Президент Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки соҳибкоронро мебояд дар рушди корхонаҳои коркарди маҳсулоти истеҳсоли маҳаллӣ таваҷҷӯҳи бештар дошта бошанд.
Новобаста ба камбудиҳо дар давоми 20 соли соҳибистиқлолии кишвар теъдоди корхонаҳои саноатии Хатлон 3,5 баробар афзуда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар муқоиса ба соли 1991 чандин маротиба зиёд шудааст, гуфт Президент Эмомалӣ Раҳмон. Ба гуфти сарвари давлат, агар соли 1991 дар ҳудуди вилояти Хатлон ҳамагӣ 75 адад корхонаҳои саноатӣ арзи вуҷуд дошта бошанд, пас то 1-уми январи соли 2011 теъдоди корхонаҳои саноатии Хатлон ба 259 адад мерасад. Ба гуфти роҳбари давлат барои рушди соҳаи саноат дар Хатлон захираву имкониятҳо зиёданд. Дар сурати аз имкониятҳои мавҷуда дуруст истифода бурдан, ҳам ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ меафзояд ва ҳам садҳо нафар сокинон бо ҷойҳои кор таъмин мешаванд.