«Ба даст овардани маблағ ӌасорат, нигоҳ дошта тавонистани он заковат ва харӌи дурусти он санъатро талаб менамояд», - гуфтааст адиби олмонӣ Бертолд Ауэрбах.
Фарҳанги муомила
Асъор, ки онро ба таври оддӣ пул мегӯянд, воҳиди ченаки арзиши мол ва ё хизматрасониҳост, ки тавассути он мубодила, пардохт ва ӌамъоварии сарват ба амал меояд. Асъори ҳар як миллат аломату нишонаҳои хоси худро дорост ва рӯи ҳар яки он мавзеъҳои таърихиву қаҳрамонони миллӣ акс ёфта, мояи ифтихори халқиятҳо маҳсуб меёбад.
Дар баробари ин, ки пул ҳамеша дар гардиш асту ҳазорҳо даст онро медорад ва мешуморад, бояд ба назар гирифт, ки он метавонад манбаи интиқоли микроб ва вирусҳо, аз ҷумла коронавирус бошад. Мувофиқи маълумоти Роспотребнадзор рӯи пулҳои коғазӣ коронавируси нав то 3-4 рӯз метавонад арзи ҳастӣ намояд, аз ин рӯ, баъди ба даст гирифтани он месазад, ки тибқи тавсияи СҶТ дастонро ба рӯю чашм ва даҳону бинӣ нарасонда, бо собун хуб онҳоро каф занем ва дар андешаи бехатариии худ бошем.
Паҳлуи дигар масъала он аст, ки фарҳанги муомила бо асъорро сарфи назар менамоем ва бетарафиро ихтиёр меварзем. Пулҳои даридаву фарсуда ва бо қаламу хома расму рақаму тасвирҳои зиёд кашидаро кӣ боре ҳам надидааст? Борҳо шоҳид ҳам шудаем, ки баъзеҳо дар нақлиёту бозорҳо ҳини пардохти маблағ пули дар даст ғиӌимшударо пешниҳод менамоянд. Ҳамён барои чист? Донистан хуб аст, ки фарҳанги истифодаи асъор аз ин ҷо оғоз меёбад ва аз маданият ва боинтизомии кас дарак медиҳад.
Чанд қоидаҳои роиҷеро низ дар ин радиф бояд риоя намуд, амсоли пулро эҳтиёткорона қат накарда ба ҳамён гузоштан, ба рўи онҳо ҳеҷ хатту рақам нанавиштан, ба кўдакони хурдсол пули коғазӣ ва бахусус сиккаҳоро надодан (метавонанд сўи даҳон бурда, фурў низ баранд), пулҳои коғазиро мисли шохача тоб надодану рӯи даст бозї надаровардан ва амсоли инҳо.
Тартиби қарзгирӣ
"Қарз домро мемонад, ки ба он афтидан саҳл буда, раҳоӣ аз он бас гарон аст", - гуфтааст Шоу Ӌорӌ Бернард.
Ба касе қарз додани маблағ навъи хизматгузориест, ки рафтори муайянеро тақозо менамояд. Ба шарти риоя намудани якчанд қоидаҳо мушкилиҳои нофорами алоқаманд бо доду гирифти қарз паси сар хоҳанд шуд. Махсусан бо сабру таҳаммул ва бодиққат будан ҳатмист. Ҳангоми қарздиҳӣ оид ба муҳлати баргардонидани он гуфтан ҳеӌ бадӣ надорад. Қарзгир бояд нахуст шуда аз муҳлати баргардондани он сухан гӯяд. Бо даст додани аввалин имконият қарзро пардохт ва изҳори миннатдорӣ намояд, то сазовори боварӣ гардад.
Агар то дер боз маблағи қарздода баргардонда нашавад, қарздорро аз он хотиррасон намудан ӌоиз аст. Беҳтар аст, ки роҷеъ ба хароӌоти дарпешистодаи худ мебояд ба ӯ хабар дод. Аз баргардондани қарз хотиррасон намудани қарздор барои ҳарду ҷониб ҳолати ногувор аст. Агар пардохти қарз дар муҳлати муайяншуда даст надиҳад, дар ин бора беҳтараш қарздор аввалин шуда, хабар диҳад ва каме фурсат талабад. Тартиби қарздиҳӣ бояд бо асъори калон сурат гирад, зеро этикаи тартиби муомилоти қарзӣ инро талаб менамояд. Барои қарз пул ва сиккаҳои майда пешниҳод наменамоянд ва ҳамчунин ба даруни лифофа намегузоранд. Беҳтар он аст, ки ба дигарон дар бораи пули калон қарз додан ва ё гирифтан лаб накушоянд ва аз муносибати хуби қарздода сӯъистифода набаранду ҳар маротиба барои гирифтани қарз ба ӯ муроӌиат нанамоянд.
Маърифати молиявии кӯдак
Оид ба маърифати молиявии кӯдакон миёни мардум то ҳанӯз баҳсҳо зиёданд. Аксарият мегӯянд, ки ба кӯдакони чӣ хурдсол ва чӣ синну соли мактабӣ додани пул дуруст набуда, пулгириро одати муқаррарӣ мегардонад. Бархе ба он андешаанд, ки кӯдакон сарфи маблағ ва харидорӣ кардани молу ашёҳои рӯзгорро бо мурури замон худ аз худ хоҳанд омӯхт. Аммо равоншиносон ба он назаранд, ки истифодаи дуруст ва бамавриди маблағ аз овони кӯдакӣ бояд омӯзонида шавад, то донанд, ки маблағ чист, чӣ гуна ба даст меояд, барои чӣ лозим аст ва харӌи беҳудаи он чӣ оқибатҳо дорад. Чунин муносибат аз хурдсолӣ агар ба роҳ монда нашавад, эҳтимол аст, ки кӯдак дар синну соли бузургтар ҳарис ва ҳасуд гардад.
Дар кишварҳои Ғарб ба масъалаи тарбияи молиявии кӯдак эътибори махсус дода мешавад. Чунин меҳисобанд, ки омӯзонидани истифодаи дурусти харӌи маблағ барои ташаккулёбии шахсияти кӯдак, қабули мустақилонаи қарор ва масъулиятшиносии онҳо мусоидат менамояд. Равоншиносони Ғарб ба он назаранд, ки волидайн ба принсипҳои умумии тарбияи молиявии кӯдак бояд риоя намоянд, ки асоситарини он ба роҳ мондани муҳокимаи кушоду равшан оид ба вазъи иқтисодии оила ва аз ҳама омӯзиши беҳтарин - мисоли шахсист.
Мегӯянд, ки пул дар ниҳоди шахс агар ҳиссиёти манфӣ, ба монанди тарс, хасисӣ ва ҳасадро бедор намуда бошад, бо мурури замон чунин хислатҳо ҳатман дар кӯдакони онҳо низ ташаккул хоҳанд ёфт. Месазад, ки маблағро чун воситаи таъминсозандаи ҳаёти сазовор донанду аз ин беш ба он дил мабанданд.
Баъзеҳо тарзи пешниҳоди маблағро ба кӯдакон нодуруст ба роҳ мемонанд ва чунин меҳисобанд, ки тавассути пул метавон муҳаббати кӯдакро ба даст овард. Меҳру муҳаббати аъзоёни оила, бахусус меҳри кӯдакон ба калонсолон дар асоси тарбияи ахлоқӣ ба вуҷуд меояд. Фарзанд бояд дарк созад, ки меҳру муҳаббати волидайн ва аъзоёни оиларо ҳеӌ як неъмати дунё наметавонад иваз созад. Маблағ бошад танҳо воситаест, ки камбудиҳои моддии зиндагиро рафъ месозад. Чунончи Александр Дюма гуфтааст:
«Пулро зиёд ё кам қадр нанамоед, зеро он хизматгори хуб буда, хоӌаи хеле бад аст".
Ситора
«Ба даст овардани маблағ ӌасорат, нигоҳ дошта тавонистани он заковат ва харӌи дурусти он санъатро талаб менамояд», - гуфтааст адиби олмонӣ Бертолд Ауэрбах.
Фарҳанги муомила
Асъор, ки онро ба таври оддӣ пул мегӯянд, воҳиди ченаки арзиши мол ва ё хизматрасониҳост, ки тавассути он мубодила, пардохт ва ӌамъоварии сарват ба амал меояд. Асъори ҳар як миллат аломату нишонаҳои хоси худро дорост ва рӯи ҳар яки он мавзеъҳои таърихиву қаҳрамонони миллӣ акс ёфта, мояи ифтихори халқиятҳо маҳсуб меёбад.
Дар баробари ин, ки пул ҳамеша дар гардиш асту ҳазорҳо даст онро медорад ва мешуморад, бояд ба назар гирифт, ки он метавонад манбаи интиқоли микроб ва вирусҳо, аз ҷумла коронавирус бошад. Мувофиқи маълумоти Роспотребнадзор рӯи пулҳои коғазӣ коронавируси нав то 3-4 рӯз метавонад арзи ҳастӣ намояд, аз ин рӯ, баъди ба даст гирифтани он месазад, ки тибқи тавсияи СҶТ дастонро ба рӯю чашм ва даҳону бинӣ нарасонда, бо собун хуб онҳоро каф занем ва дар андешаи бехатариии худ бошем.
Паҳлуи дигар масъала он аст, ки фарҳанги муомила бо асъорро сарфи назар менамоем ва бетарафиро ихтиёр меварзем. Пулҳои даридаву фарсуда ва бо қаламу хома расму рақаму тасвирҳои зиёд кашидаро кӣ боре ҳам надидааст? Борҳо шоҳид ҳам шудаем, ки баъзеҳо дар нақлиёту бозорҳо ҳини пардохти маблағ пули дар даст ғиӌимшударо пешниҳод менамоянд. Ҳамён барои чист? Донистан хуб аст, ки фарҳанги истифодаи асъор аз ин ҷо оғоз меёбад ва аз маданият ва боинтизомии кас дарак медиҳад.
Чанд қоидаҳои роиҷеро низ дар ин радиф бояд риоя намуд, амсоли пулро эҳтиёткорона қат накарда ба ҳамён гузоштан, ба рўи онҳо ҳеҷ хатту рақам нанавиштан, ба кўдакони хурдсол пули коғазӣ ва бахусус сиккаҳоро надодан (метавонанд сўи даҳон бурда, фурў низ баранд), пулҳои коғазиро мисли шохача тоб надодану рӯи даст бозї надаровардан ва амсоли инҳо.
Тартиби қарзгирӣ
"Қарз домро мемонад, ки ба он афтидан саҳл буда, раҳої аз он бас гарон аст", - гуфтааст Шоу Ӌорӌ Бернард.
Ба касе қарз додани маблағ навъи хизматгузориест, ки рафтори муайянеро тақозо менамояд. Ба шарти риоя намудани якчанд қоидаҳо мушкилиҳои нофорами алоқаманд бо доду гирифти қарз паси сар хоҳанд шуд. Махсусан бо сабру таҳаммул ва бодиққат будан ҳатмист. Ҳангоми қарздиҳӣ оид ба муҳлати баргардонидани он гуфтан ҳеӌ бадӣ надорад. Қарзгир бояд нахуст шуда аз муҳлати баргардондани он сухан гӯяд. Бо даст додани аввалин имконият қарзро пардохт ва изҳори миннатдорї намояд, то сазовори боварї гардад.
Агар то дер боз маблағи қарздода баргардонда нашавад, қарздорро аз он хотиррасон намудан ӌоиз аст. Беҳтар аст, ки роҷеъ ба хароӌоти дарпешистодаи худ мебояд ба ӯ хабар дод. Аз баргардондани қарз хотиррасон намудани қарздор барои ҳарду ҷониб ҳолати ногувор аст. Агар пардохти қарз дар муҳлати муайяншуда даст надиҳад, дар ин бора беҳтараш қарздор аввалин шуда, хабар диҳад ва каме фурсат талабад. Тартиби қарздиҳӣ бояд бо асъори калон сурат гирад, зеро этикаи тартиби муомилоти қарзӣ инро талаб менамояд. Барои қарз пул ва сиккаҳои майда пешниҳод наменамоянд ва ҳамчунин ба даруни лифофа намегузоранд. Беҳтар он аст, ки ба дигарон дар бораи пули калон қарз додан ва ё гирифтан лаб накушоянд ва аз муносибати хуби қарздода сўъистифода набаранду ҳар маротиба барои гирифтани қарз ба ў муроӌиат нанамоянд.
Маърифати молиявии кӯдак
Оид ба маърифати молиявии кўдакон миёни мардум то ҳанўз баҳсҳо зиёданд. Аксарият мегӯянд, ки ба кўдакони чї хурдсол ва чї синну соли мактабї додани пул дуруст набуда, пулгириро одати муқаррарӣ мегардонад. Бархе ба он андешаанд, ки кўдакон сарфи маблағ ва харидорї кардани молу ашёҳои рўзгорро бо мурури замон худ аз худ хоҳанд омўхт. Аммо равоншиносон ба он назаранд, ки истифодаи дуруст ва бамавриди маблағ аз овони кўдакї бояд омўзонида шавад, то донанд, ки маблағ чист, чӣ гуна ба даст меояд, барои чї лозим аст ва харӌи беҳудаи он чӣ оқибатҳо дорад. Чунин муносибат аз хурдсолї агар ба роҳ монда нашавад, эҳтимол аст, ки кўдак дар синну соли бузургтар ҳарис ва ҳасуд гардад.
Дар кишварҳои Ғарб ба масъалаи тарбияи молиявии кўдак эътибори махсус дода мешавад. Чунин меҳисобанд, ки омўзонидани истифодаи дурусти харӌи маблағ барои ташаккулёбии шахсияти кӯдак, қабули мустақилонаи қарор ва масъулиятшиносии онҳо мусоидат менамояд. Равоншиносони Ғарб ба он назаранд, ки волидайн ба принсипҳои умумии тарбияи молиявии кўдак бояд риоя намоянд, ки асоситарини он ба роҳ мондани муҳокимаи кушоду равшан оид ба вазъи иқтисодии оила ва аз ҳама омўзиши беҳтарин - мисоли шахсист.
Мегӯянд, ки пул дар ниҳоди шахс агар ҳиссиёти манфӣ, ба монанди тарс, хасисї ва ҳасадро бедор намуда бошад, бо мурури замон чунин хислатҳо ҳатман дар кўдакони онҳо низ ташаккул хоҳанд ёфт. Месазад, ки маблағро чун воситаи таъминсозандаи ҳаёти сазовор донанду аз ин беш ба он дил мабанданд.
Баъзеҳо тарзи пешниҳоди маблағро ба кўдакон нодуруст ба роҳ мемонанд ва чунин меҳисобанд, ки тавассути пул метавон муҳаббати кўдакро ба даст овард. Меҳру муҳаббати аъзоёни оила, бахусус меҳри кӯдакон ба калонсолон дар асоси тарбияи ахлоқӣ ба вуҷуд меояд. Фарзанд бояд дарк созад, ки меҳру муҳаббати волидайн ва аъзоёни оиларо ҳеӌ як неъмати дунё наметавонад иваз созад. Маблағ бошад танҳо воситаест, ки камбудиҳои моддии зиндагиро рафъ месозад. Чунончи Александр Дюма гуфтааст:
«Пулро зиёд ё кам қадр нанамоед, зеро он хизматгори хуб буда, хоӌаи хеле бад аст".
Ситора