Дар ҳақиқат ҳолати мелиоративии заминҳо бинобар сабаби баланд гардидани оби зеризаминӣ ҷой доранд. Давоми солҳои охир бо истифода аз захираю имкониятҳои дохилӣ ба қадри имкон заҳбуру заҳкашҳои ҳудуди ноҳия, ки масоҳати умумии онҳо беш аз 621 кмро ташкил медиҳад тоза карда шуда истодаанд. Бояд таъкид намуд, ки масъалаи мазкурро наметавон бо як имкониятҳои худи ноҳия ҳал кард, барои ҳалли ин мушкилот дастгирии вазорату идораҳои ҷумҳуриявӣ зарур аст.
Дар масъалаи таъмини оби нӯшокӣ бошад ҳаминро гуфтан мумкин аст, ки дар ин бораи нақша-чорабиниҳо таҳия шуда, бо дасгирии ташкилотҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ давра ба давра мушкилоти мавҷуда ҳал карда мешавад.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои ҳамкориатон дар самти ҳалли мушкилоти мавҷудаи ноҳия ба Шумо арзи сипос намуда, ҳамчунон таъкид менамояд, ки масъалаи мазкур зери назорат қарор дорад ва пас аз муҳокимаи маводи таҳлилию танқидии дар маҷаллаи Шумо дарҷгардида, дар назди масъулини шӯъбаю идораҳои дахлдори ноҳиявӣ вазифаҳои навбатӣ гузошта шудаанд.
У.Т. ЗОИРОВ,
раиси ноҳияи А.Ҷомӣ