БЕҲ АЗ СОНЕЪ…
Бадахшон Валиҷонова ва Давлатмо Пайшанбиева аз зумраи он бонувони кишоварзи ноҳияи Шуғнон ҳастанд, ки бо дастранҷи меваву сабзавоти хушсифату арзонашон дар ғанӣ гардондани бозори шаҳру ноҳияҳои вилоят саҳм мегузоранд. Самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқониву инфиродӣ боис шуд, ки соли равон маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳудуди вилоят афзояд.
Дар бозори Хоруғ нархи маҳсулоти кишоварзӣ моҳҳои июл ва август, вақте дастранҷи кишоварзони ноҳияҳои наздик ба маркази вилоят бо ҳаҷми фаровон ворид гашт, ба танзим омад. Вале бинобар имкониятҳои маҳдуди истеҳсолӣ, ки аз камзаминӣ ва шароити иқлимӣ бармеоянд, маҳсулоти воридотӣ боз батадриҷ бозоргир мешаванд.
- Аз хурдӣ бо падару модарам дар замин кор мекардам. Падарам доимо суханони ҳаким Носири Хусравро ёдовар мешуданд, ки дар ашъораш деҳқонро «беҳтарин тавлидкунандаи мол ва ризқрасону роҳатрасон» тавсиф намудааст. Ҳақиқатан бо заҳмати худ ҳосил рӯёндану аз он фоида гирифтан, лаззату баракати тамоман дигар дорад. Дар хона ба қадри кофӣ меваву сабзавот захира менамоем. Барои консерв кардан ба хешу ақрабои шаҳрнишин ҳам ёрӣ мерасонему зиёдатиашро дар бозор мефурӯшем,- мегӯяд Бадахшон Валиҷонова.
- Дастархони пурнозу неъмат беҳтарин сарвати рӯйи замин аст. Хоку оби биҳиштосои Тоҷикистон барои парвариши ҳама гуна зироату меваҷоти шаҳдбор мусоид аст. Бояд ҳар ваҷаб заминро дилсӯзона ва самаранок истифода барем. Беҳуда намегӯянд, ки дар хоки кишвари мо зар ҳам рӯёндан мумкин аст. Бобоям ривоятеро нақл мекарданд, ки шахсе дар биёбон бе тӯша мемонаду сахт гурусна. Иттифоқан дар канори роҳ халтачаеро афтода мебинад, ки дарунаш бо чизе пур аст. Даст мерасонду ӯро ҳаяҷон фаро мегирифт. - Дар умрам ҳеҷ гоҳ чунин маъюс нашуда будам, чунки фикр кардам донаҳои гандуманд, вале кушодаму донаҳои марворид дидам, - гуфтааст он шахс. Маҳсулоти кишоварз асоси ҳаёт асту аз дурру марворид ҳам бартар ва ифтихор дорам, ки ба кишоварзӣ машғулам,- мегӯяд Давлатмо Пайшанбиева.
Ин бонувони кишоварз дар деҳаи Гожаки Ҷамоати деҳоти ба номи Ғарибшо Шаҳбозови ноҳияи Шуғнон зиндагӣ мекунанд. Сокинони деҳот дар боғдориву зироаткорӣ дар ноҳия шуҳрати бештар доранду сабаби муваффақ гаштанашонро бо мусоҳибонам дар миён гузоштам.
- Ҷавонони зираки Дарморахт ҳар куҷое духтари қобил диданд, хостгорӣ кардаанд. Масалан, Бадахшонро аз мавзеи Ғорони Ишкошим келин карданд, ману Давлатморо аз ноҳияи Роштқалъаву ифтихори ин маҳал мо барин занонанд, бо шӯхӣ ба суҳбат ҳамроҳ шуд Нозбибӣ Имомназарова, ки омӯгор асту рӯзҳои истироҳат дастранҷи кишоварзии хонаводаашонро ба бозор мебарорад ва бо ҷиддият афзуд: - Кишоварзӣ асосан шуғли мардона аст.
Мардҳои деҳот саҳархезу меҳнатқаринанд ва дар замин арақи ҷабин мерезанд, шудгор кардану каланд задан ва обмонӣ бар дӯши онҳост. Вале парвариши ҳосили хуби зироатҳои полизӣ бе заҳмати зан душвор аст, зеро бештари замин регзор буда, вақте хушк мешавад, зуд сахт мегардаду зироатро се - чор маротиба хишова кардан лозим меояд. Аз тарафи дигар, онро аз ҳашароти зараррасон эмин бояд дошт. Дар шароити иқлими Бадахшон ҳамагӣ як бор ҳосили сабзавот ҷамъоварӣ мешавад. Сабзавоткорӣ заҳмати зиёд талаб мекунаду фоидаи мавсимӣ меорад ва бинобар ин иддае аз кишоварзон сабзавот кам мекоранд. Вале Бадахшону Давлатмо роҳи фоидаи доимӣ аз сабзавоти истеҳсолкардаашонро ёфтанду дар баробари тафсон будани бозори фурӯш зиёдтар консерв мекунанду дар тамоми фаслҳои сол ба фурӯш мебароранд.
Бонувони кишоварз Бадахшону Давлатмо ҳар яке чор фарзанд ба воя расондаанд. Ба қавли маъмурони ҷамоат хонаводаи ин бонувони меҳнатқарин ва маърифатпарвар масъулияташонро дар мавриди таълиму тарбияи фарзанд, ба таври шоиста анҷом медиҳанд. Барои бонуи кишоварз Б. Валиҷонова хушхабар ин буд, духтараш - фарзанди савуми хонавода тибқи квотаи президентӣ ба факултаи математикаи Донишгоҳи давлатии Хоруғ қабул шуд. Фарзандони калонтар ҳам, агарчи донишчӯ шуданд, дар мавсими таътил ёрирасони волидонанд.
- Вақтҳое буданд, ки бонувони ошно маро ба муҳоҷират ташвиқ мекарданду ваъдаи пайдо намудани ҷойи кор медоданд. Вале ман дар назди фарзандон будану кор дар замини наздиҳавлигиамонро ихтиёр кардам. Шукр мекунам, ки зиндагии хоксорона, вале дастархони пурнеъмат дорем, - меафзояд Давлатмо.
Мирзоҷалоли шоҳҷамол,
ноҳияи Шуғнон