Ин андешаҳои Азизмоҳ Маҳмадиева - сарвари хоҷагии деҳқонии «Ширин»-и ноҳияи Ҷомист, ки баъди паси сар кардани бӯҳрони молиявӣ ва дигар мушкилиҳо азми рушду инкишофи хоҷагиашро дорад. Ба ақидаи ӯ, даромади ҳалол ҳамонест, ки як қисми муайянаш барои хайру сахо, дастгирии ниёзмандон ва рушди диёр сарф мешавад.
Азизмоҳ то соли 2000 ҳамчун мураббии боғчаи хоҷагии коллективӣ кор мекард. Ӯ бурду бохти пахтакоронро аз наздик мушоҳида карда, ба суоли «Чаро деҳқон соли дароз заҳмат кашида, ҳосили фаровон ба даст меораду шароити зиндагиаш беҳтар намешавад?» посух меҷӯст. Баъди андешаи зиёд ҷуръат пайдо карду сарварии бригадаи колхозро ба ӯҳда гирифт. 5 соли дароз асрори хоҷагидориро омӯхт ва мисли ҳазорон нафар пахтакорони заҳматкаш бесаброна таҷдиди хоҷагиҳои коллективиро интизор шуд, зеро фаҳмид, ки дар шароити хоҷагидории коллективӣ ва маблағгузории соҳа аз ҷониби сармоягузорон ба деҳқон танҳо ғӯзапоя мемонаду қарзи замин.
Вақти таҷдиди хоҷагиҳои коллективӣ Азизмоҳ, яке аз аввалинҳо шуда, аз ҳисоби 19 гектар саҳмияҳои замини хешу пайвандонаш хоҷагии деҳқонии «Ширин»-ро таъсис дод. Аз Бонки рушди Тоҷикистон қарз гирифта, дар соли аввал даромади хуб ба даст овард. Инак, соли панҷум аст, ки хоҷагӣ баъди фурӯши ҳосил қарзро баргардонида, даромади софро барои рушди минбаъдаи хоҷагидорӣ, хайру сахо ва рӯзгори саҳмиядоронаш сарф мекунад. Имсол нархи пахта дар бозори ҷаҳонӣ боло рафту саҳмиядорони «Ширин» аз ҳисоби даромадашон соҳиби мошинҳо шуданд.
Нияти дерина дорад Азизмоҳ, ки аз ҳисоби хоҷагии деҳқониаш барои фарзандони саҳмиядорон боғчаи бачагон бунёд намояд. «Даҳҳо бонувони деҳаро, ки бинобар тифли хурдсол доштан дар истеҳсолот кор намекунанд, дубора сари корҳои даромаднок бармегардонам.Бовар дорам, ки агар як-ду соли дигар ҳамин хел даромади хуб ба даст биёрем, бунгоҳи тиббӣ, марказҳои фарҳангӣ ва барои занони деҳа даҳҳо ҷои нави корӣ ҳам сохта метавонем. Агар ин идеяҳоямонро амалӣ намоем, деҳаамон ба як шаҳраки саноатӣ табдил меёбад»,–мегӯяд ӯ.
Саҳмиядорон иброз медоранд, ки дере нагузашта аз ҳисоби ҳосили пахтаи соли оянда дар деҳа сехи дӯзандагӣ сохта ба истифода медиҳанд.
Ба гуфти Азизмоҳ Маҳмадиева, омили дигаре, ки боиси бедории фикрӣ ва баланд шудани савияи донишу малакаи бонувони деҳот мегардад, ҷалби онҳо ба мутолиаи адабиёти бадеӣ ва матбуоти даврист. Бинобар ин, тасмим гирифтаанд, ки дар бошишгоҳи саҳроии хоҷагӣ гӯшаи фарҳангиро эҳё намоянд.
Аз роҳҳои нави соҳибкории бонувон пурсон мешавам. Азизмоҳ зикр мекунад, ки ду соли охир онҳо ба мардум тарзи парваришу нигоҳубини карами чиниро омӯхтаанд ва деҳқонон ҳосилу даромади хуб гирифтаанд. Чун имсол соҳиби мошини худӣ шудаанд, боварӣ ҳаст, ки маҳсулоти истеҳсолкардаашон дар бозори ноҳия харидор меёбад. Соли сипаришуда аз боғи зардолу ҳосили хуб ба даст омад. Соли оянда ҳосили зардолуро кор карда, баъд ба бозор мебароранд, чунки даромад аз он нисбати маҳсулоти аввалия бамаротиб зиёд мешавад.
Дар шароити деҳа рушди соҳаи чорводории хурд низ бисёр фоидаовар аст, аммо мардум ҳоло ба ин шакли соҳибкорӣ чандон таваҷҷӯҳ надоранд. Дур нест он рӯз, ки бонуе боз намунаи ибрат мешавад ва ин соҳаи озмуда рӯ ба тараққӣ меорад.
Дар деҳаи Бӯстон Сулаймоноваи ноҳияи Ҷомӣ бо бовару ифтихор мегӯянд, ки дар замони созандагиву бунёдкории аҳли Ватан ҷойи бонуи тоҷик дигар кунҷи хона нест.
Ҷамолиддин Сайфиддинов