳисор