Маҳсулоти пахтагӣ
бо бренди «Асл»
Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иӌтимоӣ ва таъсиси ӌойҳои корӣ аз ӌониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саноатикунонии босуръати кишвар ҳадафи чоруми миллӣ эълон гардид. Ин аст, ки дар мамлакат теъдоди корхонаҳои истеҳсолӣ рӯ ба афзоиш аст.
ӋДММ «Роҳи Сафед»-и ноҳияи Ӌаббор Расулов яке аз коргоҳҳоест, ки моҳи октябри соли 2018 аз ӌониби соҳибкор Хуршед Муъминов бунёд ёфта, бо бренди «Асл» маҳсулоти пахтагӣ, аз қабили куртаҳои таҳпӯш, футболкаҳои мардона ва соякулоҳҳои кӯдаконаро истеҳсол ва ба фурӯш мебарорад. Он дар ноҳия ягона коргоҳест, ки ба истеҳсоли маҳсулоти сирф пахтагӣ машғул аст. Маҳсулоти коргоҳ ба хориҷи кишвар низ содирот карда мешавад. Дар ин коргоҳ бештар бонувони хонашин ба кор ҷалб гардидаанд, ки ба ин тариқ, онҳо дар ғанӣ гардондани буҷети оилавӣ саҳм мегузоранд.
Дар оғоз 12 бону ба кор ҷалб ва ҳар кадоме бо мошинаҳои дарздӯзӣ ва оверлок таъмин гардид. Тамоми техника ва таҷҳизоти зарурии корхона аз Ӌумҳурии Мардумии Чин дастрас шудаанд, ки арзиши ҳар кадоми он аз 5 то 7 ҳазор сомонӣ мебошад. Ҳамчунин, мошинолот барои часпондани барчаспҳову пора кардани либос низ мавҷуд аст, то маҳсулот ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ карда шаванд.
Барои боло бурдани сифатнокӣ ва таҷрибаи тахассусии бонувон роҳбари корхона, ки бо яке аз коргоҳҳои дӯзандагии Ӌумҳурии ӯзбекистон робитаи зич дошт, мутахассисонро ба Тоҷикистон даъват намуд. Тайи чанд муддат бонувон аз нозукиҳои пора кардан ва дӯхтани куртаҳои таҳпӯш ва футболкаҳо бархӯрдор шуданд. Баъдан, худи роҳбари дӯзандагони ин коргоҳ ба кишвари ҳамсоя рафта, муддате аз нозукиҳои ҳунари дӯзандагӣ таҷриба ва аз дӯхти либосҳои кӯдакона низ ба хубӣ огаҳ шуд. Имрӯзҳо ин бонуи ботаӌриба малакаҳои андӯхтаи хешро ба кормандон меомӯзонад.
Фаъолият дар коргоҳ аз соати 8 оғоз ёфта, 17.00 хотима меёбад. Давоми рӯз ҳар бону аз 200 то 400 адад куртаҳои таҳпӯшу футболка медӯзад. Бо ҳосил намудани таӌрибаи зиёд теъдоди либосҳои дӯхтаи бонувон меафзояд. Алҳол корхона дар як моҳ зиёда аз 4 ҳазор куртаҳои таҳпӯш ва футболкаҳо истеҳсол менамояд.
- Албатта, ин теъдод ҳанӯз кам аст. Сабаби асосӣ норасоии мошинаҳои дарздӯзӣ мебошад. Бо фароҳам омадани имконияти молиявӣ дар назар аст, ки теъдоди дастгоҳҳоро то 50 адад расонем. Дар ин сурат, теъдоди бонувони ҳунарманд низ зиёд шуда, истеҳсолот ҳам меафзояд, - иброз дошт Х. Муъминов.
Барои бандубасти либосҳо коргоҳ бо яке аз тарроҳони ҳамсоя ҳамкориро ба роҳ монда, дар борӌомаҳо бо ду забон - тоӌикиву русӣ навиштаӌот ӌой медиҳанд. Айни замон, роҳбарияти ин коргоҳ бо Ӌумҳурии Қазоқистону Федератсияи Россия шартномаи хариду фурӯшро ба роҳ мондааст. Маҳсулоти коргоҳ таҳти бренди «Асл» ва нишону парчами Тоӌикистон ба ин кишварҳо содирот мегардад. Дар бозори дохилӣ низ фурӯши ин маҳсулот ба роҳ монда шудааст. Нархи он нисбат ба пӯшокҳои пахтагии дигар кишварҳо арзон буда, як футболкаи мардона, ки 100 % аз пахта иборат аст, 30 сомонӣ ва куртаҳои таҳпӯш 9 сомонӣ арзиш доранд. Ҳангоми хариди яклухт нархгузории он тағйир хӯрда, футболка 25 ва куртаҳои таҳпӯш 5 - 7 сомонӣ фурӯхта мешаванд.
Малоҳат Набиева, ки то ин дам дар мактаби миёна омӯзгори фанни технологияи таълими меҳнат буд, пас аз ба кор омадан ба ин коргоҳ курси омӯзиширо дар Ӌумҳурии ӯзбекистон гузашта, феълан фаъолияти кормандонро зери назорат мегирад.
- Агарчи собиқаи корӣ доштам, аз нозукиҳои ин пеша ба таври бояду шояд бохабар набудам. Маҳз ин коргоҳ имкон фароҳам овард, то аз мутахассисони ботаҷриба маълумоти бештар гирам. Кунун бар он боварам, ки дӯхти либосҳои мо ба стандартҳои байналмилалӣ комилан мутобиқ аст. Зеро ҳар як миллиметри ашёи хом андоза гирифта мешаваду бо нозукиҳои хос таҳия мегардад, - мегӯяд М. Набиева.
Ғайр аз ин, бонувони чирадаст аз пораҳои боқимондаи матоъҳо каллапӯшҳои кӯдакона таҳия менамоянд, ки дар дохил ва хориҷи мамлакат харидорони худро доранд.
Ҳамчунин, роҳбарияти коргоҳ ба корҳои хайру саховатмандӣ низ камар баста, дар арафаи иду ҷашнҳо каллапӯшҳои зебову мутобиқ ба мӯди замонавиро ба хонаи ятимон хайр менамоянд.
Алҳол дар ӋДММ «Роҳи Сафед» 7 навъи либос истеҳсол ва ба фурӯш бароварда мешавад.
- Дар оянда ният дорем, ки истеҳсоли навъҳои маҳсулотро биафзоем. Дар назар аст, ки барои бонувон низ либосҳои шинаму зебои пахтагӣ таҳия намоем. Барои омода намудани кулоҳҳои сояафкани мардонаву занонаи пахтагӣ аз хориӌи кишвар мошинаҳои махсусро низ фармоиш додаем. Бовар дорам, ки дар фазои орому осудаи Ватан фаъолияти мо, соҳибкорон, рушд хоҳад кард. Зеро Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорони мамлакат имтиёзҳои зиёдеро фароҳам овардаанд, ки аз он мебояд самаранок истифода бурд, - афзуд сарвари коргоҳ Хуршед Муъминов.
Б. АБДУРАҲИМ,
ноҳияи Ӌаббор Расулов