Духтаре аз пайи падар
Сокинони соҳили Панҷ бо ҳунару истеъдодҳои гуногуни худ дар байни мардуми Тоҷикистон маълуму машҳуранд. Истеъдоди фитрии онҳоро ба таъсири муҳити зист, бахусус садои хуши об ва насиме, ки накҳату таровати домони мавҷҳои дарёро пайваста ба машом мерасонад, рабт медиҳанд.
Дар баъзе деҳаҳои соҳил бонуи беҳтаринро «дурнисо» ном мебаранд. Дурнисо санги нодирест, ки дар қаъри баҳру уқёнусҳо ва дарёҳо буда, дарёфтанаш амрест маҳол. Қаҳрамони мо Парвина аз зумраи ҳамин дурдонаҳои ноёби соҳили Панҷ аст.
Ӯ дар оилаи Усто-Саркор, кандакор ва оҳангари маъруфи ноҳия ба дунё омадааст. Шаҷараи Муҳаммадиҳо ин ҳунарҳоро аз насл ба насл мерос гузошта, то ба имрӯз овардаанд. Парвина нахустбонуи ин авлод аст, ки ҳунарҳои хоси мардонро аз падар омӯхтааст. Усто-Саркор мегӯяд: «Чун анъана се нафар аз писаронам касбу ҳунарҳои бобоиро аз худ карданд, вале тақдир онҳоро ба Русия бурд. Харидорони ҳунари мо зиёд шуданду аз нав дӯконҳои кандакорӣ ва оҳангарии бобоиро ба рӯйи мардум кушодам. Дар аввал Парвина ба корҳоям ёрӣ мерасонд, баъдан ба ин ҳунарҳои хоси мардон шавқу рағбат пайдо кард».
Шеъри равони ду ҳунар
– Ману падарам, – нақл мекунад Парвина, – рӯз то бегоҳ ба кандакорию оҳангарӣ машғул будем. Оҳиста-оҳиста он садоҳои ҷаззоб, ки гӯё аз қаъри асрҳо меомад, дар дилам ҷой гирифт. Гоҳе дар хоб ҳам оҳанги чӯбтарошии падар дар дилам садо медиҳад. То поси шаб дар пеши назарам оташи дӯкони оҳангарӣ ва кандакорию оҳанкӯбиҳои падарам ҷилвагаранд. Баъдан дуои падарро гирифта, баҳри сайқал додани ҳунариҳои бобоӣ саъю кӯшиш кардам. То имрӯз аз чӯб беш аз 100 асбоби гуногун сохтаам.
Дар баробари ин, Парвина гоҳо бо асбобҳои кафшергарӣ низ кор мегирад. Зинаҳои оҳании даромадгоҳи манзил, панҷараҳои дару тирезаи хона, чойлоби ангур, дари масҷиди деҳа маҳсули дастони ин бонуи ҳунар аст.
– Соли гузашта як манзили истиқоматӣ сохтем, деворашро худам бардоштам, – нақлашро давом медиҳад Парвина, – умуман, ҳунарамро қариб дар ҳамаи корҳои хоси мардон санҷидам, шукри Худо, аз дастам меоянд. Чанд сол аст, ки ҳосили фаровони асал ба даст меорам.
Ба мушоҳидаи модари Парвина, духтар ҳар қадар ба корҳои мардона машғул шавад, ҳамон қадар корҳои занонаро босифаттар иҷро мекардааст. Яъне, вай натанҳо дӯзандаю пазандаи чирадаст аст, Худованд ба Парвина ҳатто истеъдоди шоирӣ додааст. Зимни сӯҳбат хоҳиш кард, ки агар боз ба Панҷ биёям, барояш китобҳои Ҳофизу Саъдию Мавлавиро биёрам, зеро бисёр хоҳиши мутолиаи назми классикӣ дораду дар маҳаллаашон китобхонаи замонавие нест.
Ҳунарманд, вале бесавод?
Ба суоли «чаро таҳсилро тарк кардӣ?» Парвина оҳе кашида, мегӯяд: «Мактаби деҳаи мо ибтидоист. Хонандагон баъди хатми синфи чор ба мактаби калон, ки дуртар аз деҳа воқеъ аст, мераванд. Ман соли 1997 синфи чорумро хатм кардам. Он вақт ба таълиму тарбияи духтарон дар мактабҳо аҳамият намедоданд. Ҳамин тавр, ман аз таълим барканор мондам. Орзу доштам, ки шоира шавам, аммо…
Парвина аз барномаҳои радиоҳои Тоҷикистону Афғонистон ғизои маънавӣ мегирад, толиби ашъори Мавлавӣ ва мухлиси сурудҳои Самеъ Юсуф аст. Ҷавонмарди идеалӣ барои Парвина инсони ботавфиқу оқил ба шумор меравад. Соҳиби маълумоти олӣ буданаш ҳам шарт нест, муҳим он, ки меҳнатро дӯст бидораду нангу номуси ҷавонмардӣ дошта бошад. Ба гуфтаи Парвина мафҳуми зани хонашин бояд аз зеҳнҳои бонувон тоза карда шавад. Зан-модар бояд дар баробари ба дунё овардану тарбия намудани фарзанд дар корҳои ҷомеа фаъол бошад.
Диққат ба як ҳақиқат
Дар бобати дастрасии бонувон ба воситаҳои истеҳсолӣ ва аз ҳисоби онҳо тайёр кардани нерӯи фаъол дар ноҳия андешаҳо гуногунанд.
Гулнора Нуралиева – мудири шӯъбаи ҳифзи иҷтимоии аҳолии ноҳияи Панҷ бо таассуф иброз медорад, ки дар ноҳия соҳаи саноат фаъол нест, то бонувони деҳот аз кунҷи хона раҳо шуда, ба фаъолият бипардозанд. Зиндагии деҳот хусусиятҳои хешро дорад. Бештари бонувони он бо ном хонашин буда, даромади нақд ба даст наоранд ҳам, масъулиятҳои зиёди оиларо ба ӯҳда доранд. Дар ноҳия мисли Парвина духтарони ҳунарманд зиёданд. Бояд чунин ганҷинаҳоро кашф карда, донишу малака ва ҳунару истеъдодашонро барои пешрафти ҷамъият самаранок истифода бурд.
Ба гуфтаи Гулнора Нуралиева, аз ҳисоби духтарон тайёр кардани кадрҳои соҳаи иқтисодиёт талаби замон аст. Зеро бонувон табиатан эҳёгаранд ва иродаи хоси ба танзим даровардани хонаву коргоҳҳоро доранд. Асоси мушкилоти иҷтимоии оилаҳои мо хонашинии занон мебошад.
Падидаҳо пинҳон мемонанд
Мо бояд аз андешаҳои харобе, ки солҳои дароз боз пойбандашон ҳастем, халос шавем. Барои ба минбар баровардани бонувони кордон тамоми шароитҳо муҳайёянд. Аз имкониятҳои баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа бояд самаранок истифода барем. Бояд тариқи омӯзишҳои кӯтоҳмуддат ба бонувон асосҳои иқтисодию иҷтимоии зиндагиро омӯхт.
Офтобхон Розиқзода - директори гимназияи давлатии ноҳия иброз медорад, ки барои таъмини баробарии гендерӣ дар ҷамъият наслҳоро бояд аз синни мактабхонӣ омода кард. Ҳамчунин, мебояд, ки духтарони хушзеҳнро аз синни хурди мактабӣ ба фанҳои дақиқ ҷалб бисозем, то дар дилашон ба касбҳои хоси заҳмати занон – молиёт, иқтисод, банк ва ғайра шавқу рағбат пайдо шавад.
Мутаасифона, дар Тоҷикистон институтҳои дарёфтану тайёр кардани чунин мутахассисон натанҳо фаъол нестанд, балки ба назар мерасад, ки умуман вуҷуд надоранд. Ин аст, ки мисли Парвина Маҳмадова даҳҳо нафар бонувони соҳибистеъдод дар музофоти кишвар умри худро дар саҳрои пахта сипарӣ мекунанд. Дар ҳоле ки дар сатҳи мамлакат ҷомеа ба самараи ҳунару малакаи чунин ҳунармандон сахт ниёз дорад.
Ҷамолиддин Сайфиддинов