Тоҷикдухтар
Сафар ба вилояти Иркутск ба давраи каме пушти сар шудану аз маҳдудияти карантинӣ баромадани мардум дар давраи ҳассоси бемории COVID - 19 рост омад. Ҳарчанд сафар дар ин шабу рӯз хатарнок ҳам бошад, муҳаббати ҳамватанон ва хосса бонувони сарбаланди тоҷик моро водор сохт, то бо даст додани имкони нахустин азми сафар кунем. Инак тариқи қатораи зудҳаракат озими Иркутск мешавем. Иркутск панҷумин шаҳри калони Россия буда, дар 66 - умин километри дуртар аз кӯли Байкал ва дар соҳили дарёи бузурги Ангара ҷойгир шуда, зиёда аз 650 ҳазор аҳолӣ дорад.
Дар ин шаҳри Сибири Шарқӣ доираи зиёди тоҷикон дар соҳаҳои гуногун фаъолият менамоянд. Дар назди ҷамъияти тоҷикони Иркутск бо роҳбарии Муривватшо Маликшоев иттиҳодияи бонувони тоҷикистонӣ арзи ҳастӣ дорад. Бонувони тоҷикистонӣ бо ширкати фаъолона дар ҳаёти фарҳангию адабӣ, чорабиниҳои сатҳи баланди вилоят, миёни ҳукуматдорони вилояти Иркутск ва ҳавзаи федеролии Сибир обрӯи хосро моликанд.
Мегӯянд кас дар Ватан бо рафтору амалаш худро муаррифӣ менамояд, вале дар хориҷи кишвар миллату ватанро. Зимни сафари хеш ва бо супориши маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» хоҳони онем, то бо бонувоне аз наздик ҳамсуҳбат гардем, ки тавонистаанд худро чун шахси ободкор нишон диҳанд.
Раиси иттиҳодияи бонувони тоҷики вилояти Иркутск Лола Файзиева (Белоусова) ва раиси ҷамъияти тоҷикони вилояти Иркутск Муривватшо Маликшоев зимни боздид тавсияи ҳатман бо Саодатҷон Қосимова ҳамсуҳбат шуданро доданд. Суҳбати мо дар хонаи барҳавою тозаю озода ва бо тарзи миллии тоҷикона орододашудаи Саодатҷон сурат гирифт.
- Зодаи Хуҷанди бостониам, - гуфт ҳамсуҳбатам. - Падару модарам коргари корхонаҳои пойафзолбарориву таъминотчии корхонаи саноатӣ буданд. Онҳо фарзандонро бо меҳнати ҳалол тарбият карданд.
Дар бораи хотироти ширини овони наврасиву ҷавонӣ Саодатҷон иброз намуд: «Пеши назарам ҳаст, вақте мо донишҷӯ шудем, модарам назди тиреза нишаста, омадани ману хоҳарамро интизорӣ мекашиданд. То омадани фарзандон ғизо намехӯрданд. Волидон доимо дар бораи интихоби ёру дӯст ва ҳамнишинон таъкид мекарданд. Некӣ кардан ба одамони ниёзмандро авло медонистанд. Мегуфтанд, некӣ кардед, дарҳол некиро аз касе чашмдор нашавед, некии кардаатон рӯзе шуморо кофта меёбад, агар шуморо наёфт, фарзандони шуморо меёбад».
- Вақте бо дугонаҳои ҳамсабақам ба хона меомадем, шодии модарамро ҳадду канор набуд.То ҳоло ин хотироти ширинро ба ёд меорам. Модарам дар он лаҳзаҳо пешамон тамоми нуқлу наворо мегузоштанд.
Аз падар сабурию поквиҷдониро омӯхтем. Падар мудом насиҳат медоданд, агар рӯи роҳ халтаи зару зеварро дидед, даст нарасонда гузашта равед, зеро вай моли кас аст. Ҳеҷ вақт ба молу чизи бегона назари ҳасад надӯзед, бо меҳнати ҳалол зиндагиатонро пеш баред. Зеро молу чизи кас ба дигаре насиб намекунад.
Аз модар кадбонугиву муомиларо бо шавҳару аҳли хонаводаи шавҳару атрофиён омӯхтам. Ҳоло ҳунарҳои аз модар омӯхтаам дар Иркутск оилаи моро соҳибэҳтиром гардондааст. Ману духтарам ҳар гуна ғизоҳои миллии тоҷиконаро омода месозем.
Тарзи омодасозии таомро писарам ба навор гирифта, дар саҳифаҳои иҷтимоӣ мемонад, ки муштариёни зиёде дорем. Дар озмунҳо маро чун кадбонуи беҳтарин ба ҳайси сардовару довар даъват менамоянд. Дар тамоми чорабиниҳои сатҳи давлатии Иркутск мекӯшем кадбонугию дӯзандагӣ, шеъру сурудхонӣ, китобдорию китобдӯстии миллатамонро ба мардуми сермиллати Иркутск ва дигар вилоятҳои Россия нишон диҳем,-мегӯяд бо табассуми зебо Саодат Ғафуровна ва илова мекунад:
- Донишгоҳи давлатии Хуҷандро соли 1998 бо дипломи аъло ва ихтисоси иқтисодчӣ хатм кардам. Соли 1999 оиладор шуда, ҳоло соҳиби ду духтару як писар ҳастам. Ба вилояти Иркутск омадани мо тасодуфӣ буд. Ба дидорбинии наздикон омадему ин ҷо мондем.
Духтари калониам дар Чин, дар риштаи тарҷумонӣ таҳсил менамояд. Духтари дувумам дар коллеҷи тиббии Иркутск ва писарам Абубакр дар синфи 9 - ум мехонад.
Ҳафт сол боз дар бонки байналмилалии «Мол Булак» иқтисодчиям. Фаъолияти бонки мо асосан барои ёрӣ расондан ба шаҳрвандони Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қирғизистон роҳандозӣ шудааст. Ба ҳамватаноне, ки ба тозагӣ ба Россия ва ё вилояти Иркустк меоянд, бо фоизи камтарин қарз дода мешавад. Онҳо дар навбати худ ин маблағро барои ҳуҷҷатгузориҳо, харидани мошин, истифодаи таксӣ ва дигар корҳои ниёзи аввалия сарф мекунанд.
Забони муошираташро дар муҳити хонавода, таҷлили ҷашну чорабиниҳои миллӣ пурсидам. «Албатта, бо забони модарӣ муошират мекунем», гуфт ӯ.
- Шахсан ман ҳамчун модар мехоҳам фарзандонам забони тоҷикиро дӯст доранд, муқаддас донанд. Дигар забонҳоро низ омӯзанд, вале фаромӯш набояд кард, ки тоҷик ҳастанд.
Донистани забони модарӣ, урфу одатҳои миллӣ барои бонувони тоҷики Иркутск ва шахсан оилаи мо дар мадди аввал меистад. Дар Иркутск миллатҳои гуногун фаъолият мекунанд, вале иттиҳодияи бонувони Тоҷикистон, ки роҳбарии онро бонуи фаъолу аз оилаи намунавӣ, ки доимо бо ташаббусҳо номи миллату Ватанро баланд мебардорад, Лола Файзиева (Белоусова) ба дӯш дорад. Дар назди ҷамъияти тоҷикон, бо номи «Ҳамватанон», ки ба он инсони фарҳангиву ободкор Муривватшо Маликшоев роҳбарӣ мекунад, дар якҷоягӣ бо ҷавонмардони ватандӯсту дастбахайр Давронҷон Сатторов, Эргаш Маҳмадбеков ва дигар соҳибкорони ватанӣ пайваста барои баргузории чорабиниҳои миллӣ ба мо ёрӣ мерасонанд.
Аз як даст садо намеояд ва баракати рӯзгору ободӣ дар сарҷамъиву ваҳдату дастгирии якдигарист. Чорабиниҳои миллии мо, чун «Рӯзи оила», «Рӯзи Ваҳдати миллӣ», Наврӯз, «Рӯзи Истиқлолият», «Рӯзи забони давлатӣ» ва дигар маҳфилу ҷашнҳо миёни дигар халқиятҳо дар сатҳи баланд доир мегарданд. Намояндагони миллатҳои Осиёи Марказӣ ба мо бо чашми ҳавас менигаранд. Шахсан аз ҷониби ҳукумати вилояти Иркутск ва губернатори Иркутск иттиҳодияи бонувони моро доимо ҳамчун меҳмонҳои фахрӣ дар ҷашнҳову озмунҳо даъват ва бо мукофотҳои хотиравӣ қадр мекунанд.
Ҳар доим аз ҳамватанони бурунмарзии худ мепурсам: - Ватан аз нигоҳи Шумо? - Саодатҷон лаҳзае ба дуродур назар афканда, бо табассуми ба худ зебанда гуфт:
-Апаи Садбарг, Ватан ин маъво, хонаи умед, ифтихор, сари баланд, ёди овони хушбахттарин айём - кӯдакиҳои мо дар остони хонаи падар аст. Ватан ин ҳастии ману ман барин тоҷикистониҳост. Мо шабакаҳои телевизионии Тоҷикистонро тамошо мекунем. Аз хабарҳои фарҳангиву сиёсӣ бохабарем.
Мо - тоҷикони бурунмарзӣ мефахрем, ки тавассути сиёсати ободкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зодбум – Тоҷикистони азизи мо рӯз ба рӯз ободу зебо шуда истодааст. Имрӯз аз суҳбат бо бисёре аз дӯстони иркутскиам дармеёбам, ки онҳо Тоҷикистони моро чун як кишвари офтобию ободону пешрафта бо табиати нотакрор, бо кӯҳҳои сарбаафлокаш, медонанду хостори сафар ба ин кишвари зебоманзар ҳастанд.
Мо бо Саодатҷон қадамзанон кӯчаҳои зебои Иркутск, шаҳреро ки бо кӯли овозадору зебои Байкалаш машҳури олам, шаҳреро ки ҳазорҳо ҳамватанони мо дар ин шаҳр кору таҳсил доранд, рӯзгорашонро пеш мебаранд, бо донишмандию ободкориашон дар ҳаёти рӯзмарраи вилояту ҳавзаи федеролӣ нақши муносиб мегузоранд, мегузарем.
Ноаён ба суханронии пур аз муҳаббати Саодатҷон гӯш дода, аз чунин бонувони тоҷике, ки дар дуриҳо ҳам худро тавонистаанд чун як узви миллати соҳибтамаддун, озодарӯзгор нишон диҳанд, шоду мамнун мегардам.
Садбарг БОҚИЕВА,
Новосибирск - Иркутск