ЛАХШ: Дастрасӣ ба грантҳо
Занону духтарон метавонанд дар ҳама соҳаҳо нақшу мақоми махсусе дошта бошанд. Риояи баробарҳуқуқии зан дар меҳвари сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати кишвар қарор дорад. Ӌалби бонувон ба фаъолияти сиёсӣ, иӌтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва соҳибкорӣ дар солҳои истиқлолият нишон дод, ки ин қишр бо садоқату вафодорӣ ба оила, ӌамъият ва давлат масъулияти муҳимеро иӌро карда метавонанд.
Рушди ҳама гуна ӌомеа бидуни маърифатнокӣ ва фаъолмандии занон ғайриимкон аст. Ҳамин аст, ки Ҳукумати кишвар нисбат ба занону духтарон сиёсати некеро пеш гирифта, мақсад гузоштааст, ки нақши онҳоро дар ӌомеа баланд бардорад.
- Ба ҳунармандӣ ӌалб кардан ва соҳибкасб намудани занон яке аз масъалаҳои муҳимест, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша сари он таъкид мекунанд. Дар партави ин ғамхориҳо бонувони меҳнатқарини ноҳияи Лахш низ масъулияти бештар ҳис мекунанд. Қариб ҳамарӯза ба бахши занон ва оила бонувони зиёде барои омӯхтани касбу ҳунарҳои гуногун дар курсҳои омӯзишӣ ва ба хотири боло бурдани қобилияти ташкилотчигии хеш дар семинару тренингҳо, муроӌиат менамоянд. Аӌибаш ин аст, ки шумораи муроӌиаткунандагон то рафт бештар мегардад, - мегӯяд Насиба Ғафурова, муовини раиси ноҳияи Лахш ва меафзояд, - дарвоқеъ, ташкили курсҳои кӯтоҳмуддат барои аҳолии бешуғл дар ҳама шаҳру ноҳияҳо, ки чанд сол пеш бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, таъсири амиқи худро барои касбомӯзии сокинони бешуғл гузошт. Ин иқдом, пеш аз ҳама, занону духтарони хонашинро рӯҳбаланд ва ба онҳо рӯҳия ва неруи тоза бахшид. Инро ҳамчун шахсе иброз медорам, ки солҳост бо масъалаҳои занон сару кор дорам.
Дар натиӌа занону модарони зиёде имрӯз ҳунарҳое, монанди қолинбофӣ, дӯзандагӣ, бофандагӣ ва ғайраро аз бар намудаанд, ки яке аз омилҳои такондиҳандаи эҳёи ҳунарҳои мардумӣ хоҳанд шуд. Эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ба ин раванд такони ӌиддӣ бахшид. Зеро баҳри рушди бемайлони ҳунарҳои мардумӣ имтиёзҳои андозӣ ва гранту қарзҳои имтиёзнок дода шуд. Зикр ба маврид аст, ки аксар нафарони ба соҳибкорӣ дар самти эҳёи ҳунарҳои мардумӣ шуғлварзанда, бонувонанд.
Солҳои 2015 – 2019 танҳо барои бонувони ноҳияи Лахш аз ҳисоби грантҳои президентӣ панӌ грант баҳри рушди соҳаҳои парандапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва эҳёи ҳунари қолинбофӣ 120 000 сомонӣ маблағ ӌудо гардидааст.
- Дар баробари ташаббусҳо ва дастгириҳои давлатӣ ӌиҳати ӌалби занон ба ҳунармандӣ, ки шумораашон сол аз сол меафзояд, боз ҳам тақвият додани маҳорати ташкилотчигӣ ва корбарии бонувон дар пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ афзалияти хос дорад. Агар дар курсҳои касбомӯзӣ бонувон соҳибкасб гарданд, марҳилаи дигар ташкили фаъолияти соҳибкорӣ ва ба манбаи даромади молӣ табдил додани касби омӯхтаи онҳост.
Ин ӌо доштани маърифати корбарӣ зарур меояд. Дар ин замина, шарикони рушд ва ташкилотҳои ӌамъиятӣ метавонанд, ба занону модарони ҳавасманд ёрӣ расонанд. Бинобар ин, мақомоти иӌроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Лахш баҳри рушди малакаи коргарӣ ва ташкили соҳибкории занон дар заминаи ҳунарҳои мардумӣ ва дигар самтҳо корҳои мушаххасро анӌом медихад, - мегӯяд Н. Ғафурова.
Дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ӌамъиятии ӌумхурӣ ва маҳаллӣ бонувони лахшӣ барои ширкат дар барномаҳои гуногун ӌалб мегарданд. Дар ин хусус мақомоти ноҳия талош дорад бо барномаҳои марбутаи созмонҳои байналмилалӣ ва ташкилотҳои ӌамъиятӣ, ки бо занон кор мебаранд, ҳамкориҳои судмандро биафзояд. Яке аз ин гуна ташкилотҳои ӌамъиятӣ, ки бо занон солҳост лоиҳаҳои гуногунро татбиқ месозад, Ташкилоти ӌамъиятии «Фидокор» мебошад.
Солҳои охир бо дастгирии мақомоти ноҳия дар ҳамбастагӣ бо ин ташкилот ва маблағгузории СММ оид ба кор бо занон дар ӌумҳурӣ 6 нафар занони фаъоли ноҳия аз 1000 то 42000 сомонӣ грантҳои бебозгашт барои ташкили корхонаҳои хурди коркарди мева, намадбарорӣ, дӯзандагӣ, асппарварӣ ва кошонаи ҳусн дастрасӣ пайдо намуда, зиёда аз 40 нафар занони осебпазирро ба шуғли доимӣ фаро гирифтанд. Ин иқдомҳо барои пайдо намудани заминаи иқтисодӣ ба онҳо ёрӣ мерасонанд.
Ташкилоти ӌамъиятии «Фидокор» дар ҳамкорӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи МИМҲД - и ноҳияи Лахш семинарҳои омӯзиширо дар мавзӯъҳои «Ҳуқуқи зан ва муносибатҳои гендерӣ» ва «Таҳияи лоиҳа ва тартиб додани нақшаи тиӌоратӣ» доир намуд. Дар рафти семинари дуюм озмуни грантҳоро эълон кард, ки он дар доираи барномаи «Ҳамкорӣ баҳри навоварӣ» дар кишварҳои Осиёи Марказӣ иӌро шуда истодааст. Барномаи мазкур дар ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи рушди ӌомеаи шаҳрвандии Ӌумҳурии Қазоқистон ва маблағгузории ЮСАИД иӌро шудааст. Мувофиқи нақша 5 ташкилоти ӌамъиятӣ ва мақомоти худфаъолияти ӌамъиятии ноҳия ғолиби озмун интихоб шуда, ҳар як лоиҳа то 45 ҳазор сомонӣ маблағгузорӣ карда мешавад. Аз ин ҳисоб зиёда аз 50 нафар занони хонашини ноҳия бо ӌои кори доимӣ таъмин мегарданд.
Иштирок дар ин омӯзишҳо ба бонувони ноҳия имкон дод, то донишу малакаашон бештар шавад. Ба ин восита онҳо тавонанд барои ҳалли мушкилоти занони осебпазири деҳот ёрӣ расонанд. Акнун занони фаъол метавонанд бо назардошти эҳтиёӌоти занони осебпазир ва малакаву имконияти онҳо лоиҳаҳои гуногун оид ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии занони деҳотро таҳия намоянд, ки заминаи хубе барои ба даст овардани грантҳои президентӣ ва созмонҳои байналмилалӣ гардад.
Дар доираи барнома тадбиқи таӌрибаомӯзии 5 нафар занони ноҳия аз ҳисоби грантгирандагон ба шаҳри Самарқанди Ӌумҳурии Ӯзбекистон доир гардид, ки барои занони ҳавасманд мактаби хуби фаъолияти ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ шуд.
Дар доираи барномаи «Ҳамкорӣ баҳри навоварӣ» 5 лоиҳаи ташкилотҳои худфаъолияти ӌамъиятии ноҳияи Лахш, аз ӌумла лоиҳаҳои «Хизматрасонии босифат дар соҳаи сайёҳӣ» аз Ташкилоти ӌамъиятии «Аъзам», «Коркарди пашм» аз ТӋ - и «Ориён», «Ташкили кошонаи ҳусн ва иӌораи либосҳои тӯёна» аз мақомоти худфаъолияти ӌамъиятии (МХӋ) «Мақсад», «Сехи дӯзандагӣ барои дӯхти либосҳои миллӣ» аз МХӋ - и «Саёҳат», «Ташкили корхонаи хурди адрасбофӣ» аз МХӋ - и «Чоргул» бо маблағи зиёда аз 200 ҳазор сомонӣ дастгирӣ ёфта, ба фаъолият шурӯъ намудаанд.
Алҳол бонувони ин ноҳияи дурдасту баландкӯҳи кишвар дар ҳама ӌабҳаҳои хоӌагии халқ кори босамару назаррас доранд. Роҳбаранду вакил, соҳибкоранду косиб, кишоварзу ҳунарманд, бо диди нав ва навовариҳои худ пешсафанду навовар.
Далер САФАР,
ноҳияи Лахш