Чаро бонуи тоҷик бо куртаи синтетикию калуши резин
ӣ дар саҳро кор мекунаду фурӯшандаҳои пахтаи истеҳсолкардаи ӯ
савораи «Ландкрузер»-анд?
Боре як нафар аз намояндагони ҳукумати маҳаллӣ эрод гирифт, ки «Магар дар Хатлон занони олуфта нестанд, ки дар маводи таҳлилии «Оё дар Хатлон бонувони кордон нестанд?» дар маҷаллаи Бонувони Тоҷикистон сурати бонуи дар пой калуши резинӣ дар қади ҷӯяҳои пахта истодаро ҷой дода, обрӯи вилоятро мерезонед?». Воқеан, аз ҷониби нафари олуфтае, ки рӯзи худро дар ҳуҷраҳои озодаи ҳукумат мегузаронад, ибрози ин гуна андеша табиист. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки чӣ омилҳое сабаб шудаанд, ки хоҷагидори имрӯзаро мисли пахтакори даврони шӯравӣ мӯзаҳои шинам нею калуши резинӣ насиб гардидааст? Масоили баҳсталаби соҳаи пахтакорӣ дар ноҳияи Ёвон сабаб гардиду мо боз бо Руқия Раҳимова - раиси хоҷагии деҳқонии «Руқия», ҳамон «бонуи деҳотии калушпӯш», вохӯрдем. Аз сӯҳбат бо Руқия маълум гардид, ки сабабгори асосии бо як калуши резинӣ мондани хоҷагидори имрӯза ҳамон нафаронеанд, ки вазифаҳои калидиро соҳиб шуда, таввасути фишангҳои иқтисодии дар ихтиёр доштаашон деҳқони заҳматкашро ба чунин аҳвол расонидаанд.
Монеаҳои аввалин
Рӯқия Раҳимова аз оғози солҳои 1980 то соли 2002 сардории яке аз бригадаҳои хоҷагии ба номи Гулсара Юсуфоваро дар ихтиёр дошт. Бо вуҷуди дастовардҳо ва таҷрибаи 22 солаи роҳбариаш дар соҳаи пахтакорӣ, вақте ки дар Ёвон хоҷагиҳои коллективиро таҷдид карданд, бонувон аз ӯҳдаи роҳбарии хоҷагӣ баромада наметавонанд, гуфта, ҳатто ҳаққи саҳмияи заминҳои оилаи худашонро ҳам ба саркори шӯҳратёр надоданд. Баъди арзу шикоятҳо ба унвони раиси вақти вилоят Амиршо Миралиев ба ӯ муяссар шуд, ки дар 28 гектар заминҳои саҳмияи хешу пайвандон ва ҳамсояҳои наздикаш хоҷагии деҳқонии «Руқия»-ро ташкил намояд.
Имсол барои хоҷагии деҳқонии «Руқия» соли пурбарор омад. То 23 ноябр аз ҳар гектар 30 сентнерӣ пахта рӯёнд ва нақша дорад, ки ин нишондодро то 45 сентнер расонад. Ҳосили пахтаашонро ба ноҳияи Вахш бурда, бо нархи дилхоҳ мефурӯшанд. Аз 8 гектар заминҳои гандуму карам ва дигар сабзавот ҳам ҳосили рекордӣ ба даст овардаанд. Аммо…
Корпоратсияи ХИМА аз «Руқия» қарздор аст?
Руқия Раҳимова соле чанд ба миёнравии Ассосиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ёвон бо сармоягузор – Корпоратсияи ХИМА ҳамкорӣ дошт. Дар солҳои аввал хоҷагидорон аз ҳамкориҳо қаноатманд буданд. Аз ҳисоби фурӯши ҳосили пахтаашон 15 ҳазор сомонӣ қарзи заминҳои хоҷагиро (ӯ заминро бо қарзаш гирифта буд) ба ҷойи собиқ «заминдорон» пардохт кард. Соли дигар соҳиби як адади техникаи худӣ шуд. Аммо дар байн сарвари Ассосиатсияи хоҷагиҳои деҳқонии ноҳия даргузашту Корпоратсияи ХИМА 7000 доллар пахтаи аз хоҷагии деҳқонии «Руқия» гирифтаашро пардохт накард. «Барои талаб намудани ҳаққи меҳнати саҳмиядоронам то ба Суди иқтисодии Тоҷикистон даъво кардам, - мегӯяд Руқия Раҳимова, - аммо мани деҳқони камбағал куҷову Корпоратсияи ХИМА куҷо? Соли 2005 кори хоҷагиро гӯё аз сифр оғоз кардем».
«Намуна» ҳам фиреб мекунад?
Чанд соли охир Руқия бо корхонаи пахтатозакунии «Аноҳита»-и ноҳияи Ёвон (номи дигараш «Намуна») ҳамкорӣ дорад. Як сол қабл хоҷагии онҳо ба корхонаи мазкур 50 тонна пахтаи ҷамъовардаашро супорид, аммо, аз чӣ бошад, ки «Намуна» то имрӯз 13 ҳазор сомониро пардохт накардааст. Руқия ба таассуф мегӯяд: «Бо чунин муносибат хоҷагидорон аз куҷо соҳиби техникаи кишоварзию воситаҳои дигари ёрирасон шаванд? Ҳол он ки бо ин маблағ мо бояд самтҳои дигар хоҷагидорӣ, аз қабили ташкил ва эҳёи соҳаи чорводориро рушду инкишоф медодем. Умуман, соли 2009 барои мо вазнинтарин сол буд, соли пур аз азобу уқубат, соли ноадолатиҳо, соли мушкилу монеаҳои сунъию табиӣ…»
КВД «Навъҳои тухмию сабзавот» кисаи фитодаҳоро мекобад?
Ҳамсӯҳбати мо заҳрхандае намуда, суханашро давом медиҳад: «Ба болои ин ҳама ноадолатиҳои харидорони пахта, ки миёни моро мешикастанд, боз раёсати кишоварзии ноҳия гӯиё дасти кӯмак, аммо дар асл дасти тамаъ ба кисаи мо дароз кард. Найрангҳои онҳо баъди як сол ошкор шуд, яъне, дар мавсими кишти соли гузашта «кӯмаки президентӣ» гуфта, чигити аз хориҷи кишвар воридшударо бар сари мо бор карданд. Хоҷагии мо, ки аз фиреби харидорони пахта ба мушкилоти молӣ дучор шуда буд, инро кӯмаки воқеӣ фаҳмида, барои кишти 20 гектар 600 кг тухмӣ гирифт.
Азбаски чигитфурӯшон фурсати ба хоҷагидорони Ёвон фаҳмонидани технологияи кишту парвариши чигити хориҷиро надоштанд, пахтакорони ноҳия аз ин тухм ҳосили дилхоҳ ба даст оварда натавонистаанд. Танҳо деҳқонони хоҷагии «Руқия» бо маслиҳати муттахассисони худӣ парваришу нигоҳубини ин навъи тухмиро дигаргуна ба роҳ монда, аз заминҳои пахта ҳамагӣ 25 сентнерӣ ҳосил гирифтанд. Ба гуфти Руқия Раҳимова, аз байн як сол гузашту «кӯмак»-биёр хоҷагиҳоро ба суд дода, ба ҷойи ҳар килограмм тухмии як сол қабл додааш аз хоҷагиҳо 20 сомонӣ талаб дорад. Ин дар ҳолест, ки мо ҳамасола як килограм пунбадонаи маҳаллиро бо нархи 2 сомонӣ харида, аз он то 45 сентнерӣ ҳосил мерӯёнем. Акнун фаҳмидем, ки ин кӯмаки Президент нею тухмии туркӣ будааст ва онро бо мақсади тиҷорат вориди Тоҷикистон кардаанд».
Дар ҳамин ҳол масъулини раёсати кишоварзии ноҳияи Ёвон иброз медоранд, ки соли гузашта бо ташабуси Корхонаи воҳиди давлатии «Навъҳои тухмии сабзавот»-и Вазорати кишоварзии Тоҷикистон танҳо ба ноҳияи Ёвон 34 тонна чигити туркии навъи «Кармен» оварда, тариқи шартномаи хариду фурӯш ба хоҷагидорон додаанд. Ҳар хоҷагидоре, ки ин тухмиро барои кишт гирифтааст, дар шартномае, ки нархи ҳар килограмм чигит 20 сомонӣ нишон дода шудааст, имзо гузоштааст.
Инсоф кунед!
Аммо хоҷагидорони ёвонӣ мегӯянд: «Агар мо мефаҳмидем, ки ин пунбадона фурӯшист, ҳеҷ гоҳ онро ба ин нарх намегирифтем. Зеро бо меҳнате, ки мо дар саҳро мекунем, аз тухмиҳои маҳаллӣ ҳосилу даромади дилхоҳ ба даст оварда метавонем. Барои мо номаълум аст, ки оё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати овардану боз ҳам ба хоҷагиҳое, ки соли гузашта дар қарз ғуттавар буданд, бор кардани чунин тухмии қимат ризоят додааст?»
Акнун баҳси хоҷагидорон бо чигитфурӯшон дар Суди иқтисодӣ баррасӣ мешавад. Аммо хоҷагидор Руқия Раҳимова ба шаффофияти баррасӣ шубҳа дорад. Ба гуфти ӯ: «Маҳз ҳамин суд дар баҳси мо бо Корпоратсияи ХИМА сармоягузорро ҷонибдорӣ кард. Акнун бовар кунем, ки дар баҳс бо Вазорати кишоварзӣ ҳақро ба ҳақдор мерасонад?»
«Мо, фиребхӯрдаҳо, ҳалномаи судиро интизорем ва барои ҳақи худ ба Президенти кишвар муроҷиат хоҳем кард» - мегӯянд хоҷагидорон.
Ҳамин мушкилро ҳам бояд Президент ҳал кунад?
«Медонед чи? - оҳи бадард кашида мегӯяд Руқия. - Ман тамоми умри худро дар кори саҳро, ба парвариши пахта сарф кардаам. Кор гуфта, фикри оиладорӣ, фикри ояндаи худро накардам. Аммо нафароне бо ҳар роҳ даст ба ҳаққи меҳнати мо мезананд, аз ҳисоби мо соҳиби қасру кӯшкҳо мешаванд. Дар чанд соли охир 2 маротиба роҳбари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба хоҷагии ман ташриф овард. Азм доштам нисбати масъулини Корпоратсияи ХИМА ба Президент шикоят намоям. Аммо он рӯз Ҷаноби Олӣ бо хотири болида меҳмони мо буду шикоятро ба вақти дигар гузоштам. Аслан, аз корхонаи пахтаи «Намуна»-и Ёвон умед дорам, ки маблағҳоямро медиҳад, аммо Корпоратсияи ХИМА дар хотир дошта бошад, ки ман барои ҳаққи ҳалоли худ то охири умр мубориза мебарам».
Хулоса, ба мушкилиҳои молию ҳодисаҳои табиии селу жола нигоҳ накарда, дар 8 соли таъсисёбии хоҷагии деҳқонии «Руқия» чандин нафарон (ба гуфти худаш) ин бонуи заҳматкашро фиреб дода, ҳаққи меҳнаташро напардохтаанд. Пас хоҷагидори заҳматкаш, бахусус як бонуи бесарпаноҳу муштипар, аз куҷо соҳиби сару либоси озода мешавад? Боз ҳам баъзе аз ғофилон мегӯянд, ки дар саҳифаҳои маҷаллаатон аксҳои бонувони калушпӯшро чоп накунед, то…
Ҷамолиддин Сайфиддинов