Мўъҷизаи кўлҳои Помир - Сарез агарчанде аз ҳама ҷавон буда, бар асари заминларзаи сахти моҳи феврали соли 1911-ум ва кандашавии кўҳпораи Усойю ва басташавии рўдхонаҳои кўҳї ба вуҷуд омад. Ин кўлро кўҳҳои осмонбўс дар баландии 3200 метр аз сатҳи баҳр бо захоири 17 миллиард метри мукааб оби тозаи ошомидани дар каф гирифтаанд.Сарезро бархе аз мутахассисон барои эҳтимолияти хатароти рахнашавї «аждаҳои хуфта» , аммо иддае барои зебої ва табиати нотакрораш «нозанини хуфта» унвон карданд.Ба иттилои ситоди ҳолатҳои фавқуллодаи Бадахшон дар сурати рахнашавии эҳтимолї ба ҳаёти бештар аз 4 миллион сокинони ҷумҳурї ва кишварҳои фаромарзї хатари зери об мондан таҳдид мекунад.
Аммо ҳоло бошад, Сарез ба яке аз ҷойҳои диданї барои дўстдорони зиёди сайёҳии экологии дохилу хориҷи кишвар табдил мегардад.Бархе аз мутахассисони кишвар истифодаи захираи бузургтарин ва тозаи оби тозаи кўлро ба мақсади ҳалли мушкилоти оби тозаи ошомиданї дар ҷумҳурї ва ҳамсоякишварҳо, амалишаванда мешуморанд.Муҳандис Султонбек Дилнёбов, яке аз онҳое ҳаст, ки бовар дорад, дар ояндаи наздик оби тозаи Сарез баробари қурби нафту гази моеъ тавассути лўлаҳо интиқол ва ба ниёзмандон расонда хоҳад шуд. Президенти кишвар низ дар Маҷмааи Созмони Миллал масъалаи истифодаи оби тозаи Сарезро ба нафъи кишварҳои ҳамсуд таъкид кард.
Бунёди НБО дар поёни сарбанди табиии кўл яке аз аз роҳҳои дигари истифодаи самараноки оби Сарез арзёбї мешавад .
Аммо бузургтарин кўли Бадахшон бо номи Қарақул бо ғунҷоиши 27 миллиард метри мукааб дар ноҳияи Мурғоб, дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон доман густурдааст.Ин кўли обаш шўру намакин ва сокиту ором дар назари роҳгузарони масири Хоруғ-Уш пораи афтодаи осмонро мемонад, ки дар моварои дашти беканор афтодааст ва сафарии хасташударо ба ёди сабзазорҳои саҳроҳо ва дашту даман мебарад. Оби кўл дар зимистон қабати ғафси ях баста дорад, бархе аз ронандагони маҳаллї ба хотири кўтоҳ намудани роҳ ва сарфаи сузишворї аз болои он убур мекунанд. Аммо ҳодисаҳои шикастани ях аз зарби васоити нақлиётї ва зери ях мондану ба ҳалокат расидани одамон ҷой доштаанд.
Яшилкўл ва Зоркўлу Рангкўл-кўлҳои калони дигари Бадахшон маҳсуб мешаванд.Вале айни ҳол Яшилкўл, ягона кўле ҳаст, ки захираи фаровони оби он ба мақсади ҳалли мушкилоти энержї истифода мешавад. Дар вақти кам шудани оби рўдхонаи Ғунд , ки ба моҳҳои январ - апрел рост меояд ва хатари коҳиш ёфтани иқтидори тавлидотии НБО-и «Помир-1» пеш меояд, оби рўдхона аз обанбори кўл пур мешавад. Дастандаркорони лоиҳаи истифодаи обанбори кўл мегўянд, ки захоири масрафшудаи об аз резиши дарёчаҳо ба он љуброн шуда, хатари муҳитзистї ба гирду ароф таҳдид намекунад.
Аммо табиати нотакрор ва олами набототи нодири Зоркўл беш аз пеш таваҷҷўҳи сайёҳонро ба худ ҷалб мекунад. Њар як сайёҳи хориҷї кўшиш мекунад, ки ба мамнугоҳи Зоркўл сафар кунад ва олами вуҳушу туйюри онро бо чашм назора кунад. Кўл дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон дар роҳи абрешим ҷой гирифта, сайёҳон то расидан ба он аз тамошои дижҳои бостонии Вахони Ишкошим, ки бунёди қадимтаринашон ба аҳди Кўшониён мерасад, баҳравар мешаванд. Ба гуфти номзади улуми биологї Абдулназар Абдулназаров дар моварои роҳи парвози паррандагони кўчї қарор гирифтани Зоркўл боис шуда, ки дар атрофи он селаи паррандагони гуногуну нодирро мушоҳида кардан мумкин аст.Имсол аллакай ғозҳои нодири ҳиндї омада, дар кўл лона гузоштанд.
Кўлҳои Помир ба ғайр аз захираи бузурги об манобеи фаровони моҳї њам ҳастанд.Аммо аз ин атои табиат то ба ҳол ба таври нокофї истифода мешавад. Ба ҳисоби миёна барои таъмини аҳолии вилоят ҳамасола бештар аз се ҳазор тонна моҳї зарур аст, аммо бозор ва дастархони мардум аз гўшти моҳї ҳанўз холист.Дар ошхонаҳо одатан моҳии Булункўли Мурғоб ва Друмкўли ноҳияи Роштқалъаро пешниҳод мекунанд, ки ҷиҳати дурии масофаи онҳо аз маркази вилоят ва хароҷоти нақлиётї нархи моҳї қимат аст. Ба манзури густариши моҳипарварї мақомот чанд барномаи вижаро амалї карда, моҳичаҳо аз ҳавзҳои Хатлон ба кўлу чашмаҳои наздик ба маркази вилоят интиќол дода шудаанд.
«Моҳичаҳои хатлонї дар Бадахшон наҳанг мешаванд», –бо киноя мегуфт яке аз журналистон ҳангоме, ки манзараи фуруд овардани меҳмонони ғайриоддии даруни халтаҳои селофаниро дар фурудгоҳи Хоруғ мушоҳида мекард. Аммо бо гузашти вақти зиёд ин моҳиҳо аз худ дарак надоданд ва ҳанўз ҳам ҷойи моҳиҳои лоғари маҳаллиро нагирифтанд.Мутахассисон истифодаи ғайрисамараноки маблағ ва интихоби ҷойи номувофиқро барои моҳипарварї яке аз сабабҳои рушд накардани соҳа мешуморанд.
Аммо «чашмони нилгун», ки сайёҳон ҳангоми назора аз тайёра аз тамошои онҳо ҳаловат мебаранд, дар бархе аз маворид манбаи хатар барои сокинон ҳам ҳаст.Таҳқиқоти ахири анҷомдодаи олимони тоҷик, ки бо кўмаки Оҷонсии швейсарї оид ба рушд анҷом шуд, 12 кўли кўчакро муайян сохт, ки дар болои куҳҳо ҷой гирифта, метавонанд ғайриинтизор ба сокинони маҳалҳои аҳолинишин хисорот ворид кунанд.Бар асари рахнашавии чунин кўл ва селоби бавуҷудомада чанд сол қабл дар маҳали Дашти ноҳияи Роштқалъа 24 нафар ба ҳалокат расид.
Агарчи қўллаҳои Бадахшон сари баланди ин сарзамин ҳастанд, вале «чашмони нилгун» ба ин пайкар шукўҳ ва зебоии бештаре мебахшанд. Аммо манобеи иқтисодии ин обанборҳои табиї дар Бадахшон, то ба ҳол самаранок истифода намешаванд.
Ш.Мирзоҷалол.