Нассоҷии тоҷик:
талош баҳри сифат
Саноати сабук ҳамчун соҳаи афзалиятнок дар замони соҳибистиқлолӣ ба таври бесобиқа рушд ёфт. Коргоҳҳои нав бунёд ва корхонаҳои амалкунанда аз нав муҷаҳҳаз гардонда шуданд. Бо ин роҳ сифати истеҳсоли маҳсулот низ рӯ ба беҳбудӣ ниҳод. Агар дар соли 2015 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ дар кишвар 109, 3 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас ин рақам дар соли 2019 ба 260,6 миллион сомонӣ расид, ки қариб 2,5 маротиба афзудааст.
Дар шаш моҳи соли 2020 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ 115,3 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 2,9 миллион сомонӣ зиёд мебошад
ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии Нассоҷии тоҷик» яке аз бузургтарин корхонаҳои саноати сабуки ҷумҳурӣ маҳсуб меёбад. Ширкат се фабрикаи ресандагию бофандагӣ, фабрикаи пардоздиҳӣ ва се фабрикаи дӯзандагиро дар бар мегирад. Корхонаи мазкур ҳар моҳ тақрибан 700 тонна нахи пахтаро коркард мекунад ва зиёда аз ду миллион метр матоъҳои пахтагин истеҳсол менамояд. Коргоҳ бо зиёда аз 20 кишвари ҷаҳон додугирифти тиҷоратӣ дорад.
Сохтмони қисми аввали коргоҳ соли 1939 бо сохтани фабрикаи ресандагию бофандагии №1 оғоз ёфт ва соли 1942 ба фаъолият пардохт. Давра ба давра, навбатҳои дигари корхона сохта ба истифода дода шуданд. Соли 1951 фабрикаи рангупардоздиҳӣ, дар соли 1959 фабрикаи ресандагию бофандагии №2, ки минбаъд ба ҶСП «Нассоҷ» табдил ёфт, соли 1966 фабрикаи ресандагию бофандагии №3, ки минбаъд ба ҶСП «Бофанда» табдил дода шуд ва соли 1999 фабрикаи тозабунёди истеҳсоли бинт ва докаҳои тиббӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Моҳи ноябри соли 2008 ҷамъиятҳои саҳомии зикршуда дар ҳайати ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии Нассоҷии тоҷик» муттаҳид карда шуданд.
Пас аз барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ҳалқаҳои тиҷоратии корхона гусастанд. Баъди соҳибистиқлолии кишвар корхона бо маром, сол аз сол иқтидори истеҳсолии хешро афзун намуд. Коргоҳ бо истеҳсоли матоъҳои пахтагин, риштаи пахтагин, матоъҳои нобофта, ватин, бинт ва дигар маҳсулоти тиббӣ аз дока, маҳсулоти дӯзандагӣ махсус гардонда шудааст.
Ҳадафи асосии коргоҳ вобаста ба талаботи бозор рӯз аз рӯз афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти пахтагин, мунтазам такмил додани истеҳсолот ва беҳтар намудани сифати маҳсулот мебошад. Кормандону мутахассисони ҶДММ «Иттиҳодияи истеҳсолии Нассоҷии тоҷик» дар асоси барномаҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ оид ба рушди саноати бофандагӣ, барои дар ҳаёт татбиқ намудани комёбиҳои илму техника, технологияи пешбар, ҷорӣ намудани асосҳои навини муносибатҳои бозаргонӣ пайваста ҷаҳду талош доранд.
Ҷамъияти мазкур бо дастгирии Ҳукумати кишвар, Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе истеҳсоли маҳсулоти ниёзи мардумро афзуда истодааст.
Тибқи иттилои масъулон, давоми соли 2019 корхона ба маблағи 35 миллиону 435 ҳазор сомонӣ маҳсулоти пахтагин истеҳсол намудааст, ки ин нисбат ба соли 2018 ба андозаи 160 фоиз ва ё ба маблағи 13 миллиону 290 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давоми 6 моҳи соли равон коргоҳ ба маблағи 16 миллиону 162 ҳазор сомонӣ маҳсулоти пахтагин истеҳсол намудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 ба андозаи 111 фоиз ва ё ба маблағи 1 миллиону 612 ҳазор сомонӣ зиёд аст. Инчунин, дар коргоҳ давоми 6 моҳи соли 2020 ба миқдори 847 тонна нахи пахта ва риштаи пахтагин харид ва коркард шуда, ба миқдори 625 тонна риштаи пахтагин, 2 миллиону 675 ҳазору 14 метри мураббаъ матоъҳои пахтагин истеҳсол намудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 120 фоиз ва ё ба миқдори 142 тонна зиёд мебошад.
- Дар давоми сол корхона аз ҳисоби ба кор андохтани ҷойҳои нави корӣ ва барқарор намудани ҷойҳои кории бозистода 84 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин шуд. Шумораи умумии коргарон 2069 нафар буда, 1490 нафарро бонувон ташкил медиҳанд. Музди миёнаи меҳнат 895 сомониро ташкил медиҳад. Коргарон бо сарулибос ва як вақт хӯроки гарм аз ҳисоби корхона таъмин мебошанд, - мегӯяд Олуфта Ҷорубкашова, раиси иттифоқи касабаи коргоҳ.
Дар асоси дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар коргоҳи мазкур дӯхтани либосҳои мактабӣ ба роҳ монда шудааст. Дар давоми солҳои 2014 - 2015 барои таъсис додани ҷойҳои нави корӣ аз Олмон, Чехия ва Ҷумҳурии Халқии Хитой 250 адад дастгоҳи ҳозиразамони технологии дӯзандагӣ ворид гардид. Барои ба истифода додани фабрикаи дӯзандагии навбунёд дар ҳаҷми 610 ҳазор доллари амрикоӣ сармоягузорӣ шуд.
- Дастгоҳҳои дӯзандагии коргоҳи нав дорои компютер мебошанд, ки кори дӯзандаро чандин маротиба осон гардонда, сифати маҳсулотро беҳтар месозанд. Баъди ба истифода додани фабрикаи дӯзандагӣ зиёда аз 300 нафар бо ҷойи кор таъмин мегардад. Иқтидори истеҳсолии солонаи фабрикаи дӯзандагӣ имкон медиҳад, ки 600 ҳазор ҷуфт либоси мактабӣ истеҳсол карда шавад. Соли 2019 ба миқдори 221 ҳазору 117 ҷуфт либоси мактабӣ ба маблағи 8 миллиону 266 ҳазору 300 сомонӣ истеҳсол намудем. Дар давоми 6 моҳи соли 2020 ба миқдори 95 ҳазору 482 дона либоси мактабӣ ба маблағи 3 миллиону 990 ҳазору 300 сомонӣ истеҳсол шудааст, - гуфт Фарангиз Қурбонова, мутахассиси ҷавону кордони корхона ва афзуд, ки дар давоми моҳи январи соли 2019 дар коргоҳи бофандагии ҷамъият 20 адад дастгоҳи бофандагии тамғаи АТМ-175М2 истеҳсоли Россия ва 4 адад дастгоҳи бофандагии тамғаи HGA798T-II-260 истеҳсоли Чин ба маблағи зиёда аз 2 миллиону 60 ҳазор сомонӣ ворид ва васл карда шуданд. Барои ба кор андохтани дастгоҳҳои нав мутахассисон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой даъват карда шуданд. Дар дастгоҳҳои бофандагӣ бори аввал истеҳсоли сачоқ ва матоъҳои патдор барои дӯхтани хилъат ба роҳ монда шуд.
Соли гузашта дар дастгоҳҳои нав зиёда аз 308 ҳазор адад саҷоқҳои патдори андозаи гуногун истеҳсол гардид. Матоъҳои пахтагин ва патдор аз дастгоҳҳои бофандагӣ ба коргоҳи рангомезӣ интиқол ёфта, баъди ранггирӣ аз онҳо дар коргоҳи дӯзандагӣ сачоқҳои андозаи гуногун, халатҳои занона, мардона ва кӯдакона омода мешаванд.
Коргоҳ нақша дорад, то дар давоми соли равон ба маблағи зиёда аз 40 миллион сомонӣ маҳсулоти хушсифати пахтагин истеҳсол намуда, барои афзун намудани истеҳсол ва содироти маҳсулоти саноатии кишвар боз бештар саҳм бигирад. Барои омӯхтани таҷрибаи пешқадами давлатҳои ҷаҳон, ба корхона беҳтарин тарроҳон ва технологҳоро аз давлатҳои Олмон, Туркия, Чин ва дигар давлатҳои ИДМ даъват намуданд. Мутахассисони хориҷӣ бо дӯзандаҳои корхона машғулиятҳои омӯзишӣ гузаронда, ба онҳо тарзи дӯхтани либосҳои мактабиро омӯхтанд.
Айнура Абдураҳмонова дар корхонаи машҳури «Планета Максимус» - и Ҷумҳурии Қирғизистон ба ҳайси сартехнолог фаъолият доштааст. Тибқи шартнома ӯ ба чеварони тоҷик дар дӯхти либосҳои мактабӣ ёрӣ мерасонад.
- Корхона мунтазам барои навсозии технологияи коркарди нахи пахта ва истеҳсоли матоъҳои хушсифати ба рақобат тобовар талош меварзад. Ҳадафи асосии ҳайати кормандони техникии корхона вобаста ба талаботи бозор афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти пахтагин, такмил додани истеҳсолот ва беҳтар намудани сифати маҳсулот мебошад, - гуфт дар анҷом Фарангис Қурбонова.
Далер САФАР