Аз ин рӯ, башар ҳамвора дар ҷустуҷӯи манбаъҳои таҷдидпазири ғайрисуннатии энергия буду ҳаст. Чунин сарчашмаҳо дар табиат вуҷуд доранд. Об, бод ва офтоб аз ин зумраанд, ки ҳамеша хоҳанд буд. Дар миёни ин се манбаъ офтоб нақшу ҷойгоҳи комилан истисноӣ дорад, зеро бод гоҳ шиддат меёбад ва гоҳ ба нестӣ мерасад, об низ ба иллати гармоиши иқлим рӯ ба костӣ оварда. Вале офтоб пайваста фурӯзон аст, нерӯю иқтидори он зинҳор коҳиш намеёбад ва барои миллионҳо сол ниёзҳои башарро кифоят мекунад. Бар афзун офтоб поктарину дастрастарин, тавонотарину густурдатарин навъи энергияи ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад ва зиёне муҳити зистро аз он нест. Офтоб – ин ситораи меҳварии Роҳи Каҳкашон, ки сайёраи Заминро аз он нуру ҳарорат, ҳаёту нишот, сарсабзиву хуррамист, иқтидори фавқулода бузургеро дар худ нуҳуфта дорад, ки ҳудудан 500 баробар афзунтар аз ниёзи ниҳоии тамаддуни башарӣ ба энергия мебошад.
Тоҷикистон бо доштани 60 дарсади захираи обии минтақа дар ояндаи наздик ба қудрати энергетикӣ ва обии азиме табдил хоҳад ёфт ва бо фурӯши обу барқ ба унвони коло сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандонашро хеле беҳбуд хоҳад бахшид. Аммо тавре зикр шуд, ба далели гармоиши иқлим пиряхҳо, ки асоситарин манбаи обии ҷумҳурӣ мебошанд, рӯ ба об шудан ниҳодаанд ва ин ҷараёнест алҳол илоҷнопазир.
Биноан, ҷумҳурии мо ногузир аст, ки ба Офтоб рӯи ниёз оварад. Тоҷикистон сарзамини офтобист ва шумори рӯзҳои хуршедӣ дар як сол ба андозаи миёна 280 рӯзро ташкил медиҳад. Ҳамчунин, тибқи пешбинии корогоҳон, дар 30-40 соли наздик ҳарорати сайёраи мо 2 дараҷаи дигар афзун хоҳад шуд, ки ҳам ба миқдори рӯзҳои офтобӣ ва ҳам ба шиддати гармоиши он хоҳад афзуд. Имрӯз зумрае ба ақидае расидаанд, ки энергияи офобӣ дар оянда берақиб хоҳад буд, аммо дареғо, ки башар ба тавонмандӣ, зарфият ва ҳақиқати он хеле дер пай бурд.
Баҳрабардорӣ аз нерӯву нури офтоб аз нимаи дувуми асри 20 дар Аврупои Ғарбӣ ва ИМА оғоз шуд ва дар айёми мо ҷуғрофиёи он рӯ ба густариш аст. Солҳои охир барномаи густурдае бо унвонҳои «Сад ҳазор бом» дар Олмон, «Миллион бом дар ИМА», «Ҳафтод ҳазор боми офтобӣ» дар Ҷопон ва ҳатто «Чил ҳазор юрти офтобӣ» дар Муғулистон ҷомаи амал мепӯшад. Неруи офтобӣ ҳоло тавассути дастгоҳҳои махсус (коллектор, модул, бухорӣ, бак, дистилятор…) асосан барои гарму рӯшансозии хонаҳо, идораҳо, бозорҳо (ба ҷои барқ) корбаст шудааст. Ҳоло дар бисёр кишварҳо нерӯгоҳҳои барқии хуршедӣ фаъоланд. Дар ИМА 8 ин гуна нерӯгоҳ бо иқтидори 450 мВт мавҷуданд, ки иқтидори онҳо вориди низоми воҳиди энергетикии кишвар мешавад. Алъон дар Чин 150 миллион нафар аз энергияи офтобӣ файз мебаранд.
Бино ба пешбинии Конгресси энергетикии ҷаҳонӣ, соли 2020-ум 5,8 дарсади талаботи ҷаҳонии энергия аз ҳисоби манбаъҳои энергиязои ҷойгузин (алтернатив) таъмин хоҳад шуд. Дар Аврупо ба нақша гирифтаанд, ки соли 2020-ум 70 дарсади фонди истиқоматиро бо ин нерӯ таъмин менамоянд.
Тоҷикистон мӯҳтоҷи манбаъҳои энергияи мухталиф буда, ин ниёз сол ба сол рӯ ба фузунӣ дорад. Бад-ин ваҷҳ Ҳукумати ҷумҳурӣ моҳи феврали соли 2007 Барномаи ҷомеи ҳадафманди истифода аз манбаъҳои энергияи таҷдидпазир дар Тоҷикистон барои солҳои 2007-2015-ро омода сохт. Дар ростои таҳаққуқи ин тарҳ панҷ дастгоҳи офтобии обгармкунанда аз Туркия оварда, дар ошхонаи бемористони шаҳраки Советии якум, бозорҳои Шоҳмансур ва Султони Кабири пойтахт ва бозори марказию масҷиди ҷомеъи шаҳри Қӯрғонтеппа насб шуд. Корхонаи алюминии Тоҷикистон, корхонаи мошинҳои нассоҷии Душанбе ва як идда муассисаҳои саноатии шаҳри Чкалов метавонанд тавлиди коллекторҳои хуршедиро ба роҳ бимонанд.
Дар ҷумҳурӣ алҳол калонтарин тарҳи рушди энергетикаи офтобӣ дар соҳаи тандурустӣ пиёда мешавад, ки онро Бонки ҷаҳонӣ сармоягузорӣ мекунад. Ҳадафи ин тарҳ насби дастгоҳҳои хуршедӣ дар бемористонҳои бахше аз рустоҳои кишвар мебошад. Дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои Хуҷанду Бохтар се истгоҳи барқӣ бо панел (тахтаоҳан)-ҳои офтобӣ фаъол мебошанд, ки сифати пахтаро месанҷанд.
Дар ду соли охир дар ҷумҳурӣ чанд ҳамойиши илмӣ баргузор гашт, ки дар онҳо муаммои манбаъҳои таҷдидпазири энергия мавриди баҳс қарор гирифт. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ озмоишгоҳи «Энергияи ноб» созмон ёфт ва магистратураи «Технологияи энергияи таҷдидпазир» ифтитоҳ гашт. Дар кишвар бозори коллектор ва панелҳои хуршедӣ шакл мегирад ва Ассотсиатсияи энергияи таҷдидпазир ба фаъолият оғоз кард.
Ҳамин дастур ҷаҳон ба Офтоб рӯ меоварад ва Тоҷикистон ба иттиҳодияи офтобӣ мепайвандад.
А. СОЛЕҲИЁН