Мавҷуда Ҳакимова яке аз бонувони муваффақ дар пешаи соҳибкорист, ки тӯли фаъолияти хеш дар ин ҷода дар пешрафту нумӯ ва ободии шаҳри Ҳисор ва навоҳии атрофи он саҳми беандоза дорад. Чанде пеш дар суҳбате, ки бо ин бонуи рӯзгордида доштем, андешаҳояшро чунин иброз дошт:
Омӯзгорам
Аз тиҷорат ва илми иқтисод, ба қавле фарсахҳо дур будам. Бо тақозои зиндагӣ мисли дигар бонувоне, ки имрӯз бо соҳибкорӣ шуғл доранд, бо ин пеша рӯ ба рӯ шудам. Аслан омӯзгорам ва ин касб мояи ифтихори ман аст. Ба истилоҳ устухонам бо нони муаллимӣ сахт шудаасту арҷ ба ҳар як омӯзгор мегузорам. Модарам, Алмосой Исҳоқова яке аз бонувони фаъоли даври худ буданд, ки бо ташаббускориҳояшон дар соҳаи маорифи кишвар номваранд.
Соли 1971 ба Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон дохил шуда, баъди хатми факултаи филологияи тоҷик то соли 1992 омӯзгор будам.
Ҳунар мисли олотест, ки ба гуфте сад сол дар бор ва рӯзе ба кор ояд. Пухтани шириниҳоро аз ҳамсоябонуи ҳунаркеш омӯхта будам. Баъзан барои хурсандии кӯдакон аз намудҳои гуногуни он омода менамудам. Баъди солҳои 90 – ум то ҷое мушкилӣ дар рӯзгор пеш омад. Илоҷи баромадан аз вазъи номусоиди иқтисоди хонаводагиро дар омода намудани маҳсулоти қаннодӣ ёфтам. Аз он ки маҳсулоти қаннодӣ пас аз пошхӯрии замони шӯравӣ камтар дар фурӯш буд, шириниҳои пухтаам харидори зиёд пайдо кард. Фармоишҳо барои ҷашну маъракаҳо низ меафзуд. Ҳамин минвол, 5 сол ба омода ва фурӯши маҳсулоти қаннодӣ шуғл варзидам. Баъдан аз ҳисоби даромади он мағозаеро дар маркази шаҳри Ҳисор бунёд намудам.
Аз 29 гектар замини хоҷагии худ ҳар сол ҳосили фаровони зағиру гандум ҷамъ меовардам. Аз фурӯхтани яклухти маҳсулоти кишоварзӣ чандон фоида ба даст намеомад. Гоҳе бар зарари кор ҳам мешуд. Тасмим гирифтем, то ҷувозу осиёи бобоиро гардон намоям. Зеро он замон корхонаҳои равғанкашию ордбарорӣ аз фаъолият бозмонда, талабот ба ин намуди таҷҳизот афзуда буд. Муддате ҷувозкаш шудаму осиёбон низ.
«Мунис» мунисам шуд
Таъсиси ташкилоти ҷамъиятии «Мунис» самти дигари фаъолиятам шуд, ки он соли 1999 ба кор шурӯъ намуд. Дарк кардам, ки инсон ба нияти хайр кореро оғоз намояд, ҳатман дар анҷомаш муваффақ хоҳад шуд.
Журналисти шинохта, шодравон Акбари Саттор аз нафароне буд, ки бо нашрияҳояш дар ин самт фаъол буд ва ӯ метавонист, то дар ин ҷода бароям мадад намояд. Ба наздаш омадам. Дар бораи самаранок истифода намудани гранту пулҳои бебозгашт бароям машварат дод, ки умуман, маълумоте аз ин чизҳо надоштам. Чандин бонуи муваффақи дар ин самт, ки корҳояшон пешрафта буд, ном бурд. Бо роҳнамоии онҳо «Мунис» чун ташкилоти фаъоли ҷамъиятӣ дар ҷумҳурӣ шинохта шуд. Аз ҳисоби грантҳои ба дастомада мактабу боғча, беморхонаю бунгоҳҳои тиббӣ тармим гардиданд. Чандин деҳаҳое, ки мардумаш аз беобӣ азият доштанд, бо оби тозаи ошомиданӣ таъмин гаштанд. Ба шарофати лоиҳаҳои «Мунис» корҳои зиёде дар самти ободонӣ ва тармиму таҷдид дар ҳудуди шаҳр ба сомон расиданд.
Чароғи «Нури ирфон» барои насли нав
Ниҳоят, тасмим гирифтам, то сохтмони боғчаи бачагонро оғоз намоям. Ин иқдом аз ҷониби раиси вақти шаҳр Маҳмадалӣ Тӯхтаев хуб пазируфта шуд. Мавсуф истифодаи қитъаи заминро барои сохтмони бинои боғчаи бачагона иҷозат дод. 26 январи соли 2014 боғчаи бачагона пурра ба истифода дода шуд, ки алҳол 150 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шудааст. Ҳамчунин, муассисаи таълимии хусусии «Нури ирфон» ба кор даромад, ки дар он 500 хонанда бо ду забон (тоҷикӣ ва русӣ) таҳсил менамояд.
Албатта, оромиши хонаводагӣ ва дастгирии шавҳар боиси пешравию муваффақияти кори ман мебошад. Шавҳарам роҳбарии яке аз деҳоти ноҳияи Шаҳринавро ба уҳда дорад. Боре бари дастархон аз боби нақшаҳоям суҳбат доштем ва ӯ бо шӯхӣ гуфт, ки дар ноҳияи Шаҳринав ҳам сохтмони боғчаи бачагонаро ба роҳ монам. Ин нуктаро ҷиддӣ гирифтам ва ба хотири эҳтироми шавҳар сохтмони бинои муассисаи таълимиро оғоз намудам. Рӯзҳои наздик ин муассиса, ки бояд дар он таҳсил бо забони русӣ сурат гирад, барои 380 талаба ба фаъолият шурӯъ хоҳад кард.
Боиси ифтихор аст, ки имрӯз бонувон рӯ ба соҳибкорӣ ва тиҷорат овардаанд ва саҳмашон дар ободонию шукуфоии ҳар як гӯшаи кишвар назаррас мебошад. Аз он ки худ дар ин ҷода сарукор дорам, аз заҳмати ҳампешагонам бархӯрдорам. Аз ин рӯ, тасмим гирифтам, то дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои боғчаи бачагонаро, ки фаъолияташ бо реҷаи шабонарӯзист, ба истифода диҳам. То ин ки бонувоне, ки ба тиҷорат машғуланд, ба корҳои шабонарӯзӣ тавонанд, ки бо дили пур фарзандонашонро ба ин гуна боғчаи бачагона супоранд. Сохтмони ин муассисаи томактабӣ дар деҳаи Очамайлии ноҳияи Рӯдакӣ дар арафаи анҷомёбист ва ба наздикӣ барои 140 кӯдак дари худро мекушояд.
Ҳар кас бо забони худ забондон гардад…
Воқеан, солҳои охир талабот ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ афзуда истодааст. Аксаран волидон хоҳиш доранд, то фарзандонашон дар муассисаҳои таълимии равияашон бо забони русӣ таҳсил намоянд. Ин иқдоми онҳо хуб ва боиси дастгирист. Вале аз он ки на ҳар модар ё падар забондон ҳастанд ва дар хонадони мардуми маҳал муошират бо ин забон анҷом меёбад, кӯдакон дар давоми таҳсил дучори мушкилӣ мегарданд. Аз нигоҳи равонӣ низ онҳо хаста мешаванд.
Махсусан, дар муассисаи таълимии «Нури ирфон» ҳангоми ба мактаб қабул намудани талаба ин нукта ба инобат гирифта мешавад. Зеро аксар аз деҳот буда, сатҳи забондониашон хеле коста мебошад. Дар ҷараёни таълим низ омӯзгорон бо хонандае, ки дар бораи забони ғайр маълумот надорад, мушкилӣ мекашанд. Баъдан, пас аз анҷоми синфи ибтидоӣ нарасидани мутахассисони русидон қариб дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мушкили №1 мебошад. Бо волидон дар ин маврид суҳбат мекунам ва маслиҳаташон медиҳам, ки қаблан кӯдакон тарзи дурусти баёни фикру андешаро бо забони модарӣ омӯзанд.
Ҳар кас бо забони худ забондон гардад,
Омӯхтани сад забон осон гардад.
Ниҳоят…
Аксар савол медиҳанд, ки барои сохтмони ин ё он муассисаи таълимӣ, ё корҳои ободонӣ маблағи зиёд масраф мешавад ва чӣ гуна метавонам ҳамаи ин камбудҳоро пӯшонд?
Бале, барои ба анҷом расондани коре, агар маблағ нақши муҳимро бозад ҳам, иродаи қавӣ, масъулиятшиносӣ ва ташаббускор будан дар ҳама ҷода касро муваффақ менамояд. Воқеан, фоидаи аз коре ба даст омадаро барои худ сарф накардам, боз барои обод сохтани ҷое масраф намудам.
Қутбия Неъматулло,
шаҳри Ҳисор