Ҳашт сол муқаддам устоди факултети забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, номзади илмҳои филология, дотсент Умеда Гадойбоева маркази забономӯзии «Аркон ЛТД» - ро таъсис дод. Аз «Кохи матбуот» – и шаҳри Хуҷанд ҳуҷраеро ба иҷора гирифт ва бо 600 сомонии маблағи аввалия ба фаъолияти соҳибкории маърифатӣ оғоз намуд.
Қадамҳои нахустин
Ҳарчанд бо пешаи омӯзгорӣ дар донишгоҳ, таҷрибаи панҷсолаи муаллимӣ дар маркази забономӯзии «Доно» (2007 - 2011), қадамҳои нахустин дар ин ҷода барояш осон набуданд. Бо 3 донишҷӯ ва шаш миз худ ба омӯзондани забони англисӣ пардохт. Баъди машғулият дафтару китоб, маводу тахтаи муаррифиро бардошта, ба мактабҳову донишгоҳҳо мерафт ва маркази нави таълимро ба шогирдони эҳтимолӣ мешиносонд. Имкони моддии истифода аз тарғибот дар расонаҳо ва тахтаҳои таблиғотиро надошт. Рақобат бо марказҳои таълимии кайҳо дар Хуҷанд амалкунанда ва берун аз он маълуму машҳур низ саҳл набуд. Бар замми ин мекӯшид, то корҳои хона, тарбияи фарзандонро низ пеш барад.
Пуштибонии хонадон
Барои бонувони соҳибкор, ба ақидаи Умеда Гадойбоева, пуштибонии хонадон калиди дари комёбист. Аслан ӯ таҳти таъсир ва шафоати бобои модарияш Пӯлод Бобокалонов, ки сар аз соли 1971, тӯли бист сол муовини вазири маорифи Тоҷикистон буд, касби омӯзгориро аз хурдсолӣ дӯст дошт. Падараш Абдуазиз Гадойбоеви иқтисоддон ва модараш Мунира Бобокалоноваи пизишк, шавқи беандозаи ӯро дар омӯхтани забони англисӣ дарк карда, барояш шароити мусоид фароҳам оварданд. Хушбахтона, баъди хонадоршавӣ падару модари ҳамсараш, корманди собиқадори давлатӣ Собитҷон Бобоев ва муаллимаи забони арабӣ Марҳамат Боирова ӯро мисли духтари худ пазируфтанд ва имкон доданд, ки фаъолияти омӯзгорию илмияшро пеш барад. Ҳамсари меҳрубонаш низ пуштибони қавии ӯ гашт.
Зинаҳои комёбӣ
Соли 2012 нахустин зинае ба кохи комёбиҳои баъдина буд. Талошҳои пайвастааш кам - кам самар медоданд. Ӯ тавонист чанд муаллимро ба марказ ҷалб кунад, шумори забономӯзони хоҳишманд ҳам меафзуд. Ҳуҷраҳои иҷоравии «Аркон» дар «Кохи матбуот» зиёд мешуданд ва баъди ду - се сол марказ тамоми ошёнаи савуми биноро ишғол кард. Аммо ҳанӯз ҳам Умеда аз кораш қонеъ набуд. Роҳу усулҳои нави таълими муосири забонҳо, аз дохилу хориҷи кишвар устодони номвар меҷуст.
- Мехостам муҳити корие фароҳам оварам, ки ҳама масъулияти дастҷамъӣ ва инфиродӣ дошта бошанд, ба ҳамдигар ва ояндаи марказ бовару эътимод пайдо кунанд, - мегӯяд Умеда Азизовна. – Дар марҳилаҳои аввал ин кор ба душворӣ муяссар мешуд. Муаллимоне буданд, ки кор дар марказро шуғли иловагӣ меҳисобиданд, бо дили нохоҳам дарс медоданд. Ҳатто дар вақти муайян ба кор ҳозир намешуданд ва шогирдонро интизору ноумед мемонданд. Оҳиста-оҳиста муҳити хуби корӣ ва ҳамдигарфаҳмию масъулиятшиносӣ ҳукмрон гардид. Аз хориҷа муаллимони соҳибтаҷрибаро даъват мекардем. Онҳо ҳам барои муаллимони мо дарси маҳорат меомӯзонданду ҳам худ ба шогирдон дарс медоданд. Ин як омили муҳимтарин барои ҷалби бештари шогирдон ба «Аркон» гардид.
Шуҳрати ҷаҳонии «Аркон»
Умеда Азизовна барои такмили ихтисос, малакаи соҳибкорӣ ва муаррифӣ кардани «Аркон» дар бисёр семинару ҳамоишҳои байналмилалӣ ширкат варзида, лоиҳаҳои ҷолиб пешниҳод мекард, ки онҳо дастгирӣ меёфтанд. Аз ҷумла, соли 2015 аккредитатсияи TOEFL барои гурӯҳҳои таълимии «Аркон» - ро дарёфт. Соли 2017 ба ӯ муяссар гардид, ки донишгоҳи Висконсини Мадисони Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро хатм кунад.
Соли 2018 барои Умеда ва «Аркон» соли комёбиҳои тоза гардид. Ӯ дар озмуни ҷумҳуриявии соҳибкорзанон «Фараҳ» дар самти таълиму тарбия иштирок ва сазовори ҷойи аввал гардид.
Ҳамон сол лоиҳаи ӯ беҳтарин пешниҳод оид ба ҷалби грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ дар Мадисони ИМА дониста шуд.
- Аммо бузургтарин дастоварди «Аркон» аккредитатсияи Кембриҷи Лондон (Британияи Кабир) аст, ки соли 2019 насиби гурӯҳҳои таълимии мо гардид. «Аркон» алҳол дар ҷумҳурӣ ягона маркази таълимиест, ки соҳиби се аккредитатсияи байналмилалист, - мегӯяд Умеда Гадойбоева. – Хусусан, гирифтани аккредитатсияи Кембриҷи машҳур душвор буд, зеро талаботи ин донишгоҳ хеле сахт аст. Мо давоми яку ним сол барои ноил шудан ба ин ҳадафи олӣ кӯшиш кардем. Ман шахсан ҳамчун роҳбар ва тамоми кормандони марказ аз имтиҳони онҳо гузаштем. Барномаву усулҳои таълимиро ба талаботи Кембриҷ мувофиқ карда тавонистем ва ҳуқуқ пайдо кардем, ки ба шогирдонамон ду намуд сертификати кембриҷӣ диҳем, ки дар тамоми ҷаҳон эътироф шудаанд.
Алҳол «Аркон» 178 нафар корманд ва қариб 2000 нафар шогирд, 9 бахш дорад: 6 маркази забономӯзӣ, 2 маркази томактабӣ, 1 мактаби ибтидоӣ. Кормандони он дар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Конибодом, Истаравшан ва Спитамен ба хоҳишмандон забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ, чинӣ, кореягиро дар сатҳи баланд меомӯзонанд. Дар «Аркон» 8 нафар муаллим аз кишварҳои ИМА, Британияи Кабир ва Олмон машғули таълим аст.
Мактаби ибтидоии «Аркон»
Чанд сол қабл Умеда тасмим гирифт, ки барои кӯдакони синни томактабӣ гурӯҳҳои махсуси забономӯзӣ созмон диҳад. Натиҷаҳои аввалин фараҳбахш буданд. Равиши таълим дар ду маркази томактабӣ дар назди «Аркон» исбот намуд, ки хурдсолон зеҳни тез доранд ва забонҳои хориҷиро беҳтар ва зудтар меомӯзанд.
- Илми равоншиносӣ ва таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи дунё исбот кардаанд, ки инкишофи ақлонии кӯдак аз 3 - солагӣ сар мешавад ва то 9 - солагӣ давом меёбад. Маҳз дар ҳамин давра бо усулҳои хос дар зеҳни кӯдак асосҳо ё рукнҳои ҳама гуна донишро ниҳодан мумкин аст, ки баъдан хонаи маърифати комили ӯ сохта хоҳад шуд, - мегӯяд муаллима. – Мо ба марказҳои томактабӣ кӯдаконро баъди сесолагӣ пазируфтем ва амалан ба дурустии ақидаи мазкур бовар кардем. Волидони кӯдакон ҳам аз пешрафти ҳайратангези фарзандони худ дар ҷодаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ ризоманд гаштанд. Маҳз онҳо пешниҳод карданд, ки барои давом додани таҳсили кӯдакон мактаби ибтидоие бо тарзу усули худамон ташкил диҳем ва ҳатто гуфтанд, ки дар маблағгузории сохтмони он ҳисса мегузоранд.
Ниҳоят, аҳли хонадон барои дар ҳавлии собиқи худ сохтани як бинои сеошёнаи муосир барои мактаби ибтидоӣ тасмим гирифтанд. Сохтмони мактаб барои 250 хонанда бо суръату сифати баланд анҷом ёфт ва дарҳои худро дар соли хониши 2020 - 2021 ба рӯи талабагон боз кард. Мо дар аввал ният доштем, ки ба 4 синфи якум хонанда мегирем, хоҳишмандон хеле зиёд шуданд ва маҳз бо дархости волидон иловатан 2 синфи ду ва 1 синфи 5 - ум ташкил кардем, - мегӯяд сарвари кулли «Аркон». – Ҳатто баъзе волидон, ки фарзандонашон синфи якуми мактабҳои маъмулиро хатм карда буданд, хоҳиш намуданд, ки онҳоро такроран ба синфи якуми мактаби худ бипазирем
Дурнамо
Умеда аз комёбиҳои кори пешакардааш рӯҳбаланд аст ва ба амалӣ гардондани орзуҳои дигараш таҳрик медиҳанд. Ӯ нақша дорад, ки барои хонандагони синфҳои 5 - 11 низ мактаби тамоюли забонҳои хориҷӣ таъсис диҳад. Ин ният ҳамчун соҳибкорбонуи узви ҲХДТ баъди суханронияш дар як ҷаласаи КИМ ҲХДТ бо ҳузури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар дили ӯ пайдо шуд. Ҳини суханронӣ Умедабону ба Сарвари кишвар муроҷиат намуд: «Шумо, муҳтарам Пешвои миллат, ҳини суханрониҳои хеш таъкид менамоед, ки ҷавонони мо бояд ҳамқадами замон ва донандаи на кам аз ду – се забон бошанд. Шумо таъкид дошта будед: «Ҳар шахсе, ки нангу номус дорад, худро соҳибватан ва фарзанди миллат мешуморад, бояд бо сохтани иморате, бунёди корхонае, кушодани роҳе, обод кардани маконе, ҳатто шинондани дарахте, аз худ нақше гузорад». Ин таъкидҳои Шуморо шиори зиндагии худ қарор дода, тасмим гирифтам, ки бахшида ба Ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои тарбияи насли наврас як мактаби замонавии равияи забони хориҷӣ барои 250 нафар хонанда бунёд намоям. Мактаб имрӯз бо тамоми шароитҳояш омода аст».
Вақте ки нияти худро оид ба сохтани боз як мактаб барои синфҳои 5 - 11 иброз дошт, ӯро дастгирӣ намуданд. Барои сохтани бинои мактаб дар маҳаллаи 3 - юми шаҳри Хуҷанд замин ҷудо карданд ва корҳои лоиҳакашӣ ҳам оғоз ёфтанд. Дар ояндаи наздик шогирдони «Аркон» аз марказҳои томактабӣ аввал дар мактаби ибтидоӣ ва сипас дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии худӣ таҳсил хоҳанд кард.
Интиҳо
Бо Умеда Гадойбоева дар офиси марказии «Аркон», ки баъди иҷоранишиниҳои тӯлонӣ ниҳоят дар бинои худӣ – мактаби нави ибтидоӣ ҷой гирифтааст, суҳбат доштем. Ӯ дар бобати сармоягузории волидон ба донишомӯзии фарзандон бо ҳарорат ва мисолҳои мушаххас ҳарф зад. Ӯ бар он аст, ки ин сармоягузорӣ мисли дигар сармоягузориҳо зуд фоида надиҳад ҳам, аммо баъди 15 - 20 сол волидон ва фарзандон ва дар умум, кишвар меваҳои шаҳдбори онро хоҳанд чашид.
Ҷӯра ЮСУФӢ,
вилояти Суғд