Захираҳои мавӌудбудаи рустаниҳои шаҳддиҳанда, ки зиёда аз 5 миллион гектар мебошанд, имконият медиҳанд, ки дар ӌумҳурӣ зиёда аз 800 ҳазор оилаи занбӯри асал парвариш карда, соле 14 - 16 ҳазор тонна асал ва ба миқдори зиёд маҳсулоти дигари он истеҳсол карда шавад.
Корхонаи воҳиди давлатии занбӯрпарварии «Асали Тоӌикистон» - и Вазорати кишоварзии Ӌумҳурии Тоӌикистон ҳамчун ягона корхонаи занбӯрпарварӣ дар ӌумҳурӣ фаъолияти худро барои зиёд намудани оилаи занбӯри асал, истеҳсоли номгӯи гуногуни маҳсулоти соҳа, расондани ёрии амалӣ ва таъмини занбӯрпарварон сарфи назар аз шакли моликият ва фаъолият бо ҳамагуна асбобу анӌоми занбӯрпарварӣ, тайёр кардани муми варақин (вошина), оилаи хурди занбӯри асал, расондани ёрии зооветеринарӣ, гузарондани семинарҳои илмӣ - амалӣ ва дигар чорабиниҳо равона намудааст.
Коргоҳ соли 1952 дар назди Вазорати кишоварзӣ ташкил шуда, то соли 1958 дар шаҳри Душанбе воқеъ буд. Аз соли 1958 то ҳозир дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат амал мекунад.
САЙРИ ТАЪРИХӢ
- Нахустин кандуҳо (қуттиҳои занбӯр) солҳои 1932 – 1934 дар колхозу совхозҳои ноҳияҳои Ҳисор, Шаҳринав, Хуӌанд ва Конибодом пайдо шудаанд. Соли 1932 аз Қафқоз ба ӌумҳурӣ 140 оилаи занбӯри асал оварда шуд, вале қисми зиёди онҳо бинобар номусоид будани шароит нобуд шуданд. Занбӯрпарвариро дар заминаи парвариши занбӯрҳои ваҳшии маҳаллӣ тараққӣ додан лозим меомад. Ба ӌустуӌӯи оилаҳои занбӯр мактаббачаҳо сафарбар шуданд. Дар натиӌа, дар дараҳои Қаратоғ оилаҳои калони занбӯрҳои хокистарранг (ишкамашон рахҳои зард дошта) ёфт шуданд. Худи ҳамон сол аз ин занбӯрҳо 170 оила ташкил карда шуд. Соли 1946 дар мавзеи Варзоб ва соли 1949 дар Ғарм (имрӯза Рашт) оилаҳои занбӯри асал ёфт шуданд.
Ҳамин тавр, шумораи оилаҳои занбӯри асал соли 1947 ба 4 ҳазор, соли 1950 ба 7 ҳазор ва соли 1960 ба 70 ҳазор расид. Занбӯрпарварӣ тадриӌан дар Суғд, Хатлон ва ВМКБ чун соҳаи мустақили кишоварзӣ ривоӌ ёфт. Идораи занбӯрпарварӣ, ки хоӌагиҳо ва занбӯрпарварони ҳавасмандро бо лавозимоти зарурӣ таъмин мекунад, тараққӣ кард. То солҳои 90 бештар аз 200 ҳазор оилаи занбӯр доштем, ки аз он 130 ҳазор оилааш ба аҳолӣ мансуб буд, - мегӯяд сардори КВД занбӯрпарварии «Асали Тоӌикистон» Музаффархон Ҳалимов.
Дар тавозуни муассиса коргоҳи истеҳсоли мумварақ фаъолияти пурсамар дорад, ки аз занбӯрпарварони кишвар муми занбӯри асалро қабул намуда, аз он мумварақ истеҳсол ва пешкаши онҳо мегардонад.
Алҳол дар корхона зиёда аз 4000 оилаи занбӯр парвариш карда мешавад. Тариқи шартнома дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар зиёда аз 200 нафар занбӯрпарвар ҳамкорӣ дорад. Корхона онҳоро бо қуттӣ, оилаҳои занбӯри асал, ғизо ва асбобҳои даркорӣ таъмин месозад. Онҳо аз ҳар оилаи занбӯр ба корхона 4 - 5 кг асали молӣ месупоранд. Боқимонда асал ва дигар маҳсулоте, ки занбӯри асал истеҳсол мекунад, аз қабили гарди гул, шири модарзанбӯр, заҳри занбӯр, ширешро занбӯрпарварон мегиранд.
РУШД
Даврони соҳибистиқлолии кишвар бо дастгирии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди бемайлон ва устувори соҳаи занбӯриасалпарварӣ се барномаи махсуси давлатӣ қабул гардид. Агар Барномаи барқарорсозӣ ва рушди соҳаи занбӯрпарварӣ дар Ӌумҳурии Тоӌикистон барои солҳои 2006 – 2010, ки бо Қарори Ҳукумати Ӌумҳурии Тоӌикистон аз 1 - уми сентябри соли 2005, №338 қабул гардида буд, барои барқарорсозии соҳа мусоидат намуда бошад, пас Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ барои солҳои 2011 — 2016, ки бо Қарори Ҳукумати Ӌумҳурии Тоӌикистон аз 2 - юми сентябри соли 2010, № 418 тасдиқ гардид, барои афзун намудани ҳаӌми истеҳсоли асал дар мамлакат, шуғли аҳолӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, хусусан ноҳияҳои кӯҳистон имкониятҳои васеъро ба миён овард. Дар натиӌаи татбиқи Барномаи рушди соҳаи занбӯрпарварӣ барои солҳои 2011 — 2016 ва дастгирии молиявӣ аз буӌети давлатӣ, теъдоди оилаҳои занбӯри асал ба 179000 ва истеҳсоли асал ба 3000 тонна расонда шуд.
Барномаи сеюм Барномаи маӌмӯавии рушди соҳаи чорводорӣ дар Ӌумҳурии Тоӌикистон барои солҳои 2018 – 2022 мебошад, ки алҳол амал карда истодааст. Мусоидати маҳз ҳамин барномаҳо ва дастгириҳои Ҳукумати ӌумҳурӣ буд, ки ба ҳолати то 1 январи соли 2020 миқдори оилаҳои занбӯри асал ба 230000 ва истеҳсоли асал ба зиёда аз 4200 тонна расонда шуд, ки нисбат ба соли 2006 оилаҳои занбӯри асал 180400 оила (қариб 4 маротиба) ва истеҳсоли асал 3220 тонна (қариб 5 маротиба) зиёд гардида аст.
ИНКИШОФ
Бо мақсади таъмини иӌрои нақша - чорабиниҳои барнома дар КВД занбӯрпарварии «Асали Тоӌикистон» сехҳои истеҳсоли муми варақин ва қуттибарорӣ ба фаъолият шурӯъ намудаанд.
Барои хушзот ва иваз кардани хун аз хориӌи кишвар ҳамасола модарзанбӯрҳои зоти нав ворид карда шуда, ба занбӯрпарварон пешниҳод карда мешаванд. Инчунин, олимони шуъбаи занбӯрпарварии Институти чорводории Академияи кишоварзии Ӌумҳурии Тоӌикистон дар самти беҳтар намудани зоти занбӯри асал корҳои селексиониро ба роҳ монда, зотҳои маҳаллии нави сермаҳсулро пешкаши занбӯрпарварон гардонда истодаанд.
- Хушбахтона имрӯз дар ӌумҳурӣ занбӯрпарварони инфиродие ҳастанд, ки ба миқдори як совхози замони шӯравӣ оилаи занбӯри асал мепарваранд. Вале барои ба хориӌи кишвар баровардани маҳсулоти занбӯри асал зарур меояд, ки дар корхона лабораторияи махсуси санӌиши сифати асал, дастгоҳи тозакунии асал (филтр), дастгоҳи хушккунии гарди гул, дастгоҳи бастабандии маҳсулоти занбӯри асал ва дастгоҳи навтарини истеҳсоли муми варақин харид намоем, ки ин масъала низ ҳалшаванда аст, - мегӯяд М. Ҳалимов.
ШУҒЛИ БОНУВОН
- Соҳаи занбӯрпарварӣ яке аз соҳаҳои сердаромади муҳими иқтисодиёти кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, барои таъмини шуғл ва беҳдошти вазъи иқтисодии аҳолии деҳот мусоидат менамояд. Як одам аз уҳдаи парвариши 50 – 60 оилаи занбӯри асал мебарояд, - мегӯяд бонуи занбӯрпарвар Гавҳарой Исломова.
Тавре ӯ иброз намуд, дар минтақаҳои кӯҳии кишвар бештар занҳо ба занбӯрпарварӣ рӯ овардаанд. Ин соҳа даромади хуб ба буӌети оила меорад.
ӯ 20 сол аст занбӯрбонӣ мекунад. Аз ҳисоби даромад аҳли оилаашро таъмин менамояд.
- Ба бонувони деҳот тавсия медиҳам, ки машғули ин касб шаванд. Зеро вазнинӣ надорад. Дар аввал мушкил аст, вале чун вориди ин ӌаҳон гаштӣ, аз он ҳузуру ҳаловат ва даромад мебинӣ, - мегӯяд бонуи занбӯриасалпарвар.
Д. САФАРОВ,
шаҳри Ваҳдат