Чанде пеш як ҳайати Тоҷикистон, иборат аз намояндагони корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии кишвар, дар яке аз маъруфтарин намоишгоҳҳои ҷаҳонии соҳа – намоишгоҳи матоъ ва тавлидоти нассоҷиву дӯзандагии “Интертекстайл Шанхай-2010” иштирок кард. Сафар ба Шанхай дар чаҳорчӯби барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» сурат гирифт ва дар соли ҷорӣ дуввумин сафар буд. Сафари нахуст ба Париж сурат гирифт. Барномаи мазкур аз ҷониби Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) амалӣ ва аз ҷониби Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) маблағгузорӣ мешавад.
Таъмини рӯзгор бо нӯги сӯзан
Бо анҷоми октябр моҳи нахустини кории Қурбонбӣ Ризоева низ паси сар шуд. Холаи Қурбонбӣ дар панҷоҳсолагии худ ришта ва сӯзан ба даст гирифта, паси мошинаи дӯзандагӣ нишаст ва таҷрибаи чанд даҳсола дар хона андӯхтаи худро акнун дар корхонаи “Дилором” ба кор мебарад. Мегӯяд, ки дар хона нишаста, фармоиш ёфтан кори осон набуд ва бо омаданаш ба корхонаи дӯзандагӣ ҳадди ақал маоши собит ва кори пайваста дорад. Сесад-чаҳорсад сомоние, ки ӯ дар як моҳ кор хоҳад кард, ба буҷаи оилаи ба мисли аксари оилаҳои тоҷикӣ серфарзанд ёрии назаррас хоҳад буд. “Нарху навои бозорро бинед” – бо як ҷумла сабаби дигари ба кор баромадани худро мефаҳмонад холаи Қурбонбӣ, ки дар муқоиса бо бисёре аз занҳо кам сухан мегӯяд. Камҳарфиаш сабаб ҳам дорад – ӯ бояд зудтар ба сари мизи дӯзандагияш баргардад.
Холаи Қурбонбӣ дар яке аз ҳашт курсии нави корӣ, ки корхонаи хусусии дӯзандагии “Дилором” муҳайё кардааст, мешинад. Ин ҳашт ҷойи нави корӣ шояд барои хонандаи ноогоҳ кам аҳамият дошта бошад, аммо ба касе, ки аз вазъи бозори кор дар Тоҷикистон огоҳ аст, ҳарфи зиёд мегӯяд. Ҳашт ҷойи нави корӣ аз он мегӯяд, ки ҳашт бонуи дигари тоҷик имкон ёфтанд дастурхони худро пуртар кунанд ва хотирашон то андозае ҷамътар бошад.
Шовалӣ Давлатов, мудири корхонаи “Дилором”, мегӯяд, ки дар баробари афзоиши талабот дар пайи беҳтар шудани сифати маҳсулот ниёз ба дӯзандаҳои нав ҳам бештар шуд. “Дилором” корхонаи оддии дӯзандагист, ки тақрибан 60 нафар, аксаран занонро ба кор ҷалб кардааст. Дар мисоли ин корхона метавон бисёре аз мушкилоту дастовардҳои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагиро мушоҳида кард. Сарвари он ҳашт ҷойи нави кориро аз дастовардҳои корхонаи худ медонад ва дар ин муваффақият барномаи Маркази байнулмилалии тиҷоратро низ саҳим медонад.
Ёрӣ ба нассоҷону дӯзандагон
Маркази байнулмилалии тиҷорат (МБТ) як оҷонси ҳамкории фаннӣ мебошад, ки муштаракан аз ҷониби Конфронси Созмони Милал оид ба тиҷорат ва рушд (UNCTAD) ва Созмони ҷаҳонии тиҷорат (WTO) таъсис шудааст. Дафтари марказии Маркази байнулмилалии тиҷорат дар шаҳри Женева ҷойгир аст. Ҳадафи МБТ ёрӣ ба кишварҳои рӯ ба рушд ва кишварҳои дар ҳоли гузариш ҷиҳати пешбурди бахши тиҷорат ва содироташон мебошад. Барои иттилои бештар дар бораи фаъолияти МБТ дар Тоҷикистон ба намояндагии ин созмон дар шаҳри Душанбе раҳсипор мешавем.
Аз ҷониби МБТ лоиҳае бо номи “Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон” амалӣ мешавад, ки он ба хотири рушди собит ва гуногунсозии маҳсулоти содиротӣ дар ин кишвар тарҳрезӣ шудааст. Ин лоиҳа ба рушди имконоти миллии тараққии тиҷорат бо роҳи кӯмак ба ниҳодҳои хидматрасон ва ҳалли масоили сохторӣ равона гардидааст. Маблағгузории онро Идораи давлатии Швейтсария дар умури иқтисод (СЕКО) ба дӯш гирифтааст. Ҳадафи аслии ёрии СЕКО ба кишварҳои рӯ ба рушд ва дар ҳоли гузариш мусоидат дар коҳиши мизони фақр ва пайвастан ба иқтисоди ҷаҳонӣ мебошад. Айни ҳамон ҳадафе, ки Маркази байнулмилалии тиҷорат дар тӯли ҳашт соли фаъолияти худ дар Тоҷикистон дунболагир аст.
Саидмӯъмин Камолов, раҳбари лоиҳа, бо чойнику пиёлаи тоҷикӣ ба наздамон медарояд ва мо ҳам варақаҳои иттилоотии ниҳоди ӯро, ки бо забони тоҷикӣ таҳия шудаанд, яксӯ гузошта, ба сухани худаш гӯш меандозем: «Лоиҳаи нав, ки моҳи сентябри соли 2009 оғоз шудааст, ба таҷрибаи ҳаштсолаи фаъолияти МБТ дар Тоҷикистон, ба саноати нассоҷӣ ва дӯзандагии ҷумҳурӣ таваҷҷӯҳ дорад. Дар сурати боло бурдани рақобатпазирии маҳсулот ва истифодаи беҳтари иқтидорҳо он метавонад ба яке аз муҳимтарин соҳаҳои иқтисоди Тоҷикистон мубаддал шавад ва на танҳо бозори дохилиро бо маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагӣ таъмин кунад, балки иқтидор дорад, ки дар бозорҳои беруна, махсусан Русия, мавқеъи кишварҳои дигарро танг созад.”
Роҳ ба бозорҳои ҷаҳонӣ
Бино ба маълумоти расмӣ, дар Тоҷикистон 20 корхонаи нассоҷӣ ва тақрибан 30 корхонаи дӯзандагӣ мавҷуд аст, ки бештаринашон бо иқтидори кам фаъолият мекунанд. Таври маълум, дар ҳоли ҳозир танҳо 15-20 дарсади нахи пахтаи кишвар дар дохили ҷумҳурӣ коркард мешавад. Ба гуфтаи коршиносон, аз фурӯши як тонна нахи пахта ба буҷаи кишвар 135 доллар андоз дохил мешавад. Вале агар як тонна нахи пахта дар дохили кишвар коркард шавад, бино бар маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, миқдори андози ворида аз ҳар тонна то ба 600 доллар боло меравад.
Мутаассифона, корхонаҳое, ки бо ҷалби сармояи хориҷӣ таҷҳизоти фаннияшонро нав кардаанду сифатро мувофиқи меъёрҳои ҷаҳонӣ ба роҳ мондаанд ва либоси дӯхтаашонро ба бозорҳои Русия ва Аврупо мебаранд, хеле камшуморанд: “Гулистон”-у “Текстил Сити” – ду корхонае ҳастанд, ки асосан аз пахта ва матоъи ҷинс мувофиқи мӯди замон либоси мардонаву занона ва кӯдакона истеҳсол мекунанд. Корхонаҳои хурдтари соҳа, ба мисли “Дилором”, ки дар оғоз дар борааш сухан кардем ва ё коргоҳи “Суман”, ки ба гуфтаи мудиронашон, фаъолияташон аз фармоишоти муштариён вобаста аст, бо истифода аз зардӯзиву гулдӯзӣ ва сӯзаниву дигар ҳунарҳои миллӣ бештар либосҳои занона медӯзанд. Дар ҳамаи ин корхонаҳо одатан занони тоҷик ба машғуланд. Боло бурдани донишу малакаи кормандон, афзудани иқтидори тавлидии корхонаҳо, беҳбуди сифати маҳсулот метавонад роҳро ба бозорҳои беруна кушояд. Гузашта аз ин, маҳсулоти бо сифати беҳтар дар бозори дохилӣ ҳам харидор пайдо мекунад тавлидотро афзоиш медиҳад ва ин боис мешавад, ки мардуми бештар, махсусан занҳо бо ҷойи кор таъмин шаванд. Ин раванд метавонад дар содироти кишвар ҳам, ки дар ҳоли ҳозир танҳо ба алюминий ва пахта такя мекунад, таъсири муфид дошта бошад – айни ҳамон ҳадафҳое, ки Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 ва Стратегияи коҳиши сатҳи фақр дар кишвар дунболагирашон ҳастанд.
Стратегияи “табассум дар лаби ҳар як зан”
Чун аз стратегияҳо сухан рафт, бояд инро ҳам илова намуд, ки дар муддати ҳамагӣ як сол дар чаҳорчӯби барномаи мазкур ва бо иштироки бевоситаву талошҳои пайвастаи масъулони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ва бахши хусусӣ Стратегияи рушди содирот барои соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон таҳия шуд ва он аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон дастгирӣ ёфт.
Анна Швартс, масъули барномаҳо дар созмони маблағгузори “Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон” – СЕКО, дар он сӯи гӯшии телефон талош мекунад, то маро мӯътақид бисозад, ки таҳияи стратегия танҳо ҳалқае дар занҷираи ёриҳои фаннӣ ва омӯзишӣ ба соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон мебошад. Дар ин як соли охир маълумотномаи мухтасари соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагии Тоҷикистон таҳия гашта, тадқиқоти бозори маҳсулоти нассоҷӣ ва дӯзандагии Русия низ анҷом ёфт ва ба корхонаҳову ниҳодҳои марбута дар ҷумҳурӣ тақсим шуд, сафарҳои пурсамар ба намоишгоҳҳои байнулмилалӣ дар ватани мӯд – Париж ва Маркази тавлидоти ҷаҳонӣ – Шанхай сурат гирифтаанд. Мушовирони байнулмилалии МБТ ба Тоҷикистон меоянд, то ба корхонаҳои нассоҷӣ ва дӯзандагии кишвар ҷиҳати боло бурдани сатҳи рақобатпазирӣ, дарёфти роҳ ба бозорҳои беруна ва таҳкими мавқеъашон дар онҳо ёрӣ бидиҳанд.
Роҳ ба сӯи бозорҳои беруна ҳамвортар хоҳад буд, агар корхонаҳо аз лиҳози сифат ва тарҳ (дизайн)-и маҳсулот бо гароишҳои навтарин дар мӯди ҷаҳонии либос ҳамқадам бошанд, аз равандҳои замонавии маркетинг (бозорёбӣ) ва менеҷмент (мудирият) огоҳтар шаванд ва талош бикунанд, ки ибораи “Made in Tajikistan” ҳар муштариро ба хариди он маҳсулот водор бисозад. Пешниҳоди ҷомаи зардӯзӣ бо дӯхти замонавӣ орзӯи барномаи “Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон” мебошад, ки дар назди худ ҳадаф гузоштааст, то анҷоми марҳилаи охирини лоиҳааш дар моҳи декабри соли 2012 ду даст пеши бар дар хидмати соҳаи нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, аз ҷумла бонувони дӯзандаи кишвар бошад.
Шаҳноз КОМИЛЗОДА