– Гап нест, – гуфт Мирзо чашмони пурмеҳрашро ба ман дӯхта. – Бо ҳам меравем. Ман ҳам, агар росташро гӯям, Ҳазорчашмаро надидаам, - ва бо хандаи ширин афзуд: –Нақлиётро хоҳаратон Робия таъмин мекунад... Ҳоло беҳтарин фасли тамошои Ғарм аст. Хешу табор, ёру дӯстонро дида, як-ду шабак дар сӯҳбаташон бишинем, ҳай кори хуб мешавад…
…Чуноне дар боло арз кардам, Мирзо Шералӣ муҳандис аст, аммо гирифтори шеъру сухан; шеър мегӯяд ва маҷмӯаҳои ашъор низ ба нашр расонда. Аз забони портуғолӣ қиссаҳое ба тоҷикӣ тарҷума карда. ӯ ҳангоми таҳсил дар Донишгоҳи техникӣ дили Робиямоҳ –духтараки хатлониасли пойтахтро ёфта, ба қавле аз роҳи ишқу ошиқӣ ҳамсафари умр шудаанд. Тарзи зиндагӣ ва муносибати Мирзову Робияро бубинӣ, мепиндорӣ, ки онҳо аз филмҳои ҳиндӣ ба саҳнаи ҳаёт афтодаанд. Ҳар ду як себи ду тақсиманд ва гӯё дар як оила тарбия ёфтаанд. Шӯху ҳазлбардор, дилвасеъ, меҳмоннавозу баҳиммат, маҳфилорою қадршинос. Ҷояш ояд, дар муҳити хешону дӯстон бо созу мусиқӣ месароянду мерақсанд ва дар озодагиву озодӣ ба фарзандону атрофиён намуна мешаванд.
Ман хеле барвақт, аз соли 1965, айёме, ки довталаб будаму донишҷӯ шудам, бо Робия ва падараш амаки Умар аз наздик шинос шудам. Амаки Умар милисаи қаторӣ буд ва бо маоши ночиз дар кӯчаи Сурхобу кӯҳдомани шаҳри Душанбе фарзандону се-чор нафар хешбачаҳои барои таҳсил ба пойтахт омадаро мехӯронд. Робия чусту чолок, дидадаро ва дар хондан боғайрату пешқадам буд. Ба хаёлам, вай баъди хатми мактаби рақами 53 ба Донишгоҳи техникӣ дохил шуд. Интихоби касбу донишгоҳаш барои шиносону ҳамсояҳо ғайричашмдошт буд: духтарак ва касби муҳандисӣ. Айёми донишҷӯияш низ гоҳ-гоҳе тасодуфан Робияро медидам: рӯҳбаланд, аз касбу донишгоҳи интихобкардааш қаноатманд. Баъдтар шунидам, ки бо ҷавони ҳамкурсаш аз ноҳияи Ғарм ҳамхонаву ҳамқисмат шудаанд ва дар шаҳраки Ғарм кору зиндагӣ мекунанд. Меҳру вафо ҳусни зиндагии ҷавонҳост, хоса ҷавонҳое, ки таҳсилкардаанд, касбу дониши хуб, ҷаҳонбинии васеъ доранд, хулқу атвори ҳамдигарро нағз санҷидаву дониста, ба якдигар аҳду паймон бастаанд. Албатта, нерӯи ишқу муҳаббати софу самимӣ дар сафари роҳи пуршебу фарози умр ба онҳо мададгор мешавад. Баъд фаҳмидам, ки Робия бо шаҳаш чун мутахассис чанд сол дар Ангола сафари хидматӣ доштанд. Ва баъд аз хориҷа боз ба Ғарм омада, ба кору фаъолият пардохтаанд. Сипас ин воқеаҳои нохуш онҳоро маҷбур карда, ки бо сад дарду озору алам ноилоҷ хонаи ободи худро партофта, ранҷуру озурда ба Душанбе биёянд. Ва дар шаҳри ҷавониву ишқашон аз рӯйи касб ҷойи кор пайдо бикунанд. Бале, танҳо касбу ҳунар дар лаҳзаҳои сахту мушкил дастгиру мададгори инсон мешавад.
Ва рӯзҳои сиёҳ пушти сар монданд. Не, дар солу моҳҳои сангин, дилшикастагиву ноумедӣ боз ҳамдарсону ёру дӯстони дерин аз саросари ҷумҳурӣ ҳамдаму мададгори Робия ва Мирзо шуданд. Фоҷеа ба сари ҳама фурӯ рехт ва инсонҳои баирода ва солимақлро ҳушёру муттакои якдигар сохт. Боз Робиаву Мирзо бо меҳнати ҳалол соҳиби манзил ва нону ном шуданд, дӯстону ихлосмандони нав ҳам пайдо карданд.
Пеш аз он ки роҳ ҷониби ноҳияи Рашт ҷудо мешуд, Мирзо Шералӣ, ки бештар бо ҳазлу шӯхӣ ҳушу ёди моро побанд мекард, ба худ қиёфаи ҷиддӣ гирифта, бо ангушт ҷониби Тавилдараро нишон дода ифтихоромез гуфт:
–Ҳо ана он пулро мо сохтаем, аз рӯйи лоиҳаи Робиямоҳ...
–Офарин! –ӯро табрик кардем. Ва аз дил гузарондам, ки агар ба мутахассисони миллӣ бовар бикунанду имкон бидиҳанд, аз ӯҳдаи бисёр корҳо мебароянд.
Ҳар қадар ба самти Ғарм наздик мешавем, нишонаҳои фаъолияти муҳандисии Мирзову Робияро бештар мебинем.
–Ана ин роҳро мо сохтем... Муҳандиси ин пул Робиямоҳ буд, – бо ифтихор башорат медод Мирзо. –Порсол то зимистон шабу рӯз ҷон коҳонд. Осон нест ин хел пули бузургро сохтан...
–Медонам, масъулият ҳам дорад, – мегӯям ба Мирзо ва аз бунёдкории онҳо мамнун мешавем. Охир, барои инсон беҳтарин саодат ва хушбахтӣ аз худ нишони нек боқӣ мондан аст. Робия ва Мирзо пул сохтаанд, пули бузург. Пуле, ки шабу рӯз аз болояш садҳо нақлиёту одамон мегузаранд.
Воқеан, ёдам омад, ки порсол ба ҷашни 90-солагии устод Боқӣ Раҳимзода омада будем. Ҳаво хеле сард буд. Барф меборид. Дар рости деҳаи Каҳдара болои роҳро обу лою санги зиёди сурхи кулолмонанд, ки бар асари борон аз кӯҳ афтидаанд, пур карда, гузаштани мошинҳоро душвор гардонда буд.
–Баъди ду-се рӯз роҳ то маркази ноҳия хеле наздик мешавад, – аз ногаҳон хамидани сели сангу гил як каме хиҷолатманд гуфт мизбоне ва афзуд: –Ҳо ана он пула апаи Робия ба истифода медиҳад. Росташ, ки вай бо коргаронаш дар ин ҳавои сард шабу рӯз мардона кор мекунад. Шукри тинҷиву оромӣ бо мадади ҳукумат солҳои охир дар водӣ бисёр мактабу табобатхонаҳо сохта ё таъмир шуданд.
Робия –духтари амаки Умар, набераи бобои Завқӣ, ҳамсари меҳрубони дӯсти шоирам Мирзо Шералӣ як бонуи заҳматкаши тоҷик аст, ки дар сохтану бунёди ин хел роҳу пулҳои хурду бузург дар саросари ҷумҳурӣ фаъолона ширкат варзида, саҳм гузоштааст. Вазифаи роҳбари корхонаро низ бар дӯш дошт ва сипас ба ҳайси сардори департаменти хоҷагии роҳҳо дар Вазорати нақлиёт ва роҳҳои ҷумҳурӣ хидмат намуд. Алҳол корманди масъули шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи Дастгоҳи иҷроияи Президент мебошад. Дар ҳама вазифаҳо бо ҳисси баланди масъулият, ифтихори милливу ватандорӣ фаъолият намуд ва ба иззату эҳтироми ҳамкорон соҳиб шуд. Хизматҳояшро Ҳукумати ҷумҳурӣ бо нишонҳои «Роҳсози фахрии Тоҷикистон», «Роҳсозии фахрии ИДМ» ва ордени «Дӯстӣ» қадр кард.
Вале дар ҳама ҳолат Робия ҳамчун модар ва бону тарбияи фарзандону наберагон, меҳрубониву ғамхорӣ ба шаҳи азизаш Мирзо Шералӣ, иззату эҳтироми пайвандон ва ёру дӯстонро аз мадди назар дур намекунад. Фарзандон хушхулқ, соҳибкасб, мисли худашон адабиётдӯсту бомаърифатанд. Рӯзгори озодаву пурназокат меъёри ҳаёти ин хонадон аст. Ва соле як ё ду маротиба онҳо ба ин ё он баҳона донишмандону ромишгаронро сари хон гирд меоранд ва маҳфили унс меороянд. Ва зимни ин сӯҳбатҳои озодаву хотирмон агар касе дар ситоиши бонуи хона Робия суханҳои пуравсоф бигӯянд, вай бо шарму латофат ва назокати занона аз ин гуфтаҳо бештарро бар сари шаҳаш Мирзо мепошад ё баръакс. Оре, онҳо ҳамин хел табиат доранд. Агар Мирзо аз ширинтарин ҳарфҳои меҳру вафо бар сари арӯсаш тоҷ бигзорад, Робия дарҳол бо риштаҳои заррини сухани гарму пурлатофат ба шаҳаш ҷомаи зебои пурнақш мепӯшонад. Ва ҳар боре ман шоҳиди ин манзара мешавам, дар дил мегӯям: чашми бад кӯр, гӯши шайтон кар, намунаи беҳтарини оиладорӣ ҳамин тарзи зиндагии Мирзо ва Робия мебошад. Дигар ин ки ҳар боре ман дар бораи онҳо меандешам, номашонро, масалан, вақти навиштани рақами телефон ё даъватнома аз ҳамдигар ҷудо карда наметавонам: Робияи Мирзо ва ё Мирзои Робия...
Абдулҳамид Самад,
Нависандаи халқии Тоҷикистон