Аз тиҷорати кӯчабозорӣ
то савдои маданӣ
Чанде қабл дар Хоруғ нахустин маркази савдои бузург - «Супермаркет» дарашро ба рӯйи мизоҷон боз намуд. Марказ «Саодат» ном дошта, бо ташаббуси бонуи қавиирода Гуланор Одилбекова бунёд гардид. Бинои зебо ва барҳавои марказ дар қатори иншооти зиёди дигар, ки солҳои соҳибистиқлолӣ дар маркази вилоят арзи вуҷуд намуданду ба дили бинандагон фараҳ мебахшанд, аз авҷи ободонӣ ва созандагиҳо дар кишвар шаҳодат медиҳад.
Дар маркази савдо барои мизоҷон шароитҳои замонавии хизматрасонӣ муҳайё гардидаанд. Харидор дар ин ҷо имконияти интихоби зиёди моли дилхоҳашро дораду сифати хуби он кафолат дода мешавад, ба ӯ расид медиҳанд ва дар сурати ошкор шудани нуқси мол метавонад дар асоси расид моли харидаашро бозпас гардонад. Бунёди маркази савдои бузург ва мағозаҳои замонавиро дар шаҳру ноҳияҳои вилоят мутахассисон гомҳои устувор дар масири гузаштан аз тиҷорати бозорӣ ба савдои маданӣ мешуморанд. Гуланор яке аз он соҳибкорони муваффақест, ки ин таҳаввулотро дар зиндагии шахсӣ ва фаъолияти тиҷоратиаш таҷриба кардааст.
Журналист Сафармо Лашкарбекова боре супориш гирифтааст, ки дар бораи фаъолияти ин бонуи соҳибкор барои рӯзномаи маҳаллӣ матлаб омода намояд. Раҳораҳ меандешид, ки бо эҳтимоли зиёд бо зани мағруру худписанд ва ҳавобаланд рӯ ба рӯ мешавад.
-Чун дохили маркази савдо шудам, бонувони зиёди коргарро дидам, ки машғули иҷрои вазифаашон буданду вақте аз Гуланор пурсидам, яке аз бонувонро ба ман нишон доданд, ки саргарми кор буду зоҳиран аз коргарони дигар фарқе надошт. Бо дидани ин манзара андешаҳои ман дар ҳаққи ин бону дар як лаҳза дигар шуданд, - мегӯяд Сафармо.
Ӯро дар ҷойи кораш ҳамин тавр дарёфтам, бонуи хоксор, самимӣ ва ҷиддӣ. Мекӯшид, то ба саволҳоям бо камоли кордонӣ посух диҳад.
- Аз оғози фаъолияти соҳибкориатон мегуфтед? - мепурсам аз ӯ.
- Соли 1990 дар бозори шаҳри Хоруғ танҳо чанд тан аз тоҷирони вилояти Ӯши Қирғизистон ба савдо машғулу растаҳои бозор холӣ буданд. Бо дигар шудани муносибатҳои иқтисодӣ ва аз байн рафтани таъминоти мутамарказу пеш омадани буҳрони иқтисодӣ дар шаҳр якбора тиҷорати кӯчабозорӣ авҷ гирифт. Дар ин давраи ноамнӣ аз фанни биология дар Донишгоҳи давлатии Хоруғ дарс мегуфтам. Чун мушкилоти рӯзгордорӣ доштам, вақтҳои холӣ мизу курсӣ гирифта, дар қатори кӯчабозориён ба савдо машғул мешудам. Тиҷоратамро аз фурӯши кулчақанд ва оши помирӣ шурӯъ намудам. Батадриҷ ба хотири таъмини молиявии фарзандонам ба соҳибкорӣ бартарӣ додаму аз Душанбе ва Қазоқистону Чин молу коло оварда, тиҷоратамро васеъ намудам.
Пас аз чанд муддат дар ҳудуди бозор мағозаи тиҷоратии хешро кушода, онро ба хотири арвоҳи ҳоҳарам, ки бар асари беморӣ бармахал дар айёми ҷавониаш ин ҷаҳонро падруд гуфт, Саодат ном гузоштам.
- Чӣ тавр дар фикри бунёди маркази савдои бузург афтодед?-мепурсам дар идомаи суҳбат.
- Дар шаҳри маданӣ ҳама чиз, аз ҷумла фарҳанги савдо ва тиҷорат бояд дар сатҳи баланд бошад. Вақте фаъолияти марказҳои бузурги савдоро дар шаҳрҳои дигари ҷумҳурӣ ва берун аз кишвар дидам, орзу доштам, ки чунин марказҳои савдои мутобиқ ба талаботи байналмилалиро дар Хоруғ низ бинам. Хушбахтона, пас аз чанд сол бароям муяссар шуд, ки худ ташаббускори ин иқдом бошам.
Маркази савдои бузурги «Саодат» муштариёни зиёд пайдо намуд. Дар Хоруғ мағозаҳои тиҷоратӣ бисёранд. Вале бештари онҳо ҳанӯз дар доираи соатҳои идорӣ кор мекунанду субҳи барвақту шом дарашон бар рӯйи харидорон бастааст. «Саодат» ягона марказест, ки шабонарӯз ба мизоҷон хизмат мерасонад. Бино аз се ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум маҳсулоти хӯрокворӣ бо қисмҳои алоҳида - ширинӣ, қаннодӣ, ширӣ, гӯштӣ, атриётӣ, дар ошёнаи дувум бозичаҳои кӯдакона, либосворӣ, асбобу анҷоми рӯзгордорӣ, дар қабати дигари он маҳсулоти қаннодӣ ва нону кулча тайёр ва пешкаши мизоҷон мегарданд. Чун харидорони маҳсулоти қаннодӣ ва нонӣ зиёданд, соҳибкор бо дарёфти гранти президентӣ истеҳсоли намудҳои гуногунашонро дар сехи назди маркази савдо ба роҳ монд.
Сайёҳон ва сафариҳо аз хизмати супермаркет истифода мебаранд.
- Дар бозорҳо молҳо ба таври омехта пешкаш мегарданду сокинони таҳҷоӣ медонанд, ки чиро дар куҷо ва бо кадом нарх ҷустуҷӯ намоянд. Гурӯҳи мо озими Мурғоб аст ва бароямон истифода аз супермаркет қулай ва боваринок аст. Зеро дар ин ҷо тамоми маҳсулоти зарурии истифодаи аввалия мавҷуд, аз рӯйи намудҳояш рафбандӣ шуда, ба ҳар мол нархи он часпонда шудасту ба сифаташ низ эътимоди бештар дорем, - изҳор дошт дар посух ба суоли ман сайёҳи олмонӣ Штефан Бенсман.
Соҳибдил
Дар баробари серғайрату серкор ва корчаллони хуб будан, Гуланор соҳибкори хайрхоҳ ва соҳибдил аст. Дар арафаи идҳо марказ ба мизоҷон туҳфаҳои идона ва маҳсулот бо тахфифҳо пешкаш менамояду ба ниёзмандону муҳтоҷон ва маъюбону ятимон ва гузарондани хатнатӯйи фарзандони оилаҳои камбизоат дасти мадад дароз мекунад.
- Волидон дар тарбияи фарзанд ва барои тақдири ояндаашон масъулияти бузург доранд. Ҳадафи асосии ман дар зиндагӣ тарбия намудан ва омӯзондани фарзандонам буд. Аз ин рӯ, сармояамонро аввал ба рушд ёфтани онҳо сарф намудаму шукр мегӯям, ки ҳамаашон хуб ба воя расиданду соҳибкасб гардиданд. Духтарам, Умеда пизишки бемориҳои занона дар Олмон аст. Писаронам Суҳайлӣ - духтури бемориҳои дил дар Ҷумҳурии Мардумии Чин ба ҳайси ёвари сарпизишки яке аз бемористонҳо фаъолият дораду Ҷавҳарӣ хатмкардаи Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови шаҳри Москва айни ҳол дар корҳои тиҷоратиам ба ман ёрӣ мерасонад.
Агар имрӯз дар ҷомеа аз ман чун соҳибкори муваффақ ном баранд, меболам, ки ба ҳадафи дувумам расидам ва инро подоши заҳмати ҳалолам мешуморам. Мутаассифона, дар Бадахшон мардони соҳибкор одатан ба бемориҳои монанд мубталоянд.Чун пулдор шуданд, аввал автомашинаи гаронбаҳо мехаранд, сипас маъшуқа пайдо мекунанд ва пулро бо ӯ ва ёру ҷӯраҳои навбаромади худашон масраф месозанд. Зан бошад, баръакс, вақте пулдор мешавад, фикру андешааш фақат ба хонавода ва ҳифзу афзун намудани даромади бо заҳмати зиёд бадастомада тамаркуз меёбад ва хеле сарфакор аст, - баён медорад мусоҳибам.
Гуланор Одилбекова, бонуи мубориз ва созанда, аз комёбиҳои хеш дар риштаи соҳибкорӣ неруи тоза гирифта, ба бонувони дигар талқин менамояд, ки дар амалӣ сохтани ҳадафҳояшон дар зиндагӣ собитқадам бошанд. Ӯ бовар дорад, ки ҳеҷ заҳмат ва талоши ҳадафманд бе натиҷа намемонаду касро ба мурод мерасонад.
Ш. МИРЗОҶАЛОЛ,
шаҳри Хоруғ